Сайёҳони кадом кишвар бештар ба Тоҷикистон меоянд?

352
(Таҷдидшуда 18:44 26.02.2020)
Дар соли 2019 ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион сайёҳи хориҷӣ сафар кардааст. Бештар аз ҳама дар соли гузашта аз Тоҷикистон сайёҳони Узбакистон, Русия ва Қирғизистон боздид намудаанд
Дар соли 2019 чанд сайёҳ ба Тоҷикистон ташриф овард
© Sputnik

Дар соли 2019 ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион шаҳрвандони хориҷӣ ворид шуданд ва беш аз як миллион нафар аз ин шумор ба Тоҷикистон ҳамчун сайёҳ ворид шудаааст.

Нисбат ба соли 2018 ин арқом беш аз 20 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бештар ба Тоҷикистон шаҳрвандони Узбакистон саёҳат кардаанд. Аз ин кишвар дар соли гузашта беш аз 850 ҳазор нафар ворид шудааст. Дар ҷои дувум Русия қарор дорад. Ҳамзамон нисбат ба соли 2018 саёҳати шаҳрвандони Қирғизистон ба Тоҷикистон ду баробар афзоиш ёфтааст.

Ахиран мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки муҳлати амали визаҳои Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ зиёд карда шуд.

Акнун шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар қаламрави Тоҷикистон метавонанд то 60 рӯз бимонанд. Қаблан шаҳрвандони хориҷӣ имкон доштанд то 45 рӯз бимонанд.

Ёдрас мешавем, ки пештар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумони кишвар таъкид карда буд, ки ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ бояд сатҳи хизматрасониро барои сайёҳони хориҷӣ беҳтар намоянд.

352
Барчаспҳо:
боздид, Қирғизистон, Узбакистон, кишвар, сайёҳӣ, сайёҳ, Тоҷикистон

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

223
Пандемияи коронавирус дар баробари талафоти зиёди ҷонӣ ба бор овардан, ҳамзамон раванди зиндагии оламиёнро дигаргун намуд
Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд
© Sputnik /

Бо авҷ гирифтани ин маризӣ, аксар кишварҳо марзҳояшонро ба рӯи ҳамсоякишварҳо бастанд. Гузашта аз ин, равобити ҳавоӣ ва зиминӣ низ мутавақиф шуд.

Тоҷикистон ҳам ба мисли даҳҳо кишварҳо дар замони пандемия хисороти калон дид.

Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ки барои Тоҷикистон ниҳоят муҳим аст, аз ҳама беш зарар дид. Дар робита ба баста будани равобити ҳавоӣ ва заминӣ, муҳоҷирони тоҷик натавонистанд барои дарёти кор ва ризқу рузӣ ба Русия сафар кунанд.

Коронавирус – афсона ё ҳақиқат

Раванди ба муҳоҷират рафтани тоҷикистониён ҳудуди 57 фисад коҳиш ёфт.

Гузашта аз ин, бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан низ коҳиш ёфта, ҳамагӣ 90 000 нафарро ташкил доду халос.

Ба замми ин, интиқоли маблағҳо низ аз кишварҳои хориҷ, бахусус русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳчанд коҳиш ёфт.

Аммо хушбахтона вақтҳои охир раванди интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон рӯ ба беҳбуд ниҳода истодааст.

223
Барчаспҳо:
маризӣ, Тоҷикистон, муҳоҷирати меҳнатӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Толибилмон дар соли хониши нав чӣ қадар таътил доранд? Тақвими истироҳати хонандагон

1028
(Таҷдидшуда 15:29 06.08.2020)
Дар Тоҷикистон ба далели авҷ гирифтани маризии сироятии коронавирус, макотибу донишгоҳҳои кишвар қабл аз мӯҳлат ба таътил баромаданд
Тақвими таътили мактабӣ дар тоҷикистон барои солҳои 2020-2021
© Sputnik /

Вазорати маорифи Тоҷикистон дар робита ба таҳсили толибилмону донишҷӯён ва ҳамзамон таҳтили қабл аз мӯҳлати онҳо фармон бароварда буд.

Тибқи ин фармоиш таътил дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ (дар мувофиқа бо ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) тамдид карда мешавад.

Вазири маориф ҳангоми таътил ба боздиди мактабҳои Муъминобод рафт

Имсол дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 11 май то 16 августи соли 2020 ба хонандагону омӯзгорон таътили тобистона дода шуд.

"Идомаи соли таҳсили 2019-2020 дар синфҳои 1-8 ва 10 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ аз 17 августи соли 2020 оғоз карда шавад", - омадааст дар фармоиши вазир.

Зимнан, хонандагони мактаб дар соли нави хониш ҷамъан 109 рӯзи таътил доранд. Ҳамчунин 144 рӯзи дарсӣ доранд.

Фармоиши Нуриддин Саид барои се рӯзи таътил дар Душанбе: Чаро?

Дар Тоҷикистон маъмулан аз ҳисоби таътили тӯлонитари зимистона истироҳат дар тобистон дертар фаро мерасад.

Синфҳои болоӣ то мобайнҳои моҳи июн дарс хонада сипас барои чанд ҳафтаи дигар имтиҳон месупоранд. аммо имсол ба далели авҷ гирифтани маризии коронавирус, таътил дар мактабҳо барвақт эълон шуд.

Донишҷӯён низ дар баробари муассилини мактаб барвақт ба таътил фаро гирифта шуданд.

1028
Барчаспҳо:
мактаб, таътил, Тоҷикистон
Скорая помощь на месте взрыва у американского университета в Кабуле, архивное фото

Бештар аз 7 пулиси афғон қурбони инфиҷор дар Ғазна шуданд

0
(Таҷдидшуда 15:53 09.08.2020)
Бино бар иттилои ВКД Афғонистон дар яке аз музофотҳои шарқии кишвар худраве таркидааст. Дар натиҷа 10 корманди пулис ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. На камтар аз ҳафт корманди мақомоти милисаи Афғонистон дар пайи инфиҷор дар шарқи Афғонистон осеб дидаанд, гузориш медиҳад "Тулӯъ нюс" дар истинод ба мақомоти амниятии кишвар.

Ҳодиса дар шаҳри Ғазнаи Афғонистон рух додааст.

Бино бар иттилои расмӣ, худраве ки таркидааст, ба кормандони пулис тааллуқ доштааст.
Ба гуфтаи намояндаи Вазорати умури дохилаи кишвар, пас аз таркиш ҷангиён кӯшиши ҳамла ба урдугоҳи низомӣ кардаанд, аммо безарар гардонида шуданд.

Таъкид мешавад, ки дар натиҷаи таркиш бештар аз 7 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кушта шуда, 15 нафарашон захмӣ шуданд.

Таъкид мегардад, ки осебдидагонро тавассути чархбол барои расонидани ёрии тиббӣ ба Кобул интиқол доданд.

Марзи Афғонистону Покистон ҳам ноором: даргирӣ дар марз ва захмӣ шудани ду марзбон

То ҳол гурӯҳе ин амали террористиро бар ӯҳда нагирифтааст.

 

0