Рӯйхати корҳои мамнуъ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия

839
(Таҷдидшуда 19:11 08.04.2019)
Дар баъзе минтақаҳои Русия машғул шудан ба касбу корҳои гуногун барои муҳоҷирони меҳнатӣ манъ карда шудааст
Рӯйхати касбу корҳое, ки дар  ҳудуди русия барои муҳоҷирони  меҳнатӣ мамнуъ шудаанд
© Sputnik / Данияр Асылбек уулу

То рафт дар минтақаҳои мухталифи Русия фаъолияти муҳоҷиронро аз рӯи баъзе кору ихтисосҳо мамнуъ карда истодаанд.

Ахиран ин амалро мақомоти Ҷумҳурии Ёқутистон (Саха) анҷом дода буд. Дар Ёқутистон баъди таҷовузӣ зани маҳаллие аз ҷониби шаҳрванди Қирғизистон дар моҳи марти соли ҷорӣ сару садоҳои балан ба вуҷуд омада буд.

Ба гуфтаи мақомоти Ёқутистон қарори мамнуъи муҳоҷиронро ба фаъолияти меҳнатии муҳоҷирон дар ин минтақа ба зодагони кишварҳои шомили Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар он Қирғизистон ҳам дохил аст, дахл надорад.

Роҳбари Ёқутистон Айсен Николаев қарор “Дар бораи манъи фаъолияти меҳнатии муҳоҷирон дар корҳои гуногун барои соли 2019 дар Ҷумҳурии Ёқутистон”-ро ба имзо расонидааст.

Ҳамин тариқ рӯйхати 33 намуди фаъолият дар соҳаҳои мухталиф дар ин минтақа барои муҳоҷирон мамнуъ дониста шудааст.

Мувофиқи ин қарор муҳоҷирон наметавонанд, дар соҳаҳои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал, тиҷорат, мусофиркашонӣ, фурушандагӣ, илмию техникӣ ва як қатор касбҳои дигар кору фаъолият кунанд.

Аз рӯи кадом касбҳо ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаҳои мухталифи Русия фаъолият манъ шудааст метавонед дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.

839
Барчаспҳо:
бозори меҳнат, меҳнат, музди меҳнат, муҳоҷират, Тоҷикистон, Русия