"Як камаранд, як роҳ" - чигуна иқтисод ними ҷаҳонро пайванд кард

268
Охирҳои моҳи апрел дар Пекин дувумин форуми ҳамкориҳои байналмилалии "Як камарбанд, як роҳ" баргузор гардид. Дар бораи "Як роҳ, як камарбанд" дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон хонед
як камарбанд, як роҳ
© Sputnik / Данияр Асылбек уулу

Мафҳуми "Як камарбанд, як роҳ"-ро Чин барои муттаҳид кардани тарҳҳои "Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим" ва "Роҳи абрешими баҳрии асри 21" пешниҳод кардааст.

Си Ҷинпин ин пешниҳодро бори аввал ҳангоми сафар ба Қазоқистон ва Индонезия дар соли 2013 карда буд.

Мафҳуми "Як камарбанд, як роҳ"дар ҷустуҷӯ, созмон ва рушди модели нави ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Аз ҷумла ба созмони роҳравҳои тиҷоративу иқтисодӣ аҳамияти калон дода мешавад.

Бино бар иттилои расмии Чин, "Як камаранд, як роҳ" қисми бузурги Авруосиёро дарбар мегирад. Гуфта мешавад, дар ин қисми камарбанд тақрибан 63 дар сади аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунад.

Аввалин форуми "Як камарбанд, як роҳ" моҳи майи соли 2017 ар Пекин баргузор гардид. Дар чорабинӣ бештар аз 140 кишвар ва 80 ташкилоти хориҷӣ иштирок доштанд.

Дар форуми дувум сарони 37 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Русия - Владимир Путин иштирок доштанд.

268

Омори сирояту шифоёбӣ аз COVID - 19 дар моҳи июн

114
(Таҷдидшуда 21:01 02.07.2020)
Омори гирифторон, шифоёфтагон ва фавтидагон аз коронавируси навъи COVID - 19 дар моҳи июнро аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед
Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи июн
© Sputnik /

Тибқи додаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми моҳи июн дар Тоҷикистон 2024 нафар ба коронавирус сироя 2564 нафар аз ин беморӣ шифо ёфт ва 5 кас ҷони худро аз даст дод.

Дар умум бино бар омори Вазорати беҳдошти кишвар аз 30 апрели соли равон то 30 июн дар Тоҷикистон 5954 кас гирифтори коронавирус шуда, 4568 нафар шифо ёфтанд ва 52 кас қурбони ин вабои аср гардиданд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ чораҳоеро дар моҳи май роҳандозӣ карда буд, ки бархе аз онҳо бардошта шуданд ва баъзеи дигар ҳамоно фаъол боқӣ мемонанд.

Ҳамин тавр, боғчаҳо ва мактабҳо то 18 август баста буда, донишҷӯён пеш аз муҳлат ба таътил фиристода шуданд. Дар кишвар пӯшидани ниқоб ҳатмӣ буда, масҷидҳо баста шуда, намози дастаҷамъома манъ шуд.

Кадом маҳдудиятҳо дар Тоҷикистон бардошта шуданд

Равуо миёни вилоятҳо ва навоҳии кишвар озод шуд. Баргузории маросими дафн иҷоза дода шуд.

Аз 15 июн дар шаҳри Душанбе фаъолияти бозорҳои либоса, марказҳои савдо, кинотеатрҳо, театрҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн оғоз шуд.

Баргузории маросими арӯсӣ иҷоза дода шуд: бо ширкати на бештар аз 100 меҳмон, пӯшидани ҳатмии ниқоб, дастпӯш ва санҷиши ҳарорати бадан.

Бозии футбол бидуни тамошобин иҷоза дода шуд.

Аз 25 июн барои бозгардонии шаҳрвандони Тоҷикистон, аз Русия ба Тоҷикистон парвозҳои махсус роҳандозӣ шуд. То имрӯз беш аз 600 шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан бозгардонида шуданд.

114
Барчаспҳо:
омор, вируси нав, Тоҷикистон

Даври короно дар Тоҷикистон: кӣ чӣ сабукӣ мегирад?

647
(Таҷдидшуда 23:21 10.06.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон барои ҳифзи бахшҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар дар марҳилаи пандемияи коронавирус бархе имтиёзҳоро ироа кард
Кӯмак ҳангоми пандемия кадом имтиёзҳо ба аҳолии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст
© Sputnik /

Тибқи фармон, Ҳукумат муваззаф шуд,  барои бо варақаҳои корношоямӣ таъмин намудан ва пардохти ҷубронпулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба бемории сироятии СOVID-19 таҳти муоинаи тиббӣ қарор дода мешаванд, чораҷӯӣ намояд.

Нигоҳубини ройгони гирифторони СOVID-19, пардохти кумакпулии яквақтаина дар ҳаҷми як музди меҳнати ҳадди ақал ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, иловапулӣ ба табибон,  боло набурдани нархи неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналӣ то охири соли 2020, пурра намудани захираҳои моддии давлатӣ, аз ҷумла ғалла, тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, заҳрхимикатҳо ва сӯзишворӣ аз бандҳои дигари ин фармон мебошанд.

Инчунин Ҳукумат дастур гирифт,  аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ намояд ва ҳисобкунии фоизҳоро барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ намояд.

Аз 1 май то 1 августи соли 2020 субъектҳои соҳибкории хурду миёна, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд, аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ озоданд. Ааз 1 май то 1 сентябри соли 2020 барои субъектҳои хоҷагидорие, ки дар муҳлати муқарраршуда андози иҷтимоиро пардохт накардаанд, чораҳои ҷавобгарии андозӣ татбиқ намегарданд.

Аз 1 май то 1 августи соли 2020 соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ателеҳои мӯд ва дӯзандагӣ фаъолият менамоянд, аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод мебошанд.

Раисиҷумҳур инчунин дастур дод, ки  нархҳои молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла доруворӣ ва маводи тиббӣ, ниқоб, антисептик, инчунин орд ва маҳсулоти нонӣ, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти лӯбиёгӣ, картошка, собун ва сӯзишворӣ дар кишвар танзим карда шавад.

Инчунин таъкид шудаст, ки масъулин барои таъмини фаъолияти фосилавии мақомоти давлатӣ раванди татбиқи ташаккули ҳукумати электрониро ҷоннок намоянду барои ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ҳамаҷониба мусоидат кунанд.

Ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти соҳибкорӣ ва ё ба кори кироя машғул мебошанд, дар сурати мавҷуд набудани хатари эпидемиологӣ ҳангоми ворид шудани онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани раводид ва иҷозат барои кор ва бақайдгирӣ дар мақомоти дахлдор таъмин карда шавад.

То ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ муҳлати раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро тамдид карда, таҳримҳоро барои риоя нагардидани талаботи қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ нагарданд.

 Бонки миллии Тоҷикистон муваззаф шудаст, барои татбиқ нагардидани ҷаримаҳо нисбат ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва шахсони воқеӣ, ки уҳдадории қарзии худро аз 1 май то 1 октябри соли 2020 аз рӯи қарзҳои муҳлатнок анҷом дода наметавонанд, чораҷӯӣ намояд.

647
Барчаспҳо:
имтиёз, сабукӣ, фармон, вируси нав, Тоҷикистон