Таъсири коронавирус ба шуғлу пули муҳоҷирон

861
(Таҷдидшуда 22:54 13.04.2020)
Таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон рӯзафзун буда, дар шароити шиддати худҷудоӣ муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия беш аз пеш осебпазир шудаанд
Муҳоҷирони меҳнатӣ дар худҷудоӣ
© Sputnik

Муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ дар Русия ба далели мутаваққиф шудани фаъолияти корхонаҳо ва пурзӯр гардидани хонашинӣ ба мушкилоти бекорию бепулӣ дучор шудаанд.

Коршиносон мегӯянд, пандемия ба иқтисоди Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсир хоҳад дошт ва як воситаашро коҳиши интиқоли маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия мегӯянд.

Бар асоси омори расмӣ, соли гузашта муҳоҷирони меҳнатӣ ба Тоҷикистон 2,7 миллиард доллар, ба Ӯзбекистон 4 миллиард  доллар ва ба Қирғизистон 2 миллиард доллар интиқол додаанд.

ВУД Русия мегӯяд, муҳоҷирони меҳнатӣ асосан дар бахши тиҷорат 33,1%, дар бахши хидматрасонӣ 21,6%, дар сохтмон 16,4%, дар бахши нақлиёту алоқа 13,9%, меҳмондорӣ - 7% ва  8% дар бахши хадамоти марбути хона фаъолият доранд.

Московский дар бораи қатъи пантентпулии муҳоҷирон дар Русия: ин одилона аст

Дар пайи чораҳо алайҳи коронавирус таъсири ҷиддӣ ба бахши тиҷорату меҳмондорӣ, нақлиёт ва сохтмон расид.

Тибқи дурнамо шуғли муҳоҷирон дар моҳи апрел метавонад 53,1% ва интиқоли маблағ ба Ватан ҳудуди 50 дарсад кам гардад, чун қисмате аз маблағи доштаашонро барои иқомат дар Русия сарф хоҳанд кард.

861
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, Тоҷикистон, Русия

Рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон

264
(Таҷдидшуда 15:05 15.10.2020)
Ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон ва ҳаҷми маҳсулоти пешниҳодкардаи онҳо чӣ гуна тағир ёфтанд - ба инфографикаи Sputnik Тоҷикистон нигаред
Хоҷагиҳои деҳқонӣ
© Sputnik

Дар Тоҷикистон дар 20 соли охир ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ хеле афзудааст.

Бояд гуфт, ки 93 дарсад қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Дар айни замон, масоҳати умумии барои зист мувофиқ каме бештар аз 140 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад ва тақрибан 5,5 километри мураббаъ барои зироаткорӣ мувофиқ аст.

Дар аввали моҳи январи соли 2020 дар ҷумҳурӣ 171,9 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуд буданд. Нисбат ба соли 2014 шумораи онҳо 2,7 маротиба афзудааст.

Инчунин бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон тақрибан 60% қувваи кории кишоварзиро занон ташкил медиҳанд. 

Ҳамин тариқ, дар тӯли 6 сол шумораи занони роҳбар тақрибан се маротиба афзудааст, имрӯз беш аз 38 ҳазор зан роҳбар шуданд.

Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи озуқаворӣ ва кишоварзӣ (FAO) дар Тоҷикистон чунин мешуморанд, ки эътирофи нақши муҳими занон дар соҳаи кишоварзии кишвар ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар деҳот мусоидат хоҳад кард.

Трактор барои деҳқонон: Тоҷикистон ҳоло ҳам ба техникаи нави кишоварзӣ ниёз дорад

Аз рӯи миқдори маҳсулоти кишоварзии истеҳсолнамудаи хоҷагиҳо, ҷои аввалро вилояти Хатлон ишғол мекунад.

Дар соли 2019 вилоят ба маблағи 14,4 миллион сомонӣ маҳсулот фурӯхтааст. Аз ин 10 миллион сомонӣ ба зироаткорӣ ва беш аз 4 миллион ба чорводорӣ рост меояд.

Дар ҷои дуюм аз рӯи истеҳсолот вилояти Суғд - 8,1 млн.

Хатлон инчунин дар истеҳсоли пахтаи хом пешсаф аст. Соли гузашта дар он ҷо зиёда аз нисфи пахтаи ҷумҳурӣ - зиёда аз 266 ҳазор тонна ҷамъоварӣ карда шуд.

Инчунин бояд қайд кард, ки баъзе омилҳое, ки ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ халал мерасонанд.

Аз ҷумла гарон будани нархи техникаи кишоварзӣ, рушди сусти шабакаи миёнарав, низоми сусти қарздиҳӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин сатҳи пасти тайёрии соҳибкорон мебошад.

264
Барчаспҳо:
хоҷагиҳои деҳқонӣ, рушд, Тоҷикистон

Натиҷаи интихоботи президентии 2020 дар ҶТ

1728
(Таҷдидшуда 11:24 12.10.2020)
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистонро эълон кард

Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр баргузор шуд.

Аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Эмомали Рахмон в день выборов Таджикистана
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Ба ҷонибдории номзади Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзода 127, 72 овоз яъне 3,3 %, Ҳизби сотсиалист Абдуҳалим Ғаффорзода 62, ҳазору 835 овоз 1, 49%, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Рустам Раҳматзода 90 ҳазору 587 овоз,  2,19 % ва Ҳизби коммунистӣ Мироҷ Абдуллоев – ҳамагӣ 49 ҳазору 212 овоз яъне 1, 17 %-и интихобкунандагон овоз доданд.

Бино ба маълумоти КМИР, дар интихоботи президенти Тоҷикистон аз шумори умумии 4 млн. 221 ҳазору 76 - нафар интихобкунадагон 85,39%-и интихобкунандагон ширкат карданд.

Ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 122 нафар нозирони байнулмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ), ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф оварданд.

1728
Барчаспҳо:
президентӣ, интихобот, натиҷа, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020

Путин кушташудаҳо дар Қарабоғро бо ҷонбохтагон дар Афғонистон қиёс кард: хеле зиёд-навор

0
(Таҷдидшуда 19:44 27.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, теъдоди кушташудаҳо аз ҳар ду ҷониб дар Қарабоғи Куҳӣ тайи як муддати кӯтоҳ ба 5 ҳазор нафар наздик омадааст

Раисиҷумҳури Русия изҳор дошт, ки тайи 10 соли ҷанг дар Афғонистон, нерӯҳои Иттиҳоди шӯравӣ 13 ҳазор нафарро аз даст доданд, аммо дар Қарабоғ тайи чунин як муддати кӯтоҳ теъдоди ҷонбохтагон аз ҳарду ҷониб ба 5 ҳазор нафар наздик шудааст.

“Чӣ қадар маҷруҳанд, чӣ қадар мардум азоб мекашанд, чӣ қадар кӯдакон? Аз ин лиҳоз ҳодисаи мазкур барои мо махсус мебошад”, -изҳор дошт раисиҷумҳури Русия.

“Мухолифат ба шеваи бадтаринаш”, - тасвир кард Владимир Путин ҳаводис дар Қарабоғи Куҳиро.

Раисиҷумҳури Русия таъкид намуд, ки фоҷиаи асосӣ ин марги одамон мебошад. Талафот аз ҳар ду ҷониб беш аз 2 ҳазор нафариро ташкил медиҳад.

Алиев мегӯяд, Боку ба ҳеҷ ваҷҳ истиқлолияти Қарабоғро намепазирад: Пашинян чӣ мегӯяд

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, изҳор дошт, ки Маскав тамоми талошашро мекунад, то хунрезӣ дар Қарабоғи куҳӣ қатъ шавад.

0
Барчаспҳо:
шарҳ, Владимир Путин, ҷанг дар Қарабоғ, Қарабоғи Кӯҳӣ