Пиряхҳои Тоҷикистон: сарчашмаи об дар Осиёи Марказӣ

290
(Таҷдидшуда 18:45 11.02.2020)
Тавре маълум аст, яке аз пиряхҳои бузургтарини кӯҳӣ – Федченко дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир аст. Тибқи таҳлилҳои коршиносони муҳити зист гармии иқлим ба пиряхҳо хеле таъсир гузоштааст
Пиряхҳои Тоҷикистон
© Sputnik

Ба иттилои баъзе аз коршиносон, дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҳаҷми умумии пиряхҳо тақрибан ба 17 ҳазор км2 баробар мебошад, ки бештар аз 60 фоизи онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгиранд.

Дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуд аст, ки масоҳаташон ба 11146 км2  баробар аст ва ин нишондиҳанда 8 дарсади ҳудуди кишварро дар бар мегирад.

Пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 м ҷой гирифтаанд.

Захираи умумии ях дар пиряхҳои кишвар ба 845км3 баробар буда, пиряхҳои хурд бо масоҳати 1км2 танҳо 20 фоизи шумораи умумии пиряхҳои кишварро ташкил менамоянд, вале 85 фоизи ҳаҷми ях дар онҳо мутамарказ гардидааст.Дар пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд, ки дар давоми 12 сол аз тамоми дарёҳои Осиёи Миёна ҷорӣ мегардад, баробар аст.

Дар Тоҷикистон пиряхҳои бузургтарин аз қабили Федченко (651,7км2), Грумм-Гржимайло (143км2), Гармо (114,6 км2) ва даҳҳо пиряхҳои дигар, ки зиёда аз 30 км2-ро фарогиранд  дар нуқтаҳои баландтарини Тоҷикистон Исмоили Сомонӣ (7495м) ва Абу Алӣ ибни Сино (7134м) ҷойгир мебошанд.

Пиряхи Федченко яке аз калонтарин пиряхҳои дунё ба шумор рафта, дарозии он 77 км ва бараш аз 1700 то 3100 метрро ташкил медиҳад. Пирях аз нишемангоҳи қуллаи Инқилоб дар нишебии шимолии қатораҳои Язғулом ибтидоъ гирифта, то ба дарозии қатораҳои шарқии Академияи илмҳо идома меёбад. Ғафсии ях дар қисмати мобайнии пирях 1000 метр ва масоҳати умумии яхбандишуда ва барфтудаҳо 992 км2-ро ташкил медиҳанд.

Нуқтаи болоии пирях дар баландии 6280 метр ва қисмати поёнии он дар масоҳати 2900 метр ҷойгир буда, баландии хати барфӣ 4650 метрро ташкил менамояд.

290

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

235
Пандемияи коронавирус дар баробари талафоти зиёди ҷонӣ ба бор овардан, ҳамзамон раванди зиндагии оламиёнро дигаргун намуд
Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд
© Sputnik /

Бо авҷ гирифтани ин маризӣ, аксар кишварҳо марзҳояшонро ба рӯи ҳамсоякишварҳо бастанд. Гузашта аз ин, равобити ҳавоӣ ва зиминӣ низ мутавақиф шуд.

Тоҷикистон ҳам ба мисли даҳҳо кишварҳо дар замони пандемия хисороти калон дид.

Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ки барои Тоҷикистон ниҳоят муҳим аст, аз ҳама беш зарар дид. Дар робита ба баста будани равобити ҳавоӣ ва заминӣ, муҳоҷирони тоҷик натавонистанд барои дарёти кор ва ризқу рузӣ ба Русия сафар кунанд.

Коронавирус – афсона ё ҳақиқат

Раванди ба муҳоҷират рафтани тоҷикистониён ҳудуди 57 фисад коҳиш ёфт.

Гузашта аз ин, бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан низ коҳиш ёфта, ҳамагӣ 90 000 нафарро ташкил доду халос.

Ба замми ин, интиқоли маблағҳо низ аз кишварҳои хориҷ, бахусус русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳчанд коҳиш ёфт.

Аммо хушбахтона вақтҳои охир раванди интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон рӯ ба беҳбуд ниҳода истодааст.

235
Барчаспҳо:
маризӣ, Тоҷикистон, муҳоҷирати меҳнатӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Толибилмон дар соли хониши нав чӣ қадар таътил доранд? Тақвими истироҳати хонандагон

1045
(Таҷдидшуда 15:29 06.08.2020)
Дар Тоҷикистон ба далели авҷ гирифтани маризии сироятии коронавирус, макотибу донишгоҳҳои кишвар қабл аз мӯҳлат ба таътил баромаданд
Тақвими таътили мактабӣ дар тоҷикистон барои солҳои 2020-2021
© Sputnik /

Вазорати маорифи Тоҷикистон дар робита ба таҳсили толибилмону донишҷӯён ва ҳамзамон таҳтили қабл аз мӯҳлати онҳо фармон бароварда буд.

Тибқи ин фармоиш таътил дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ (дар мувофиқа бо ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) тамдид карда мешавад.

Вазири маориф ҳангоми таътил ба боздиди мактабҳои Муъминобод рафт

Имсол дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 11 май то 16 августи соли 2020 ба хонандагону омӯзгорон таътили тобистона дода шуд.

"Идомаи соли таҳсили 2019-2020 дар синфҳои 1-8 ва 10 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ аз 17 августи соли 2020 оғоз карда шавад", - омадааст дар фармоиши вазир.

Зимнан, хонандагони мактаб дар соли нави хониш ҷамъан 109 рӯзи таътил доранд. Ҳамчунин 144 рӯзи дарсӣ доранд.

Фармоиши Нуриддин Саид барои се рӯзи таътил дар Душанбе: Чаро?

Дар Тоҷикистон маъмулан аз ҳисоби таътили тӯлонитари зимистона истироҳат дар тобистон дертар фаро мерасад.

Синфҳои болоӣ то мобайнҳои моҳи июн дарс хонада сипас барои чанд ҳафтаи дигар имтиҳон месупоранд. аммо имсол ба далели авҷ гирифтани маризии коронавирус, таътил дар мактабҳо барвақт эълон шуд.

Донишҷӯён низ дар баробари муассилини мактаб барвақт ба таътил фаро гирифта шуданд.

1045
Барчаспҳо:
мактаб, таътил, Тоҷикистон

Бомбандози Су-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро забт кард - видео

0
(Таҷдидшуда 18:56 09.08.2020)
Бомбандози Русия СУ-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро дар манотиқи бетарафи Баҳри Сиёҳ, забт кард. Низомиёни Амрикоро Қувваҳои дифоъи ҳавоии Русия ошкор карданд ва ба ҳаво бархостанд

"Экипажи бомбандози Русия оҳиста -оҳиста ба ҳавопаймо наздик шуда, онҳоро чун ҳавопаймои ҷосусии - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" муайян кард. Нақзи марзи давлатии Федератсияи Русия аз ҷониби ҳавопаймоҳои ҷосусии Амрико иҷозат дода намешавад", - гуфт Вазорати дифоъи Русия.

Ин дуюмин қазияи ҳавоӣ дар масири Баҳри Сиёҳ мебошад. Бори аввал СУ-27 - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" - ро ҳафтае пеш забт карда буд. Иғвогарӣ дар сарҳади Русия ҳамоно бештар мешавад.

Миёнаҳои моҳи июл бомбандозони Русия аз болои Баҳри Сиёҳ ду ҳавопаймои ҷосусӣ - боз ҳам ҳамон - Р 8А "Пасейдон" ва U-2S забт карданд.

Моҳи июн Қувваҳои ҳавоии Русия бомбандозони ИМА B-52H-ро забт карда буданд. Онҳоро ҳавопаймоҳои Су-30, Су-35 ва МиГ-31 ҳамроҳӣ карданд.

Моҳи май халабонони Русия бомбандози ИМА B-1B - ро дар масири Баҳрҳои Сиёҳ ва Балтик забт карда буданд.

Пас аз ҳар амали иғвогарона амрикоиҳо Русияро бидуни ҳеҷ далел, дар рафтори ношоям гунаҳкор мекунанд.

Вазорати дифоъи Русия ин айбдориро беасос мехонанд ва қайд мекунанд, ки доим тибқи меъёрҳои байналмилалӣ амал менамоянд.

Ин амалҳои иғвогарона авзоъи минтақаро муташанниҷ мегардонад. Вале бад шудани вазъият ва натиҷаҳои бебозгаштро танҳо бо касбияти халабонони Русия мешавад бартараф кард.

 

 

 

 

 

 

 

 

0
Барчаспҳо:
халабон, ҳавопаймо, Русия