Иди Рамазон ҷашни некӯӣ ва накӯкорӣ

321
(Таҷдидшуда 15:42 04.06.2019)
Иди Рамазон — яке аз ҷашнҳои бузургтарини мусулмонони ҷаҳон ва мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ҷашн дар охири моҳи шарифи Рамазон таҷлил шуда, рӯзи бахшидани гуноҳҳои якдигар, некию накӯкорӣ дониста мешавад.
Иди Рамазон
© Sputnik

Иди Рамазон ё Иди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи 6 июл ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин рӯз мусулмонон либоси тоза ба бар намуда субҳи барвақт барои гузоштани намози ид ба масҷидҳо мераванд. Пас аз гузоштани намози ид ба аёдати падару модар, шахсони барҷомонда, ятимону маюбон рафта онҳоро бо рӯзи сиади Фитр табрик менамоянд.

Ҳамчунин дар ин рӯзи бузург мардум аз ҳамдигар пузиш талабида гуноҳҳои якдигарро мебахшанд. Дар замонҳои пеш маҳз дар ҳамин рӯз миёни кишварҳои мухолиф созишномаҳои сулҳ баста мешуд.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қарор дод, ки Иди Рамазон дар Тоҷикистон 5 июн таҷлил гардад. Дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Русия Иди Фитрро 4 июн таҷлил мекунанд.

Имсол мусалмонони Тоҷикистон ва Русия аз 6 май рӯза гирифтанд.

Аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки имсол нисоби закот 20 ҳазор сомонӣ ва ҳаққи фитри рӯза 5 сомонӣ муқаррар шудааст. Бар асоси муқаррароти Шӯрои уламо имсол муслимини кишварро зарур аст, аз ҳар 20 ҳазор сомонии доштаашон 500 сомонӣ закот диҳанд. 

Садақаи фитр ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз, барои касоне, ки тавоноии молии бештар доранд, 48 сомонӣ муқаррар гардид.

Барои соҳибони узри шаръӣ, яъне пиронсолону беморон ва нафароне, ки бо сабаб рӯза дошта наметавонанд, фидяи савм ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз, яъне ҳар рӯз 10 сомонӣ муайян карда шуд.

321