Захираҳои обии Тоҷикистон

208
(Таҷдидшуда 12:02 10.09.2018)
Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал қарор дорад ва дар шароити ҳозира ҳамагӣ 4%-и он истифода мешавад
Захираҳои обии Тоҷикистон
© Sputnik / Асылбек уулу Данияр

Шароити табиию иқлимӣ ва релйефи ҷумҳурӣ бештар барои коркарди неруи барқ мусоид мебошад.

Дар шароити ҳозира аз захираҳои мавҷудбудаи гидроэнергетикӣ, яъне 527 млрд кВт соат ҳамагӣ 4 дарсади он истифода мешавад, ки дар ҳаҷми 17,2 млрд.кВт-соат арзёбӣ мегардад.

Соли 2015 аз ҶумҳурииТоҷикистон ба хориҷи кишвар 1, 4 млрд. кВт соат нерӯи барқ дар фасли тобистон содир ва танҳо дар фасли сармо 63 млн кВт —соат нерӯи барқ ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетики мамлакат ҳоло 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 10 миллиард сомонӣ татбиқ мешавад.

Ҳамин тавр, истифодаи самараноки захираҳои обӣ-энергетикӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон дар ояндаи наздик мусоидат хоҳад кард.

208
Барчаспҳо:
дарё, Тоҷикистон, нерӯгоҳи барқобӣ, неругоҳ, об, захира, Тоҷикистон