Дар соли 2019 ҷаҳонро чӣ интизор аст

513
(Таҷдидшуда 12:24 16.01.2019)
Ғайр аз ҷашнҳои ҳамасола дар соли 2019 дигар чорабиниҳои ҷолиби диққат дар соҳаҳои сиёсат, илм, фарҳанг ва варзиш баргузор мегарданд
Моро дар соли 2019 чӣ интизор аст
© Sputnik / / Данияр Асылбек уулу

Соли 2019 оғоз шуд.

Бо қарори Ассамблеяи генералии СММ соли 2019 Соли байналмилалии ҷадвали даврии элементҳои химиявӣ эълон шуд.

Дар Русия соли 2019 Соли театр эълон шуд.

Дар Тоҷикистон солҳои 2019-2021 расман Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуданд.

Дар ҷаҳон кадом ҳодисаҳои муҳим дар соли 2019 дар назар гирифта шудаанд метавонед дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.

Январ

Дастгоҳи таҳқиқоти байнисайёравии НАСА New horizons аз назди камарбанди койпера Ultima thule 2014 MU69 бо муваффақият парвоз кард.

Қарори Амрико дар бораи хуруҷи кишвар аз ЮНЕСКО амалӣ мешавад.

Дар АМА 17-ум Ҷоми футболи осиё оғоз шуд.

 Феврал

Дар Русия қатъи телевизионҳои аналогӣ  дар назар аст.

Март

Дар Красноярск 29-умин мусобиқаҳои зимистонаи ҷаҳонӣ баргузор мегардад.

Ҷопон қаҳрамонии рақси рӯи яхро қабул мекунад.

Хуруҷия Англия аз Иттиҳоди Аврупо дар назар аст.

Апрел

125-ум императори Ҷопон Акихитои 83-сола мехоҳад аз тахт даст кашад.

Май

Дар Словакия қаҳрамонии  чавгонбозии ҷаҳон баргузор мегардад.

Июн

Дар Беларус дуюмин бозиҳои аврупоӣ баргузор мегарданд , ки мусобиқоти муқаддамотии Бозиҳои олимпӣ-2020 ба ҳисоб мераванд.

Июл

Дар Чили,  Аргентина ва ҷанубу шарқии Уқёнуси Ором  гирифти офтоб дар назар аст.

Август

Дар Неополи Италия 30-юмин мусобиқаҳои тобистона баргузор мегардад.

Сентябр

Дар Ҷопон Чемпионати ҷаҳон оид ба регби дар назар аст.

Декабр

Дастгоҳи кайҳонии “Хаябуса-2” аз астероиди 1999 JU3 ба замин бармегардад.

Дастгоҳ намунаҳои хоки кайҳонро бо худ меорад.

Санаи расидани дастгоҳ моҳи декабри соли 2020 дар назар аст.

Дар Русия ифтитоҳи роҳи оҳан ба воситаи гулугоҳи Керч дар назар аст

(қисме аз роҳи Багерово – Вишестеблиевская).  

 

513