Арзиши патенти корӣ дар Федератсияи Русия барои соли 2020

504
Арзиши патенти меҳнатӣ барои муҳоҷирон сол аз сол иваз мешавад ва нархи ниҳоии онро мақомоти субъектҳои Русия муайян мекунанд
Арзиши патенти корӣ дар минтақаҳои Русия барои соли 2020
© Sputnik

Арзиши патент ё иҷозати кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2020 боло бурда шуда, 5350 рублро ташкил хоҳад дод.

Вакилони парлумони вилояти Маскав қонунеро қабул намуданд, ки тибқи он арзиши “патент” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин вилоят ба 350 рубл гаронтар хоҳад шуд.

Ҳамин тавр дар соли 2020 арзиши патент дар ин минтақа 5350 рублро ташкил медиҳад.

Арзиши “Патент” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилояти Маскав боло рафт

Бояд қайд, ки дар соли 2019 арзиши патент дар ин минтақа 4750 рублро ташкил медод, аммо дар соли 2018 арзиши патент 4500 рубли русӣ буд.

Қаблан мақомоти шаҳри Санкт-петербург низ эълон карда буд, ки арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2020 боло бурда мешавад.

Ҳамзамон бояд қайд кард, ки ахиран шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфта буд, ки бояд ба муҳоҷирони меҳнатӣ бештар патент дода шавад. Ба гуфтаи вай , меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба шаҳрвандони Русия набояд арзонтар бошад.

504
Барчаспҳо:
патент, арзиш, муҳоҷирати меҳнатӣ

Рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон

281
(Таҷдидшуда 15:05 15.10.2020)
Ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон ва ҳаҷми маҳсулоти пешниҳодкардаи онҳо чӣ гуна тағир ёфтанд - ба инфографикаи Sputnik Тоҷикистон нигаред
Хоҷагиҳои деҳқонӣ
© Sputnik

Дар Тоҷикистон дар 20 соли охир ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ хеле афзудааст.

Бояд гуфт, ки 93 дарсад қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Дар айни замон, масоҳати умумии барои зист мувофиқ каме бештар аз 140 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад ва тақрибан 5,5 километри мураббаъ барои зироаткорӣ мувофиқ аст.

Дар аввали моҳи январи соли 2020 дар ҷумҳурӣ 171,9 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуд буданд. Нисбат ба соли 2014 шумораи онҳо 2,7 маротиба афзудааст.

Инчунин бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон тақрибан 60% қувваи кории кишоварзиро занон ташкил медиҳанд. 

Ҳамин тариқ, дар тӯли 6 сол шумораи занони роҳбар тақрибан се маротиба афзудааст, имрӯз беш аз 38 ҳазор зан роҳбар шуданд.

Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи озуқаворӣ ва кишоварзӣ (FAO) дар Тоҷикистон чунин мешуморанд, ки эътирофи нақши муҳими занон дар соҳаи кишоварзии кишвар ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар деҳот мусоидат хоҳад кард.

Трактор барои деҳқонон: Тоҷикистон ҳоло ҳам ба техникаи нави кишоварзӣ ниёз дорад

Аз рӯи миқдори маҳсулоти кишоварзии истеҳсолнамудаи хоҷагиҳо, ҷои аввалро вилояти Хатлон ишғол мекунад.

Дар соли 2019 вилоят ба маблағи 14,4 миллион сомонӣ маҳсулот фурӯхтааст. Аз ин 10 миллион сомонӣ ба зироаткорӣ ва беш аз 4 миллион ба чорводорӣ рост меояд.

Дар ҷои дуюм аз рӯи истеҳсолот вилояти Суғд - 8,1 млн.

Хатлон инчунин дар истеҳсоли пахтаи хом пешсаф аст. Соли гузашта дар он ҷо зиёда аз нисфи пахтаи ҷумҳурӣ - зиёда аз 266 ҳазор тонна ҷамъоварӣ карда шуд.

Инчунин бояд қайд кард, ки баъзе омилҳое, ки ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ халал мерасонанд.

Аз ҷумла гарон будани нархи техникаи кишоварзӣ, рушди сусти шабакаи миёнарав, низоми сусти қарздиҳӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин сатҳи пасти тайёрии соҳибкорон мебошад.

281
Барчаспҳо:
хоҷагиҳои деҳқонӣ, рушд, Тоҷикистон

Натиҷаи интихоботи президентии 2020 дар ҶТ

1745
(Таҷдидшуда 11:24 12.10.2020)
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистонро эълон кард

Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр баргузор шуд.

Аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Эмомали Рахмон в день выборов Таджикистана
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Ба ҷонибдории номзади Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзода 127, 72 овоз яъне 3,3 %, Ҳизби сотсиалист Абдуҳалим Ғаффорзода 62, ҳазору 835 овоз 1, 49%, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Рустам Раҳматзода 90 ҳазору 587 овоз,  2,19 % ва Ҳизби коммунистӣ Мироҷ Абдуллоев – ҳамагӣ 49 ҳазору 212 овоз яъне 1, 17 %-и интихобкунандагон овоз доданд.

Бино ба маълумоти КМИР, дар интихоботи президенти Тоҷикистон аз шумори умумии 4 млн. 221 ҳазору 76 - нафар интихобкунадагон 85,39%-и интихобкунандагон ширкат карданд.

Ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 122 нафар нозирони байнулмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ), ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф оварданд.

1745
Барчаспҳо:
президентӣ, интихобот, натиҷа, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

0
(Таҷдидшуда 00:51 29.10.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 26 октябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1308 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад то 0.1370 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3398 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.1286 то 12.5000  сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1385 то 0,1410 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.134 то 0.141 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,133 то 0,141 сомонӣ нишон дода шудааст.

Интизори беқурбшавӣ: дар тирамоҳ бо доллар чӣ рӯй хоҳад дод

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

 

 

0
Барчаспҳо:
қурби асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон