Тақвими таътили толибилмони мактабҳои Тоҷикистон

377
(Таҷдидшуда 15:54 23.10.2018)
Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи нави таътили мактаббачагонро барои ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар тасдиқ кардааст
Таътилҳои мактабӣ дар соли хониши 2018-2019 дар Тоҷикистон
© Sputnik / Данияр Асылбек уулу

Соли таҳсили 2018-2019 дар Тоҷикистон барои мактаббачагон 36 ҳафтаи таълимӣ (барои синфҳои якум 35 ҳафта)-ро дар бар гирифта, ба чор чоряк тақсим мешавад.

Чоряки якум: аз 1 сентябр то 31 октябр;

Чоряки  дуюм аз 11 ноябр то 31 декабр;

Чоряки сеюм аз 11 январ то 20 март;

Чоряки чорум аз 1 апрел то 14 июн;

Таътилҳои соли хониш ба рӯзҳои мазкур рост меоянд:

тирамоҳӣ: аз 1 то 10 ноябр (10 рӯз);

зимистона: аз 1 то 10 январ (10 рӯз);

баҳорӣ: аз 25 то 31 март (7 рӯз);

тобистона: пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия (14-уми июн) то 31 август. Хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил (7 июн) ба таътил мебароянд.

Қарори мазкур аз 25-уми сентябри соли 2018 аз ҷониби  Ҳукумати Тоҷикистон ба тасвиб расидааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2010 дар Тоҷикистон таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ аз байн бурда шуданд. Ба гуфтаи мақомот, ин иқдом бо далели рӯ ба рӯ шудани сокинони Тоҷикистон бо мушкилии барқ дар зимистон вобаста буд.

Чанде пеш Вазорати маорифи Тоҷикистон эълом кард, ки таътил ва чорякҳоро ба мактабҳои кишвар бармегардонад.

377
Барчаспҳо:
душанбе, мактаббачагон, талабагон, мактаб, таътил, Тоҷикистон