Флаги с символикой Евросоюза у здания Еврокомиссии в Брюсселе.

Аксар сокинони кишварҳои ИА мехоҳанд муносибатҳо бо Русияро хуб кунанд

81
Дорандагони дипломи маълумоти олӣ нисбат ба онҳое, ки маълумоти миёнаи пурра ва нопурра доранд, дар кишварщои Аврупо бештар ҷонибдори барқарор кардани муносибатҳои Русия ва Иттиҳоди Аврупо мебошанд

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Аксарияти сокинони кишварҳои пешрафтаи Аврупои Ғарбӣ мехоҳанд, ки муносибатҳои байни ИА ва Русия беҳтар шаванд. Аз итн маълумотҳои ҷамъовардаи Sputnik шаҳодат медиҳанд. 

Дар пажӯҳише, ки аз 2 то 15 октябр гузаронида шуд, 84% олмониҳо, 78% италиянҳо, 75% фаронсавиҳо ва 68% бритониёҳо ба саволи "Оё шумо мехостед муносибатҳои байни Иттиҳоди Аврупо ва Русия дар ояндаи наздик беҳтар шаванд?" Посухи мусбат доданд. Дар ин ҳол 10% пурсидашудагон дар Олмон, 13% дар Италия ва Фаронса ва 16% дар Бритониё ба саволҳои манфӣ посух доданд. 

Дорандагони дипломи маълумоти олӣ нисбат ба онҳое, ки маълумоти миёнаи пурра ва нопурра доранд, бештар ҷонибдори барқарор кардани муносибатҳои Русия ва Иттиҳоди Аврупо буданд. Гузашта аз ин, дар ҳамаи чор кишвар, мардон назар ба занон дар муқоиса бо равобит бо Русия фаъолтаранд.

Пурсиш барои Sputnik аз ҷониби IFop гузаронида шуд. Дар он 4012 посухгӯяндаи аз 18-сола боло ширкат варзиданд.

Sputnik яке аз бузургтарин расонаҳои байналмилалӣ буда, сайтҳои мултимедиявии кишварҳо ва минтақаҳои интернетиро бо 33 забон пахши аналогӣ ва рақамӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва дигар забонҳо дар зиёда аз 90 шаҳри ҷаҳон ва Интернет муттаҳид мекунад. Хабарҳои Sputnik дар тӯли шабонарӯз маълумотро ба нашрияҳои пешрафтаи ҷаҳон бо забонҳои англисӣ, арабӣ, чинӣ, испанӣ тоҷикӣ ва форсӣ мерасонанд. Теъдоди шунавандагони манбаъҳои иттилоотии Sputnik дар як моҳ беш аз 60 миллион нафарро ташкил медиҳад, шумораи муштариёни ҳисоби Sputnik Чин дар Вейбо аз 10,5 миллион нафар зиёд аст. Дар 22 маркази таҳририи саросари ҷаҳон аз Пекин то Монтевидео беш аз 22,000 нафар даҳҳо миллатҳо кор мекунанд. Sputnik узви гурӯҳи расонаҳои “Россия сегодня” аст. Дафтари марказии Sputnik дар Маскав ҷойгир аст.

Лоиҳаи байналмилалии “Sputnik. Мнения” моҳи январи соли 2015 оғоз ёфт ва дар доираи он рӯҳияи оммавӣ дар кишварҳои Аврупо ва ИМА оид ба масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ ва сиёсӣ мунтазам чен карда мешавад. Шарикони лоиҳа ширкатҳои маъруфи байналмилалии таҳқиқоти Populus, IFop ва forsa мебошанд.

81
Барчаспҳо:
Англия, Олмон, Аврупо, Русия