Арзиши патент барои муҳоҷирон дар Русия дар соли 2019

1313
Арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ сол аз сол тағйир меёбад, нархи патентро мақомоти субъектҳои Русия муқаррар мекунанд
Нархи патенти муҳоҷирон барои соли 2019 дар Русия
© Sputnik / / Данияр Асылбек уулу

Доштани патенти меҳнатӣ – яке аз шартҳои ҳатмӣ барои ба кор қабул кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Русия мебошад.

Пеш аз ҳама ин санад барои шаҳрвандони Украина, Озорбойҷон, Молдова, Узбакистон ва Тоҷикистон зарур аст.

Ба даст овардани патент, агар ҳамаи санадҳоро сари вақт ҷамъоварӣ карда бошеду барои тамдиди он дар сари вақт талош намоед, мушкил нест.

Ҳамасола минтақаҳои Русия арзиши патентро барои муҳоҷирони меҳнатӣ бо иловаҳои нав муқаррар мекунанд. Дар аксари минтақаҳо арзиши патент боло меравад.

Дар соли 2019 патенти аз ҳама гарон дар Ҷумҳурии Ёқутистон ва арзонтарин дар Ҷумҳурии Олтой муқаррар шуда буд.

Дар Маскав нархи патент барои соли 2019, 5 ҳазор ва дар вилояти Маскав 4750 рубл муайян шудааст.

Мақомоти Русия болобарии нархи патентро бар он вобаста медонанд, ки кишвар ба муҳоҷирони меҳнатие, ки дорои маълумоти олӣ ва мутахассиси соҳа мебошанд, ниёз дорад.

Маблағи аз ҳисоби патент ҷамъовардашуда ба буҷаи Русия ворид мегардад ва дар ниёзҳои иҷтимоии кишвар масраф мешаванд.

Нархи Патент дар минтақаҳои дигари Русияро метавонед дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон назар намоед.

1313