Маросими арӯсӣ дар Тоҷикистон ва Узбакистон чигуна мегузарад?

411
(Таҷдидшуда 17:05 24.09.2019)
Дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор намудани тӯйи арӯсиву домодӣ, ҳатман бояд дар чаҳорчуби расму русум ва анъанаҳои хоси давлаташон доир гардад. Тасвирбаёни мо аз шабоҳат ва тафовути маросими издивоҷи навхонадорони тоҷику узбак маълумот медиҳад
Свадьба по закону: правила в Узбекистане и Таджикистане
© Sputnik

Тартиби баргузор намудани маросими арӯсиву домодӣ дар Тоҷикистону Узбакистон аз ҳам мутафовит аст. Тафовути ин маросими хурсандӣ дар ду кишвари ҳамсоя аз шумораи рӯзҳои туй сар карда, то теъдоди меҳмонону мошинҳо ва оростани зиёфати тӯёна комилан дигаргун аст.

Феълан агар дар қаламрави ҳар ду кишвар бастани аҳдномаи ақди никоҳ ҳатмӣ нест, аммо дар ҳамсоякишвари Узбакистон аллакай дар сатҳи давлат масъалаи ҳатмӣ кардани аҳдномаи никоҳ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Зимнан, бояд гуфт, ки дар Узбакистон ба мисли Тоҷикистон баргузор намудани анъанаҳои иловагӣ манъ мебошанд.

Ҳар ду ҷониб кӯшиш мекунанд, ки аз доир намудани анъанаҳои барзиёд, ки ҳамзамон хароҷоти бештареро талаб мекунад, худдорӣ намоянд.

Дар Узбакистон ҳам "танзими анъана ва ҷашну маросим" сар шуд

Бояд зикр кард, ки маросими навхонадорӣ чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Узбакистон бояд берун аз чаҳорчӯби одобу ахлоқ доир карда нашавад.

411
Барчаспҳо:
тӯй, маросим, Узбакистон, Тоҷикистон