Барои гусели кӯдак ба мактаб дар Тоҷикистон чанд пул масраф мешавад?

Обуна шудан
Якуми сентябр – оғози соли хониш, наздик шуд. Мактаббачаҳо баъди истироҳати тобистона, боз барои рафтан ба мактаб омодагӣ мебинанд. Sputnik Тоҷикистон масрафи як талабаро барои мактаб ҳисоб кард

Ягон талаба бидуни навиштафзорҳову кулбор наметавонад ба мактаб биравад. Ҳар як мактаббача барои харидории навиштафзорҳо тақрибан 100 сомонӣ масраф мекунад. Арзиши кулбори сифати миёна низ 100 сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин, 1 сентябр волидайн барои муаллимаи фарзанд як гулдаста мехаранд, ки арзишаш тақрибан 25 сомонӣ мебошад.
Масрафи духтарон барои мактаб бештар аз бачаҳост. Ба ғайр аз шалвору курта духтар бояд сарафан (265 сомонӣ), доман (80 сомонӣ), блузка (57 сомонӣ) ва кафш (85 сомонӣ) низ бихарад.

Барои бачаҳо кафш (85 сомонӣ), кафши варзишӣ (80 сомонӣ), шалвор (100 сомонӣ), курта (57 сомонӣ), пиҷак (165 сомонӣ) ва ҷуроб (3 сомонӣ) лозим аст.

Дар Душанбе лавозимоти мактабиро метавон аз бозори Меҳргон харид кард, ки дар он намоишгоҳи мактабӣ аллакай оғоз шудааст.

Аммо ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сифати сарулибоси мактабие, ки дар корхонаҳои пойтахт истеҳсол мешаванд, интиқод кард.

Раисҷумҳур таъкид кард, ки волидайни хонандагон аз сифат ва тарҳи дӯхти либосҳои мактабӣ қаноатманд нестанд ва бо ин сабаб қисми зиёди либосҳо дар анборҳо боқӣ мондааст. 

Лентаи хабарҳо
0