Ҷадвали қатъи об дар маҳалҳои Душанбе

569
Аз 4 то 19 октябр обрасонӣ дар бархе аз хиёбону маҳаллаҳои пойтахт муваққатан қатъ мешавад
© Sputnik / Асылбек уулу Данияр

Ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳр, аз соати 23-00 рӯзи 4 октябр то соати 24-00 рӯзи 5 октябр аз истгоҳи "Кофарниҳон" обрасонӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская-1,2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик ва Абдуллоев Наҷмиддин;

— ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаҳои Назаршоев, Қаротеғин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Мастонгулов, Фучик, Карин Манн, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то КВД меҳмонхонаи "Душанбе" ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши КВД "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон ва комбинати коркарди чӯб қатъ мешавад.

Инчунин аз соати 23:00 рӯзи 11 октябр то соати 24:00 рӯзи 12 октябр аз истгоҳи "Ҷанубӣ-Ғарбӣ" обрасонӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои 43, 64, 65, кӯчаҳои Борбад ва Фирдавсӣ;

— ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, 32, 33, 52, 53, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев ва Ханжин қатъ мешавад.

Мақомоти шаҳр аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикр-гардида хоҳиш карда намудааст, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира намоянд.

Гуфта мешавад, ки обрасонӣ бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе"қатъ мешавад.

569
Барчаспҳо:
сокинон, обрасонӣ, Душанбе, қатъ, маҳдудият, об