Собиқадорони ҶБВ дар Тоҷикистон соҳиби кадом имтиёзҳоянд?

139
Мувофиқи қонун дар бораи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштироккунандагони ҷанг соҳиби як қатор имтиёзҳо мебошанд
Имтиёзҳо барои собиқадорони ҶБВ дар Тоҷикистон
© Sputnik / Данияр Асылбек уулу

Собиқадорони ҶБВ дар Тоҷикистон аз ҳама намуди андоз, хизматрасониҳои коммуналӣ, ғайр аз қувваи барқ ва гази моеъ озод мебошанд. Инчунин барои супурдани ҳақи қувваи барқ ва гази моеъ ба маоши онҳо 15 сомонӣ илова карда мешавад.

Ба собиқадорони ниёзманд  хонаи ройгон тӯҳфа карда мешавад.

Бесплатние медикаменти.. – Табобати ройгон дар асоси дастури духтур. Ҳамчунин муҳофизони ватан аз пардохти фоизи қарз барои харидани манзили зист ва беҳтар кардани шароити кулбаи боғдорӣ  барои як маротиба озод мебошанд.

Агар собиқадор дорои ду ва ё зиёда нишони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ё Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, метавонад қитъаи замин барои бунёди манзили истиқоматӣ, кулба боғдорӣ ва гараж мувофиқи муқаррарот ба таври ройгон ба даст оварад.

Собиқадорони ҶБВ инчунин метавонанд аз нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҷумла байнишаҳрӣ ва  табобату таъмири дандонҳои сунъӣ ба таври ройгон  истифодаи баранд.

Инчунин онҳо метавонанд соҳиби роҳхати ройгон ба табобати санаторӣ гардида,  хизматрасониҳои ройгони алоқа, низ истифода баранд.

Ёдовар мешавем, ки аз собиқадорони ҶБВ дар Тоҷикистон 246 нафар дар қайди ҳаёт қарор доранд. Мутаасифона сол аз сол сафи онҳо кам шуда истодааст.

Имсол раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар арафаи Иди Ғалаба собиқадорон бо 5 ҳазор сомонӣ (530 доллар) қадрдонӣ гарданд.  

139
Барчаспҳо:
Иди зафар, ғалаба, ҶБВ, Тоҷикистон