Рамазон-2019: тақвими моҳи шариф дар Душанбе ва Маскав

3359
(Таҷдидшуда 17:06 06.05.2019)
Рӯзадорӣ яке аз панҷ рукни Ислом аст, ки барои ҳамаи мусалмонон воҷиб аст. Дар давоми тамоми моҳ, аз тулӯъ то ғурӯби офтоб, нафари муъмин бояд аз хӯрдан, нӯшидан, тамокукашӣ ва наздикшавии шаҳвонӣ дурӣ ҷӯяд
Рамазон-2019
© Sputnik / Данияр Асылбек уулу

Моҳи шарифи Рамазон, имсол аз  6-уми май оғоз шуда, то 4-июн идома мекунад. Агар дар Тоҷикистон давомнокии рӯза 17 соат бошад барои сокинони Маскав вобаста бо тулӯъ ва ғуруби офтоб то 20 соатро ташкил медиҳад.

Ба далели он ки тақвими мусалмонӣ шамсиву қамарӣ ба ҳисоб меравад, ҳар сол ин моҳ 10 рӯз пештар фаро мерасад. Моҳи муборак 30 баъзан 29 рӯзро дар бар мегирад.

Рӯзадорӣ яке аз панҷ рукни Ислом аст, ки барои ҳамаи мусалмонон воҷиб мебошад. Дар давоми тамоми моҳ, аз тулӯъ то ғурӯби офтоб, нафари муъмин бояд аз хӯрдан, нӯшидан, тамокукашӣ ва наздикшавии шаҳвонӣ, дурӣ ҷӯяд. Моҳи мубораки Рамазон — вақти намоз, тавба кардан ва рӯй овардан ба сӯи Худованд аст.

Ҳар рӯзи худро мусулмон бояд аз ният оғоз кунад, ки таъйидкунандаи омодагии доштани рӯза аст. 

Интиҳои моҳи Рамазон бо намозгузории умумӣ машҳур аст, ки пас аз он Иди Фитр, ё Иди Рӯза, ки се рӯз давом мекунад, шурӯъ мешавад. Одамон Худовандро шукр мегӯянд, хешовандон ва дӯстони худро меҳмондорӣ мекунанд. 

Саховатмандӣ, аниқтараш додани садақа, шарти ҳатмии Иди Фитр аст.

Sputnik Тоҷикистон барои рӯзадорон тақвими онро пешниҳод мекунад. Илова бар ин, барои муҳоҷирони Маскав низ реҷаи рӯзадориро омода кардем.

3359
Барчаспҳо:
Маскав, душанбе, тақвими рӯзадорӣ, Тоҷикистон