Тақвими мусалмонӣ барои соли 2020

9726
(Таҷдидшуда 19:24 04.02.2020)
Мусалмонон дар соли 2020 кадом рӯзҳо идҳои Рамазон ва Қурбонро ҷашн мегиранд? Ба тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон назар андозед
Мусульманский календарь 2020
© Sputnik

Солшумории мусулмонӣ аз замони ҳиҷрати Расули акрам (с) аз Макка ба Мадина оғоз шудааст.

Ин солшуморӣ дар замони хилофати ҳазрати Умар (с) бо машварати ӯ ва иҷмоъи саҳоба ҷорӣ мегардад. Аввали соли ҳиҷрии қамарӣ аз моҳи Муҳаррам шуруъ мешавад ва аз солшумории шамсӣ 11 рӯз фарқ дорад, зеро бар асоси ҳаракати Моҳ дар мадори худ ҳисоб мешавад.

Тақвими мусалмони барои соли 2019
© Sputnik / / Данияр Асылбек уулу

Мутобиқи тақвими ҳиҷрии қамарӣ ҳоло моҳи Ҷумодал-ухро, яъне моҳи шашуми соли 1441-1442 аст. 

Ҷашнҳои муҳими мусалмононро метавонед дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед.

Рақамҳо дар кунҷи чап ба тақвими григорианӣ рабт доранд ва дар кунҷи рост ба тақвими – мусалмонӣ.

Ҷашнҳои мусалмонӣ бо ранги зард ишора шудааст.

Рӯзҳои ид ҳарсол иваз мешаванд. Рӯзҳои ҷашни онҳо аз ҷумла Идҳои Қурбон ва Рамазон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин муайян карда мешаванд. Дар Тоҷикистон ин корро Шӯрои Уламои кишвар анҷом медиҳад.

 Иди Қурбон (ид-ал-Адха) – Иди Қурбон яке аз ду иди асосии мусалмонон аст. Онро дар рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷаи тақвими қамарии исломӣ таҷлил карда, ид се рӯз идома меёбад.

9726

Гулчине аз ҳаёту эҷодиёти устод Гулназар Келдӣ-тасвирбаён

199
(Таҷдидшуда 21:00 14.08.2020)
Гулназар Келдӣ, шоири халқии Тоҷикистон ва яке аз пешоҳангони адабиёти муосири тоҷик 13 август дунёро падрӯд гуфт. Sputnik нуктаҳои муҳими ҳаёту эҷодиёти Келдиро дар тасвирбаёне гирд овард
Гулназар Келдӣ шоир ва рӯзноманигор
© Sputnik /

Гулназар Келдӣ, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон 20 сентябри соли 1945 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, пеш аз зуҳри 13 август дар Душанбе ҷон ба ҷонофарин супурд.

Келдӣ, ки то 75-солагияш ҳудуди як моҳ монда буд, аз худ осори гаронбаҳо боқӣ гузошт. Ӯ барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994), Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода ва унвони шоири халқии Тоҷикистон (1995) мебошад.

 "Расми сарбозӣ" - нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ соли 1969 чоп шудааст.

"Дастархон" (1972), "Нордбон" (1975), "Ағба" (1978), "Паҳно" (1981), "Лангар" (1983), "Пайи дарё" (1985), "Чашми нигин" (1988), "Табхола" (1992 г.), “Туву хубиву раъноӣ” маҳсули фаъолияти беш аз нимасраи ӯ мебошанд. Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи "Звезда Улугбека" (1981) ва "Безымянный родник" (1986) дар нашриёти "Советский писатель" – и Русия ва "Тень тутовника" (1989) дар Душанбе чоп шудаанд. Осори ӯ дар Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо низ ба нашр расидаанд.

199

Қавонини ҷадид дар макотиби Тоҷикистон: аз тартибот дар синфхонаҳо то ошхонаву ҳоҷатхона

822
(Таҷдидшуда 18:32 12.08.2020)
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тартиботи расмӣ барои оғози соли хониши 2020/2021 дар замони пандемия ҷорӣ намудааст
Қавонини ҷадид дар макотиби Тоҷикистон
© Sputnik /

Соли хониши имсола чун ҳарвақта на аз 1 - уми сентябр, балки аз 17 - уми август шурӯъ мешавад. Далели ба барвақтӣ оғоз шудани соли хониш, ба нотамом мондани маводҳои таълимӣ дар моҳи май рабт дода мешавад.

Зеро ба далели авҷи маризии коронавирус, таҳсил дар макотибу донишгоҳҳои Тоҷикистон қабл аз муҳлат ҷамъбаст шуд ва маводҳои таълимӣ нотамом монданд.

Бо қарори Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз 17 - уми август то 1 - уми сентябр маводҳое, ки дар моҳи май хонда нашуданд, азхуд карда мешаванд.

То шурӯъи дарс 12 рӯз монд: масъулин аз таъсири COVID-19 ба соҳаи маориф гуфтанд

Зимнан, вазорат кӯшидаст, то барои бехатарии толибилмон тартиботи расмиро ҷорӣ созад.

Ҳамин тариқ, дарсҳои дар Тоҷикистон дар се баст бо риоя шудани фосилаи иҷтимоӣ ба роҳ монда мешаванд.

Пӯшидани ниқоби тиббӣ, санҷидани ҳарорати толибилмон ва риояи фосила миёни толибилмон ва омӯзгорон аз шартҳои асосии тартибот гуфта мешавад.

Толибилмон дар соли хониши нав чӣ қадар таътил доранд? Тақвими истироҳати хонандагон

Гузашта аз ин, вазорат таъкид намудааст, ки бурдани кӯдакон ба боғча ҳатмӣ набуда, ҷойи онҳо новобаста аз ин, нигоҳ дошта мешавад.

Дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, мусиқӣ ва тайёрии ҳарбӣ бояд берун аз синфхона гузаронда шаванд. Вазорат талаб намудааст, ки синфхонаҳо, долону ошхона ва ҳоҷатхона бояд пайваста бо маводҳои безараргардонида дорупошӣ шаванд.

822
Барчаспҳо:
вазорати маориф, соли хониш, Тоҷикистон
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба наздикони Гулназар Келдӣ изҳори ҳамдардӣ кард

0
(Таҷдидшуда 19:54 15.08.2020)
Вазорат мегӯяд, ки аз даргузашти шоири мардумии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ сахт андӯҳгин аст

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз даргузашти шоири мардумии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ изҳори андӯҳ карда, ба наздикони шоири маҳбуби тоҷик  ҳамдардӣ кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорат гузориш медиҳад.

"Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунари кишвар нисбати даргузашти Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ сахт андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум изҳори ҳамдардии амиқ мекунанд", - менависад манбаъ.

Ёдовар мешавем, ҳамагӣ чанд рӯз пеш Гулназар Келдӣ бо нишони маризии коронавирус бистарии беморхона гардида шуд ва ахиран рӯзи 13 - уми август ҷон ба Ҷонофарин супорид.

Марҳум чанд рӯз қабл дар сӯҳбат бо  Sputnik Тоҷикистон ба мардум насиҳат карда буд, ки "худатонро эҳтиёт кунед".

Он сӯҳбати шоир ба 11 август,  баъд аз хабари ба бемористон интиқол ёфтани шоир анҷом дода шуд. Гулназар Келдӣ, аз ҳамватанонаш хоҳиш карда буд, ки аз бемории ӯ  ташвиш накашанд.

Маросими видоъ бо устод Гулназар Келдӣ - навори муфассал

"Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфта буд шоири халқии Тоҷикистон.

0