Кумаки Русия ба кишварҳои ҳамсоя дар замони ҳамагирии COVID - 19

118
(Таҷдидшуда 17:57 28.07.2020)
Русия дар давраи ҳамагирии COVID - 19 ба кишварҳои ҳамсоя ба таври гуногун кумак кард: ба кишваре мутахассис фириcтоду ба давлати дигаре тест ва лавозимоти тиббӣ
Русия чӣ гуна ба ҳамсоякишварҳояш алайҳи COVID-19 кумак кард
© Sputnik /

Русия дар давраи пандемияи коронавируси COVID - 19, ба кишварҳои ҳамсоя кумак кард.

Аз ҷумла ба Тоҷикистон аз рӯзҳо аввали сабти ин беморӣ дар кишвар? тестҳо ва лабозимоти тиббӣ фиристода буд. 

Русия дар умум ба кишварҳои ҳамсоя 402 ҳазору 700 тест равон кард. Аз ин шумор ба Тоҷикистон 30 000 тест рост меояд.

Дар баробари Тоҷикистон, Абхазия, Озарбойҷон, Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Осетияи Ҷанубӣ аз Русия тестҳо барои озмоиши бемории коронавирус дарёфт карданд.

Дар баробари ин ба кишварҳои ИДМ мутахассисони Русия курси онлайн баргузор карда, тарзи пешгирӣ ва муолиҷаи ин вабои асрро омӯзонида буданд.

Ҳамин тавр дар давоми 10 лексияи онлайн 300 мутассис аз кишварҳои ИДМ аз ин курсҳо баҳра бурд.

118
Барчаспҳо:
тиббӣ, кумак, ИДМ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (747)

Қоидаҳои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон

1255
(Таҷдидшуда 18:19 22.09.2020)
Давлати Ӯзбекистон сар аз аввали октябр маҳдудиятҳои вуруд ва хурӯҷ ба ин кишварро дар бахшҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан ва заминӣ бо риояти муқаррароти қарантина ва беҳдоштӣ лағв мекунад
Қоидаи вуруд ба Ӯзбекистон ҳангоми пандемия

Бар асоси тасмими Комиссияи вижаи мубориза бо вируси корона дар Ӯзбекистон, маҳдудият барои тараддуди шаҳрвандон ва васоили нақлиёт аз тариқи гузаргоҳҳои марзӣ коҳиш меёбад.

Маҳдудиятҳо аз 1 октябри соли равон барои сайёҳон сабуктар мешавад.   

Афроде, ки аз тариқи гузаргоҳҳои заминӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон ба ин кишвар ворид шаванд пас аз тести вируси корона барои қарантинаи 14 рӯза ба меҳмонхонаҳо эъзом хоҳанд шуд.

Парвозҳо низ ба дараҷаҳои “сурх”, “зард” ва “сабз” тақсимбандӣ шудааст ва афроди ворид шуда бо парвоз аз тариқи кишварҳои “сабз” шомили Чин, Таиланд, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Венгрия, Финляндия, Латвия, Утриш ва Япония метавонанд бидуни маҳдудият вориди Ӯзбекистон шаванд.

Афрод муқими кишварҳои “зард” монанди Озарбойҷон, Беларус, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ғайр аз Англия ва Испания ва низ манотиқи қирмиз, ки соири кишварҳои ҷаҳонро дар бар мегирад фақат дар сурати надоштани бемории вируси корона метавонанд вориди Ӯзбекистон шаванд.

Маълумоти бештар дар тавирбаёни Sputnik Ӯзбекистон

1255
Барчаспҳо:
қоидаҳои вориду хориҷ шудан, беҳдоштӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ, маҳдудият, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон дар соли 2020: кӣ, чӣ қадар имзо ҷамъ кард

632
(Таҷдидшуда 14:44 16.09.2020)
Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон коркарди ҳуҷҷатҳо ва имзои номзадҳоро ба мансаби раёсатҷумҳурии кишвар ҷамъбаст намуд
Номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон 2020 чанд имзо ҷамъ карданд
© Sputnik (sputniktj_photo)

Дар Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот кори санҷиши ҳуҷҷатҳо ва ҷамъварии имзои номзадҳо ба курсии президентиро натиҷагирӣ кард.

Ба интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 5 нафар аз номзадҳо, ки имзои кофӣ ҷамъ оварданд, роҳхат гирифтанд. Инҳо Рустам Латифзода (ҲАТ), Эмомалӣ Раҳмон (ҲХДТ), Мироҷ Абдуллоев (ҲКТ), Рустам Раҳматзода (ҲИИТ) ва Абдухалим Ғаффоров (ҲСТ) мебошанд.

Саидҷаъфар Усмонзода намоянда аз Ҳизби демократии Тоҷикистон, ҳарчанд тавонист имзоҳои кофиро ҷамъ орад, аммо аснои пешниҳод намудан ба КМИ, намояндагони ин комиссия дар гирдоварии имзоҳо ҷой доштани қонуншиканиро пайдо намуданд. Ҳамин тавр, Усмонзода аз имкони иштирок дар интихоботи президентӣ маҳрум шуд.

Тоҷикистон нозирони ИДМ-ро ба интихоботи президентӣ даъват кард

Гузашта аз ин, намояндаи ҷавон аз ВМКБ Фаромуз Иргашев, ки низ даъвои иштирок кардан дар интихоботи қарибулвуқӯро намуда буд, ба далели ҷамъ наовардани имзои кофӣ аз сабқат канор монд.

 Ҳамзамон Иброҳимҷон Юсуфбеков, ки қаблан хостори иштирок кардан дар интихоботи президентиро намуд, умуман ҳуҷҷатҳои лозимаро ба КМИ пешниҳод накард.

Ёдовар мешавем, интихоботи Президентии Тоҷикистон рӯзи 11 - уми октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Дар Тоҷикистон ҷамъан 68 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шудааст. Инчунин барои тоҷикони бурунмарзӣ низ барои иштирок намудан дар интихоботи мазкур, 39 ҳавзаи интихоботӣ омода карда мешавад.

632
Барчаспҳо:
имзо, КМИР, Тоҷикистон, Интихоботи президентӣ
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020
День 29 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:26 28.09.2020)
Рӯзи бисту нӯҳуми сентябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии дил ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин ин рӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии духтури касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ мебошад

Рӯзи 29 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1829 дар шаҳри Лондон бо фармони Вазири вақти корҳои дохилии ин шаҳр Роберт Пиля политсияи гражданӣ таъсис дода шуд.

День 28 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1973 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Мексика  зиёда аз 700  нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 2000 марди 93-солаи австриягӣ куҳансолтарин одами дунё маҳсуб меёфт, ки мехост ҳуҷҷати ронандагӣ ба даст орад.

Рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1926 ноҳияҳои Айнӣ, Ашт ва  Нов (ҳозира Спитамен) ташкил ёфтанд.

Соли 2011 ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ҳавопаймои нави худ — "Боинг 737-900"-ро муаррифӣ намуд, ки он дар фазои ИДМ нав пайдо шуда буд.

 

Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото
Самолет компании "Сомон Эйр", архивное фото

 

Соли 2013 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг мактаб-интернат барои 320 нафар хонанда бо хобгоҳ ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Соли 2015 ба будубоши дивизияи 201-уми ҳарбии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон  70 сол пур шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ ва диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии умумибашарӣ ҷалб намуданд.

Соли 2016 дар Қасри Миллат Эмомалӣ Раҳмон  бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа мулоқот карданд.

 

Встреча Эмомали Рахмона с генеральным секретарем ОДКБ Николаем Бордюжей
Встреча Эмомали Рахмона с генеральным секретарем ОДКБ Николаем Бордюжей

 

Соли 2016 бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Соли 2016 ВАО хабар доданд, ки Тоҷикистон дар раддабандии нави Форуми байналмилалии иқтисодӣ зинаи 77-умро соҳиб шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 сентябр

  • Рӯзи умумиҷаҳонии дил.
  • Рӯзи байналмилалии духтури касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ.
  • Рӯзи Конститутсия дар Бруней.

Рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1921-1994)  Шоир Ҳамдам Ҷура.

Соли 1925 Ҳунарманди халқии Тоҷикистон  Нисон Шоулов.

Соли 1951 Қаҳрамони олимпӣ Юрий Лобанов.

Соли 1982 Варзишгар Расул Боқиев.

0
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон