Захираҳои обу энержии Тоҷикистон

171
Тоҷикистон асосан дорои нерӯгоҳи обии барқӣ (НБО) мебошад. Барои Тоҷикистон сохтмони НБО ва истеҳсоли қувваи барқ тавасути об ҳам арзону муфид мебошад
Инфографика
© Sputnik / Данияр Асылбек уулу

Тоҷикистон дорои  захираҳои  бузурги нерӯи барқи обӣ - 527 млрд. квт/соат дар як сол мебошад.

Иқтидори захираҳои барқи обии Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи 8-умро пас аз Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада ишғол менамояд. Феълан 95 дарсади барқ дар Тоҷикистон аз об истеҳсол мешавад. Захираҳои асосии энержии барқи обӣ дар дарёҳои Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон ҷойгир аст.

Дар ҳоли ҳозир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 НБО-и бузургу миёна амал мекунад, ки нисбатан бузургашон инҳо мебошанд:

1.    НБО Қайроқум дар Сирдарё соли 1940 ба нақша гирифта шуда, соли 1957 ба кор дода шудааст.

2.    НБО Бойғозӣ дар дарёи Вахш соли 1970 ба нақша гирифта, соли 1986 фаъолиятро бо иқтидори 150 МВт ва истеҳсоли 2,5 млрд.кВт. дар як сол оғоз намуд.

3.    НБО Норак дар дарёи Вахш буда, 75% қувваи барқи ҷумҳуриро алҳол истеҳсол менамояд. Иқтидораш 3000 МВт буда, дар як сол 1,2 млрд.кВт.с барқ истеҳсол карда истодааст.

4.    НБО Сангтуда-1 дар дарёи Вахш буда, бо ҳамкории Федератсияи Русия сохта шудааст.

5.    НБО Сангтуда-2 дар дарёи Вахш буда, бо ҳамкории Эрон сохта шудааст.

6.    НБО Помир-1 дар дарёи Ғунт буда, ба нақша соли 1980 гирифта шуда соли 2005 сохтмонаш ба итмом расидааст,

-       НБО Роғун дар давраи сохтмон қарор дорад.

Ҳамчунин дар ҳудуди 283 НБО-ҳои хурд фаъолият доранд.

Яке аз иншооти калонтарин дар Осиёи Марказӣ ин НОБ Роғун мебошад, ки сохтмони он  соли 1976 оғоз шудааст. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 чархаи 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17,1 млрд. кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад.

171