Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ: амалҳои хайр ва мамнӯъ дар Лайлатулқадр

771
(Таҷдидшуда 19:06 24.05.2019)
Шаби 31 май ба 1 июн ”Шаби қадр”яъне шаби бузург ва боазамат (Лайлатулқадр) дар моҳи Рамазон фаро мерасад, ки ба рӯзи 27-уми моҳи Рамазон рост меояд. Ин шаби муҳимтарини сол барои мусулмонон аст, зеро маҳз ҳамин шаб Оллоҳ ба пайғамбар Муҳаммад (с) китоби Қуръонро нозил кардааст
Шаби Қадр
© Sputnik / Данияр Асылбек уулу

Шаби қадр, лайлатулқадр — шаби муайяншавии тақдир, ғолибо шаби 27-уми моҳи рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат медонанд ва гӯё он шаб дуову ибодат зуд иҷобат меёбад

Дар он шаб Қуръони карим бар Пайғамбар Муҳаммад (с) нозил шудааст. Шаби Қадр дар яке аз шабҳои тоқи даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон мебошад, дар Қуръон баён гардидааст, ки он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар мебошад. Дар он шаб аввалин маротиба панҷ ояти сураи Алақ нозил шудааст.

Шаби Қадр (Лайлатулқадр) дар таълимоти дини Ислом аз муқаддастарин шабҳои нафақат моҳи шарифи Рамазон, балки тамоми сол шумурда мешавад. Шаби Қадр аксари мусалмонон то субҳ ба тоату ибодат нишаста, шабзиндадорӣ мекунанд. Ба эътиқоди онҳо, тоату ибодати шаби Қадр назар ба ҳар рӯзи дигари сол савоби ба маротиб бештар дорад.

 

771