Қавонини ҷадид дар макотиби Тоҷикистон: аз тартибот дар синфхонаҳо то ошхонаву ҳоҷатхона

1063
(Таҷдидшуда 18:32 12.08.2020)
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тартиботи расмӣ барои оғози соли хониши 2020/2021 дар замони пандемия ҷорӣ намудааст
Қавонини ҷадид дар макотиби Тоҷикистон
© Sputnik /

Соли хониши имсола чун ҳарвақта на аз 1 - уми сентябр, балки аз 17 - уми август шурӯъ мешавад. Далели ба барвақтӣ оғоз шудани соли хониш, ба нотамом мондани маводҳои таълимӣ дар моҳи май рабт дода мешавад.

Зеро ба далели авҷи маризии коронавирус, таҳсил дар макотибу донишгоҳҳои Тоҷикистон қабл аз муҳлат ҷамъбаст шуд ва маводҳои таълимӣ нотамом монданд.

Бо қарори Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз 17 - уми август то 1 - уми сентябр маводҳое, ки дар моҳи май хонда нашуданд, азхуд карда мешаванд.

То шурӯъи дарс 12 рӯз монд: масъулин аз таъсири COVID-19 ба соҳаи маориф гуфтанд

Зимнан, вазорат кӯшидаст, то барои бехатарии толибилмон тартиботи расмиро ҷорӣ созад.

Ҳамин тариқ, дарсҳои дар Тоҷикистон дар се баст бо риоя шудани фосилаи иҷтимоӣ ба роҳ монда мешаванд.

Пӯшидани ниқоби тиббӣ, санҷидани ҳарорати толибилмон ва риояи фосила миёни толибилмон ва омӯзгорон аз шартҳои асосии тартибот гуфта мешавад.

Толибилмон дар соли хониши нав чӣ қадар таътил доранд? Тақвими истироҳати хонандагон

Гузашта аз ин, вазорат таъкид намудааст, ки бурдани кӯдакон ба боғча ҳатмӣ набуда, ҷойи онҳо новобаста аз ин, нигоҳ дошта мешавад.

Дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, мусиқӣ ва тайёрии ҳарбӣ бояд берун аз синфхона гузаронда шаванд. Вазорат талаб намудааст, ки синфхонаҳо, долону ошхона ва ҳоҷатхона бояд пайваста бо маводҳои безараргардонида дорупошӣ шаванд.

1063
Барчаспҳо:
вазорати маориф, соли хониш, Тоҷикистон

Қоидаҳои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон

1300
(Таҷдидшуда 18:19 22.09.2020)
Давлати Ӯзбекистон сар аз аввали октябр маҳдудиятҳои вуруд ва хурӯҷ ба ин кишварро дар бахшҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан ва заминӣ бо риояти муқаррароти қарантина ва беҳдоштӣ лағв мекунад
Қоидаи вуруд ба Ӯзбекистон ҳангоми пандемия

Бар асоси тасмими Комиссияи вижаи мубориза бо вируси корона дар Ӯзбекистон, маҳдудият барои тараддуди шаҳрвандон ва васоили нақлиёт аз тариқи гузаргоҳҳои марзӣ коҳиш меёбад.

Маҳдудиятҳо аз 1 октябри соли равон барои сайёҳон сабуктар мешавад.   

Афроде, ки аз тариқи гузаргоҳҳои заминӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон ба ин кишвар ворид шаванд пас аз тести вируси корона барои қарантинаи 14 рӯза ба меҳмонхонаҳо эъзом хоҳанд шуд.

Парвозҳо низ ба дараҷаҳои “сурх”, “зард” ва “сабз” тақсимбандӣ шудааст ва афроди ворид шуда бо парвоз аз тариқи кишварҳои “сабз” шомили Чин, Таиланд, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Венгрия, Финляндия, Латвия, Утриш ва Япония метавонанд бидуни маҳдудият вориди Ӯзбекистон шаванд.

Афрод муқими кишварҳои “зард” монанди Озарбойҷон, Беларус, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ғайр аз Англия ва Испания ва низ манотиқи қирмиз, ки соири кишварҳои ҷаҳонро дар бар мегирад фақат дар сурати надоштани бемории вируси корона метавонанд вориди Ӯзбекистон шаванд.

Маълумоти бештар дар тавирбаёни Sputnik Ӯзбекистон

1300
Барчаспҳо:
қоидаҳои вориду хориҷ шудан, беҳдоштӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ, маҳдудият, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон дар соли 2020: кӣ, чӣ қадар имзо ҷамъ кард

653
(Таҷдидшуда 14:44 16.09.2020)
Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон коркарди ҳуҷҷатҳо ва имзои номзадҳоро ба мансаби раёсатҷумҳурии кишвар ҷамъбаст намуд
Номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон 2020 чанд имзо ҷамъ карданд
© Sputnik (sputniktj_photo)

Дар Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот кори санҷиши ҳуҷҷатҳо ва ҷамъварии имзои номзадҳо ба курсии президентиро натиҷагирӣ кард.

Ба интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 5 нафар аз номзадҳо, ки имзои кофӣ ҷамъ оварданд, роҳхат гирифтанд. Инҳо Рустам Латифзода (ҲАТ), Эмомалӣ Раҳмон (ҲХДТ), Мироҷ Абдуллоев (ҲКТ), Рустам Раҳматзода (ҲИИТ) ва Абдухалим Ғаффоров (ҲСТ) мебошанд.

Саидҷаъфар Усмонзода намоянда аз Ҳизби демократии Тоҷикистон, ҳарчанд тавонист имзоҳои кофиро ҷамъ орад, аммо аснои пешниҳод намудан ба КМИ, намояндагони ин комиссия дар гирдоварии имзоҳо ҷой доштани қонуншиканиро пайдо намуданд. Ҳамин тавр, Усмонзода аз имкони иштирок дар интихоботи президентӣ маҳрум шуд.

Тоҷикистон нозирони ИДМ-ро ба интихоботи президентӣ даъват кард

Гузашта аз ин, намояндаи ҷавон аз ВМКБ Фаромуз Иргашев, ки низ даъвои иштирок кардан дар интихоботи қарибулвуқӯро намуда буд, ба далели ҷамъ наовардани имзои кофӣ аз сабқат канор монд.

 Ҳамзамон Иброҳимҷон Юсуфбеков, ки қаблан хостори иштирок кардан дар интихоботи президентиро намуд, умуман ҳуҷҷатҳои лозимаро ба КМИ пешниҳод накард.

Ёдовар мешавем, интихоботи Президентии Тоҷикистон рӯзи 11 - уми октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Дар Тоҷикистон ҷамъан 68 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шудааст. Инчунин барои тоҷикони бурунмарзӣ низ барои иштирок намудан дар интихоботи мазкур, 39 ҳавзаи интихоботӣ омода карда мешавад.

653
Барчаспҳо:
имзо, КМИР, Тоҷикистон, Интихоботи президентӣ
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода

"Соҳибкор бо соҳибкор": Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид

21
(Таҷдидшуда 18:26 29.09.2020)
Беш аз 300 нафар дар ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ширкта карда, бо фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика ошно шуданд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Дар доираи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати рушди иқтисод, Завқизода дар ин нишаст қайд карда, ки тайи солҳои охир бо ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромад.

Манбаъ қайд карда, ки бо дастгирии ду кишвардор, баргузории чунин чорабиниҳо, ки ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд, ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар Форуми мазкур беш аз 300 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳои давлатӣ, сармоягузорон ва намояндагони бахши хусусии ду давлат иштирок намудаанд.

Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ шуда, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

"Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯрии ду ҷониба - соҳибкорони ду давлат дар сиғаи "Соҳибкор бо Соҳибкор" (B2B) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ мувофиқа ва ба имзо расонида шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Иштирокчиёни Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва баимзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд додаанд.

Манбаъ афзуда, ки тарафҳо ба мувофиқа расидаанд, ки чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро мунтазам баргузор менамоянд.

21
Барчаспҳо:
пешниҳодот ба ҷониби Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Форум, иқтисод, Душанбе