Коронавирус афсона ё ҳақиқат

1062
(Таҷдидшуда 17:59 13.03.2020)
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор додааст, ки коронавирус имкон дорад дар фасли тобистон аз байн наравад
©Sputnik

Майкел Раян, мудири иҷроии барномаи фавриятҳои беҳдоштии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  таъкид доштааст, ки кишварҳо бояд мубориза бо коронавирусро дар авлавияти худ қарор диҳанд. Кишварҳо бояд барои решакан кардани ин вирус чораҳои дахлдор андешанд.

Вай афзуд, амалкарди коронавирус дар шароити обу ҳавоии мутафовит ношинохтааст ва аз ҳамаи кишварҳо даъват кард, ки интизори поёни табиии ин вирус набошанд.

Чӣ тавр коронавирус ҷаҳонро тағйир медиҳад: вазъ аз кайҳон - акс

Ин мақомдори Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ гуфт аз афзоиши шумори мубталоён дар кишварҳои камдаромад, ки низоми тандурустӣ ва дорусозии заъиф доранд ибрози нигаронии шадид кард.

Ҳамчунин созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ эҳтимол мекунад, ки вируси корона хавфи ба пандемия мубаддал гаштанро дорад.

Дар ҳамин ҳол, вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ 436 нафар, аз шаш кишвари мухталифи ҷаҳон зери карантин қарор гирифтаанд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз 1  феврал то 10 марти соли равон 1583 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои  Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон ба ҷумҳурӣ ворид шуданд, ба  карантин фаро гирифта шуда буданд.

Манбаъ қайд кардааст, ки аз 1583 нафар то имрӯз 1147 шаҳрванди хориҷӣ ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 436 нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат  ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ зикр кардааст, ки то имрӯз сирояти коронавирус дар мамлакат ба қайд гирифта нашудааст. Аммо, новобаста ба ин, чораҳои пешгирӣ ҷиҳати интиқоли сирояти мазкур ба кишвар пурзӯр карда мешаванд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки айни замон сирояти коронавирус дар 114 кишвари олам ба  қайд гирифта шудааст. Ин вазъият мутахассисони тоҷик, аз ҷумла масъулони ҳама вазорату идораҳои дахлдори кишварро водор кардааст, ки чораҳои қатъиро нисбати пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон роҳандозӣ ва боз ҳам пурзӯр намоянд.

Ташвиш дар бозорҳои Душанбе: таҳлука аз коронавирус ба чӣ оварда мерасонад

Вируси корона, ки расман “Covid – 19” ном дорад, нахустин бор дар шаҳри Вуҳони Чин шиносоӣ шуд ва зоҳиран маншаи он ҳайвоноти ғайриаҳлӣ будааст.

Ин вирус акнун илова бар Чин, ба 120 кишвари дигар низ сироят кардааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 119 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 66 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва ҳудуди 4300 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

1062