Хароҷоти буҷет соли - 2020: кадом бахшҳо муҳиманд

295
(Таҷдидшуда 18:15 11.02.2020)
Вазорати молияи Тоҷикистон намунаи содакардашудаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” бо се забон таҳия гардид ва интишор шудааст
Хароҷоти буҷаи давлатии Тоҷикистон  дар соли 2020
© Sputnik

Ахиран Вазорати молияи Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар идоракунии молияи давлатӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, дар якҷоягӣ бо коршиносони лоиҳаи мазкур варианти содакардашудаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020”  бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия гардид.

Тибқи гузориши мазкур, ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ дар соли 2020 – беш аз 26,4 миллиард. сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 9,3 дарсад зиёд гардидааст.

Буҷети давлатии Тоҷикистон буҷети иҷтимоӣ буда, дар соли 2020 44,5 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти он барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад, ки маблағи 11,7 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар соли 2020 маблағи 11 миллиарду 495 миллион сомониро ташкил намуда, нисбат ба буҷети соли 2019 ба андозаи 8,9 дарсад зиёд гардидааст.

Барои пардохти музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда 1 миллиарду 922 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки он ба 16,7 дарсад ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети ҷумҳуриявиро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми касри буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ба андозаи 0,4 дарсад ММД ё 349,5 миллион сомонӣ муайян карда шудааст.

295
Барчаспҳо:
буҷа, таҳия, қонун, вазорати молия, Тоҷикистон