Офатҳои табиӣ ҷони чанд тоҷикистониро гирифт?

237
(Таҷдидшуда 18:19 27.02.2020)
КҲФ Тоҷикистон дар бораи офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда дар кишвар омори дақиқи пешниҳод кард. Тибқи омори мазкур, сокинон на дар тармафароиву сел балки бештар аз беэҳтиётии худ мефавтанд.
Пешгирии офатҳои табии  дар Тоҷикистон-2019
© Sputnik

Дар соли 2019 дар қаламрави Тоҷикистон 680 ҳолати фақулодда ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамагӣ 46 офати табиӣ ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари молӣ расонидааст.

Ҳамагӣ дар соли гузашта 22 шаҳрванди Тоҷикистон дар офатҳои табиӣ ба ҳалокат расиданд, ки аксари онҳо дар натиҷаи фаромадани тарма ва омадани сел ҷони худро аз даст доданд.

Дар соли гузашта дар Тоҷикистон дар натиҷаи сар задани офатҳои табиӣ 136 хона осеб дидааст. 22 хона пурра тахриб шудааст. Зарари умумӣ беш аз 31 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи омори мазкур, сокинон бештар аз беэҳтиётии худ фавтиданд. Аксари сокинон дар ҳавзҳову ҷойҳои оббозӣ ҷони худро аз даст доданд. Тибқи омор дар ҳавзҳо, кӯлҳо ва дарёҳои кишвар 141 нафар фавтидаанд.

237
Барчаспҳо:
беэҳтиётӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, оқибати офатҳои табиӣ, Тоҷикистон