Дар Тоҷикистон бо арзиши 1 Гб интернет чӣ метавон харид

526
(Таҷдидшуда 19:01 18.03.2019)
60 дона тухм, 18 кг пиёз, 17 нон, 3 литр лавған ва ё 1,4 кг гӯшти гов – нархи ҳар яке аз инҳо метавонад баробар ба 1 Гб интернети мобилӣ бошад
Дар Тоҷикистон 1 Гб интернетро бо чӣ метавон иваз кард

Аз охири моҳи майи соли 2019 мардуми Тоҷикистонро болоравии нархи интернет ва алоқаҳои  мобилӣ интизор аст.  

Ҳамчунин, аз 27 марти соли равон мувофиқи фармоиши нави Хадамоти зиддиинҳисорӣ “Дар бораи тарофаҳои алоқаи барқӣ” 1 Мб интернети мобилӣ дар Тоҷикистон 5 дирам (0,06 доллар)-ро ташкил медиҳад, як дақиқа гуфтугӯ бо телефон  дар дохили шабака бошад – 10 дирам (0,12 доллар) берун аз шабака – 20 дирам.  

Бо назардошти арзиши ҳозира 1 Гб интернет ба миқдори 30 сомонӣ гарон мешавад ва 63 сомониро (6,69 доллар) ташкил мекунад, як дақиқа гуфтугӯ бошад бо ҳисоби андозҳо – 25 диррам (1,75 доллар).

Sputnik Тоҷикистон ҳисоб карда баромад, ки бо арзиши 1 Гб интернет ва ё 100 дақиқа занги телефонӣ дар Душанбе чӣ харидорӣ кардан мумкин.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, 1 декабри соли 2018 музди миёнаи меҳнат дар кишвар 138 долларро ташкил медод.

Дар Тоҷикистон аз 15 то 40 фоизи аҳолии кишвр аз интернет истифода мекунанд. Мувофиқи маълумоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон имрӯз дар кишвар тақрибан 3 миллион нафар аз интернет истифода менамоянд.

526