Маошу нафақа дар Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2018 чи қадар боло меравад?

932
(Таҷдидшуда 15:06 20.08.2018)
Фармони навбатии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти рақами 1084 ба имзо расид
Маошу нафақа
© Sputnik / Данияр Асылбек уулу

Тибқи фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, дар Тоҷикистон аз 1 сентбяр ҳаҷми маоши ходимони давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия зиёд карда мешавад.

Ҳамин тавр, маоши кормандони соҳаи маорииф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, идораҳои давлатӣ, мақомоти судӣ, доситонӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, стипендия 15 дарсад зиёд карда мешавад.

Музди изматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 10 фоиз баланд хоҳад шуд.

Андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ 15,4 фоиз ва андозаи ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол 13,5 фоиз зиёд шуда, мутаносибан ба андозаи 180 сомонӣ ва 850 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Ин фармони раисҷумҳур, имрӯз, 14 август дар сомонаи расмии президенти Тоҷикистон мунташир шудааст.

932
Барчаспҳо:
болоравӣ, Раҳмон, маош, имзо, нафақа, фармон, Тоҷикистон, Тоҷикистон

Рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон

213
(Таҷдидшуда 15:05 15.10.2020)
Ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон ва ҳаҷми маҳсулоти пешниҳодкардаи онҳо чӣ гуна тағир ёфтанд - ба инфографикаи Sputnik Тоҷикистон нигаред
Хоҷагиҳои деҳқонӣ
© Sputnik

Дар Тоҷикистон дар 20 соли охир ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ хеле афзудааст.

Бояд гуфт, ки 93 дарсад қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Дар айни замон, масоҳати умумии барои зист мувофиқ каме бештар аз 140 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад ва тақрибан 5,5 километри мураббаъ барои зироаткорӣ мувофиқ аст.

Дар аввали моҳи январи соли 2020 дар ҷумҳурӣ 171,9 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуд буданд. Нисбат ба соли 2014 шумораи онҳо 2,7 маротиба афзудааст.

Инчунин бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон тақрибан 60% қувваи кории кишоварзиро занон ташкил медиҳанд. 

Ҳамин тариқ, дар тӯли 6 сол шумораи занони роҳбар тақрибан се маротиба афзудааст, имрӯз беш аз 38 ҳазор зан роҳбар шуданд.

Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи озуқаворӣ ва кишоварзӣ (FAO) дар Тоҷикистон чунин мешуморанд, ки эътирофи нақши муҳими занон дар соҳаи кишоварзии кишвар ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар деҳот мусоидат хоҳад кард.

Трактор барои деҳқонон: Тоҷикистон ҳоло ҳам ба техникаи нави кишоварзӣ ниёз дорад

Аз рӯи миқдори маҳсулоти кишоварзии истеҳсолнамудаи хоҷагиҳо, ҷои аввалро вилояти Хатлон ишғол мекунад.

Дар соли 2019 вилоят ба маблағи 14,4 миллион сомонӣ маҳсулот фурӯхтааст. Аз ин 10 миллион сомонӣ ба зироаткорӣ ва беш аз 4 миллион ба чорводорӣ рост меояд.

Дар ҷои дуюм аз рӯи истеҳсолот вилояти Суғд - 8,1 млн.

Хатлон инчунин дар истеҳсоли пахтаи хом пешсаф аст. Соли гузашта дар он ҷо зиёда аз нисфи пахтаи ҷумҳурӣ - зиёда аз 266 ҳазор тонна ҷамъоварӣ карда шуд.

Инчунин бояд қайд кард, ки баъзе омилҳое, ки ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ халал мерасонанд.

Аз ҷумла гарон будани нархи техникаи кишоварзӣ, рушди сусти шабакаи миёнарав, низоми сусти қарздиҳӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин сатҳи пасти тайёрии соҳибкорон мебошад.

213
Барчаспҳо:
хоҷагиҳои деҳқонӣ, рушд, Тоҷикистон

Натиҷаи интихоботи президентии 2020 дар ҶТ

1650
(Таҷдидшуда 11:24 12.10.2020)
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистонро эълон кард

Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр баргузор шуд.

Аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Эмомали Рахмон в день выборов Таджикистана
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Ба ҷонибдории номзади Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзода 127, 72 овоз яъне 3,3 %, Ҳизби сотсиалист Абдуҳалим Ғаффорзода 62, ҳазору 835 овоз 1, 49%, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Рустам Раҳматзода 90 ҳазору 587 овоз,  2,19 % ва Ҳизби коммунистӣ Мироҷ Абдуллоев – ҳамагӣ 49 ҳазору 212 овоз яъне 1, 17 %-и интихобкунандагон овоз доданд.

Бино ба маълумоти КМИР, дар интихоботи президенти Тоҷикистон аз шумори умумии 4 млн. 221 ҳазору 76 - нафар интихобкунадагон 85,39%-и интихобкунандагон ширкат карданд.

Ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 122 нафар нозирони байнулмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ), ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф оварданд.

1650
Барчаспҳо:
президентӣ, интихобот, натиҷа, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020

Тавсифи Зеленский аз Раҳмон: сазоворед

0
(Таҷдидшуда 23:54 22.10.2020)
Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати интихоб шуданаш ба мансаби президентӣ барқияи шодбошӣ ирсол кардааст

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Тавре котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон менависад, раисҷумҳури Украина кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати пирӯзӣ дар интихобот муборакбод гуфта, ба Эмомалӣ Раҳмон муваффақият таманно кардааст ва ӯро чун роҳбари сазовор ба боварии мардуми Тоҷикистон тавсиф кардааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

"Ғалабаи Шумо дар интихоботи кунунӣ далели боварии мардуми тоҷик ба Шумо ва дастгирии васеи роҳи интихобкардаи сиёсиву иҷтимоии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,-  таъкид кардааст вай.

Раисҷумҳури Украина афзудааст, "аз номи мардуми Украина ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям".

Зеленский изҳори умедворӣ кардааст, ки минбаъд, муносибатҳои Тоҷикистону Украина ба сатҳи нав мебароянд.

Раҳмон ба Зеленский: мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстӣ назари нек дорем

"Аз ин фурсати хурсандибахш истифода бурда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва дар фаъоляти пурмасъулиятатон минбаъд ҳам муваффақият, ба мардуми дӯсти тоҷик бошад, сулҳ, ризоият ва шукуфоӣ орзумандам", - гуфтааст дар анҷом вай.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, ҳамчунин аз номи резиденти Венгрия, Янош Адер ва Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Ҷейр Месиас Болсона ба Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ расидааст.

0