НБО "Роғун" бо рақам

475
(Таҷдидшуда 19:44 26.11.2018)
© Sputnik / Асылбек уулу Данияр

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷуҳури Тоҷикистон 16 ноябри соли равон дар ҳузури намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва коргарони нерӯгоҳи “Роғун”  бо пахши тугмача чархаи аввали НБО-ро ба кор даровард.

Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии дар Осиёи Марказӣ калонтарин - Роғун соли 1976 сар шуда буд. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд.

Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17,1 млрд кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад.

475