Қоидаи истихроҷи сангу филизоти қиматбаҳо

285
(Таҷдидшуда 19:41 22.01.2020)
Дар Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ истихроҷи сангҳои қиматбаҳо, фулузот ва маъданҳои нодирро иҷозат доданд
Правила добычи драгоценных камней и металлов и Таджикистане
© Sputnik

Ҳукумати Тоҷикистон қоидаи нави истихроҷи фулузоти ранга ва қиматбаҳо, инчунин сангҳои қиматбаҳо ва арзонро ба шахсони воқеӣ иҷозат дод.

Ҳамин тавр, ҳар нафар имконият пайдо кард ба истихроҷи фулузот  қиматбаҳо ба монанди тилло, нуқра, платина, арзиз (олово), волфрам ва титан машғул шавад.

Ҳамзамон ба ин рӯйхат сангҳои қиматбаҳо низ ворид шудааст. Аз ҷумла шахсони воқеӣ имкон доранд лаъл, ёқути кабуд, забарҷад, топаз, ёқути азрак, ҳомит, норсанг, нефрит, ақиқ, квартс, флюритро истихроҷ намоянд.

Нафароне, ки ба истихроҷ машғул мешаванд метавонанд аз асбобҳои дастӣ, инчунин таҷҳизотҳои камқувват истифода намоянд. Дар ҳамин ҳол, истифодаи маводҳои кимёӣ қатъиян манъ аст.

Қайд шудааст, истихроҷи маъдан дар майдонҳое сурат мегирад, ки он ба кадом як шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ таалуқ надошта бошад.

Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон дар соли 2019 тавлиди тилло ба 8,1 тонна расидааст, ки афзоиши он наздик ба 30 дарсад раисдааст.  

285

Рамазон - 2020 дар Тоҷикистон: тақвим аз аввал то охир

2074
(Таҷдидшуда 04:34 08.05.2020)
Рӯзадорӣ яке аз панҷ рукни Ислом аст, ки барои ҳамаи мусалмонон воҷиб аст. Дар давоми тамоми моҳ, аз тулӯъ то ғурӯби офтоб, нафари муъмин бояд аз хӯрдан, нӯшидан, тамокукашӣ ва наздикшавии шаҳвонӣ дурӣ ҷӯяд
Рамазон 2020 дар Тоҷикистон: тақвими рӯзадорӣ
© Sputnik /

Моҳи шарифи Рамазон, имсол аз  24-уми апрел оғоз шуда, то 23- май идома мекунад. Агар дар Тоҷикистон давомнокии рӯза 17 соат бошад барои сокинони Маскав вобаста бо тулӯъ ва ғуруби офтоб то 20 соатро ташкил медиҳад.

Ба далели он ки тақвими мусалмонӣ шамсиву қамарӣ ба ҳисоб меравад, ҳар сол ин моҳ 10 рӯз пештар фаро мерасад. Моҳи муборак 30 баъзан 29 рӯзро дар бар мегирад.

Рӯзадорӣ яке аз панҷ рукни Ислом аст, ки барои ҳамаи мусалмонон воҷиб мебошад. Дар давоми тамоми моҳ, аз тулӯъ то ғурӯби офтоб, нафари муъмин бояд аз хӯрдан, нӯшидан, тамокукашӣ ва наздикшавии шаҳвонӣ, дурӣ ҷӯяд. Моҳи мубораки Рамазон — вақти намоз, тавба кардан ва рӯй овардан ба сӯи Худованд аст.

Ҳар рӯзи худро мусулмон бояд аз ният оғоз кунад, ки таъйидкунандаи омодагии доштани рӯза аст. 

Интиҳои моҳи Рамазон бо намозгузории умумӣ машҳур аст, ки пас аз он Иди Фитр, ё Иди Рӯза, ки се рӯз давом мекунад, шурӯъ мешавад. Одамон Худовандро шукр мегӯянд, хешовандон ва дӯстони худро меҳмондорӣ мекунанд. 

Саховатмандӣ, аниқтараш додани садақа, шарти ҳатмии Иди Фитр аст.

Sputnik Тоҷикистон барои рӯзадорон тақвими онро пешниҳод мекунад. Илова бар ин, барои муҳоҷирони Маскав низ реҷаи рӯзадориро омода кардем.

2074
Барчаспҳо:
рӯзадорӣ, мусалмонон, тақвим, Рамазон, Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон чанд куҳансарбоз Рӯзи Ғалабаро таҷлил мекунанд

377
(Таҷдидшуда 16:07 07.05.2020)
Рӯзи 9 май аз Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватан 75 сол сипарӣ мешавад. Дар Тоҷикистон дар ин рӯзҳо чанд куҳансарбоз Рӯзи Ғалабаро таҷлил мекунанд дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон инъикос ёфтааст
Дар Тоҷикистон чанд  собиқадорӣ Ҷанги Бузурги  Ватани зиндагӣ мекунад
© Sputnik /

Субҳи 22 июни соли 1941 Ҷанги Бузурги ватанӣ, ки 1418 рӯзу шаб идома дошт, оғоз шуд.

Дар оғози солҳои чилуми асри гузашта аҳолии Тоҷикистон 1 миллион нафар буд. Солҳои ҷанг ба ҷабҳа беш аз 300 ҳазор нафар намояндаҳои Тоҷикистон эъзом шуданд. Аз набардҳо 92 ҳазор нафар барнагаштанд.

Барои шуҷоъат ва қаҳрамонӣ дар набардҳо ва муҳорибаҳо бо фашистон 56 ҳазор намояндагони Тоҷикистон бо ордену нишонҳои ҷангӣ сарфароз шуда 54 нафар бо унвони баландтарин — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз шуда ва 15 нафар соҳиби се ордени Шуҷоъат шуданд.

24 июни соли 1945 дар гашти Пирӯзӣ дар Москав низомиёни тоҷик низ ширкат карданд. Старшинаи гвардия Абдусаттор Ҳоҷибоев аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, сержант Абдуназар Фармонқулов аз Истаравшан, тирандози тӯпҳо Истамқул Ҳасанов аз ноҳияи Ашт ва ғайра.

Солҳои ҷанг мардуми дорои ихтисоси мухталиф шабу рӯз дар ақибгоҳ барои таъмини артиш бо хӯрокворӣ, либос ва маҳсулоти дигар фаъолият доштанд. Барои кор ба корхонаҳои низомӣ дар ақибгоҳ 45 ҳазор нафар тоҷикистониён эъзом шуданд.

Дар ин муддат Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон ба ҷабҳа ирсол дошт: ба сандуқи ҳимояи шӯравӣ беш аз 1 миллиард рубл, 40 ҳазор пуд гандум, 150 вагон хӯрокворӣ, 532 ҳазор либоси гарм, 123 ҳазору 80 дона пӯсти гусфанд, 993,4 килограмм пашм, беш аз 25 ҳазор метр матоъ.

Ҳамчунин корхонаҳои санъатӣ либоси низомӣ, тир барои ҷабҳа ва чатр барои халабонҳо тавлид мекарданд.

То 1 марти соли 2015 дар Тоҷикистон 926 собиқадори ҷанг, аз ҷумла 18 зан, зиндагӣ мекарданд.

Феълан аз онҳо 849 нафар зинда мондаанд…

377
Барчаспҳо:
таҷлил, куҳансарбоз, Рӯзи ғалаба, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Тоҷикистон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Нахустин сафари корӣ баъд аз эълони коронавирус: Раҳмон ба вилояти Хатлон рафт

182
Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва боздид аз ҳолати истифодаи заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон сафар кард

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар нахуст бо фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун ва имкониятҳои ин муассисаи тиббӣ барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ шинос шуда, бо табибону кормандони соҳа мулоқот намуд.

Манбаъ зикр намудааст, ки то имрӯз дар ин минтақа 1 беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ, 10 маркази саломатӣ ва 38 бунгоҳи тиббӣ фаъолият намуда, ҳамаи онҳо бо шароити мусоиди корӣ таъминанд ва мутахассисони хуби соҳа ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

Гуфта мешавад, ки баъд аз шиносоӣ бо шароити беморхонаи марказии ноҳия дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо табибони ноҳия вохӯрӣ анҷом доданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид доштааст, ки табибон бояд барои муолиҷаи саривақтии гирифторони бемориҳои сироятӣ ва роҳ надодан ба хуруҷи он тамоми чораҳоро амалӣ намоянд ва муолиҷаи онро бо назардошти талаботи бехатарӣ роҳандозӣ намоянд.

Раисҷумҳур барои заҳматҳои шабонарӯзӣ ва фаъолияти содиқона ба табибон изҳори миннатдорӣ намуд.

182
Барчаспҳо:
зиндагӣ, Хатлон, вилояти Хатлон, сафар, Раисҷумҳур, Тоҷикистон