Вируси корона дар Тоҷикистон: омори дақиқи моҳи август

512
(Таҷдидшуда 14:57 02.09.2020)
Мақомоти Тоҷикистон моҳи чаҳорум аст, ки дар қаламрави кишвар бо вируси корона мубориза мебаранд
Коронавирус дар Тоҷикистон омори моҳи август
© Sputnik /

Дар Тоҷикистон баъд аз чаҳор моҳи мубориза бо ин вирус теъдоди олудашудагон ба Ковид-19 ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ дар аввали моҳи август шумори сироятёфтагон ба ин вирус ҳар рӯз тақрибан 40 -45 нафарро ташкил медод, аммо дар нимаи дуюми моҳ ин нишондиҳанда коҳиш ёфта, ба 30 нафар расид.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар моҳи агуст шумори мубталоён ба вируси корона дар ҷумҳурӣ ба 8583 нафар расида буд. Тибқи иттилои мақомоти  Тоҷикистон, сироятёбӣ ба ин беморӣ нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар он паҳншавии вируси корона тасдиқ ёфтааст, камтар ба назар мерасад.

Новобаста аз беҳтар шудани вазъи беҳдоштӣ, дар кишвар то ҳол маҳдудиятҳое ба назар мерасад.

Аз ҷумла агар сокинон бидуни ниқоб ба ҷойҳои ҷамъиятӣ раванду қоидаҳои санитарӣ (беҳдоштӣ) вайрон кунанд аз тарафи мақомот ҷарима мешаванд. Нафароне, ки ин бемориҳои сироятӣ аз ҷумла вируси коронаро қасдан паҳн мекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ кашида мешаванд. Инчунин то ҳол дар ҷумҳури тамоми масҷидҳо баста мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, 17 августи соли равон дар Тоҷикистон  макотибу кудакистонҳо ба кори худ оғоз намуданд.

512
Барчаспҳо:
мақомот, мубориза, сироят, омор, вирус, Тоҷикистон

Қоидаҳои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон

1190
(Таҷдидшуда 18:19 22.09.2020)
Давлати Ӯзбекистон сар аз аввали октябр маҳдудиятҳои вуруд ва хурӯҷ ба ин кишварро дар бахшҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан ва заминӣ бо риояти муқаррароти қарантина ва беҳдоштӣ лағв мекунад
Қоидаи вуруд ба Ӯзбекистон ҳангоми пандемия

Бар асоси тасмими Комиссияи вижаи мубориза бо вируси корона дар Ӯзбекистон, маҳдудият барои тараддуди шаҳрвандон ва васоили нақлиёт аз тариқи гузаргоҳҳои марзӣ коҳиш меёбад.

Маҳдудиятҳо аз 1 октябри соли равон барои сайёҳон сабуктар мешавад.   

Афроде, ки аз тариқи гузаргоҳҳои заминӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон ба ин кишвар ворид шаванд пас аз тести вируси корона барои қарантинаи 14 рӯза ба меҳмонхонаҳо эъзом хоҳанд шуд.

Парвозҳо низ ба дараҷаҳои “сурх”, “зард” ва “сабз” тақсимбандӣ шудааст ва афроди ворид шуда бо парвоз аз тариқи кишварҳои “сабз” шомили Чин, Таиланд, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Венгрия, Финляндия, Латвия, Утриш ва Япония метавонанд бидуни маҳдудият вориди Ӯзбекистон шаванд.

Афрод муқими кишварҳои “зард” монанди Озарбойҷон, Беларус, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ғайр аз Англия ва Испания ва низ манотиқи қирмиз, ки соири кишварҳои ҷаҳонро дар бар мегирад фақат дар сурати надоштани бемории вируси корона метавонанд вориди Ӯзбекистон шаванд.

Маълумоти бештар дар тавирбаёни Sputnik Ӯзбекистон

1190
Барчаспҳо:
қоидаҳои вориду хориҷ шудан, беҳдоштӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ, маҳдудият, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон дар соли 2020: кӣ, чӣ қадар имзо ҷамъ кард

605
(Таҷдидшуда 14:44 16.09.2020)
Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон коркарди ҳуҷҷатҳо ва имзои номзадҳоро ба мансаби раёсатҷумҳурии кишвар ҷамъбаст намуд
Номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон 2020 чанд имзо ҷамъ карданд
© Sputnik (sputniktj_photo)

Дар Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот кори санҷиши ҳуҷҷатҳо ва ҷамъварии имзои номзадҳо ба курсии президентиро натиҷагирӣ кард.

Ба интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 5 нафар аз номзадҳо, ки имзои кофӣ ҷамъ оварданд, роҳхат гирифтанд. Инҳо Рустам Латифзода (ҲАТ), Эмомалӣ Раҳмон (ҲХДТ), Мироҷ Абдуллоев (ҲКТ), Рустам Раҳматзода (ҲИИТ) ва Абдухалим Ғаффоров (ҲСТ) мебошанд.

Саидҷаъфар Усмонзода намоянда аз Ҳизби демократии Тоҷикистон, ҳарчанд тавонист имзоҳои кофиро ҷамъ орад, аммо аснои пешниҳод намудан ба КМИ, намояндагони ин комиссия дар гирдоварии имзоҳо ҷой доштани қонуншиканиро пайдо намуданд. Ҳамин тавр, Усмонзода аз имкони иштирок дар интихоботи президентӣ маҳрум шуд.

Тоҷикистон нозирони ИДМ-ро ба интихоботи президентӣ даъват кард

Гузашта аз ин, намояндаи ҷавон аз ВМКБ Фаромуз Иргашев, ки низ даъвои иштирок кардан дар интихоботи қарибулвуқӯро намуда буд, ба далели ҷамъ наовардани имзои кофӣ аз сабқат канор монд.

 Ҳамзамон Иброҳимҷон Юсуфбеков, ки қаблан хостори иштирок кардан дар интихоботи президентиро намуд, умуман ҳуҷҷатҳои лозимаро ба КМИ пешниҳод накард.

Ёдовар мешавем, интихоботи Президентии Тоҷикистон рӯзи 11 - уми октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Дар Тоҷикистон ҷамъан 68 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шудааст. Инчунин барои тоҷикони бурунмарзӣ низ барои иштирок намудан дар интихоботи мазкур, 39 ҳавзаи интихоботӣ омода карда мешавад.

605
Барчаспҳо:
имзо, КМИР, Тоҷикистон, Интихоботи президентӣ
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020
День 28 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:44 27.09.2020)
Рӯзи бисту ҳаштуми сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии баҳр мебошад. Ҳамчунин Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бадҷаҳлӣ низ 28 сентябр ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 28 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1950 Индонезия ба ҳайати СММ шомил шуд.

Соли 1960 дар Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ фармондеҳии ягонаи қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ таъсис дода шуд.

Соли 1992 аввалин маротиба маъракаи даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Русияоғоз гардид.

Рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба тақсимот ва муайянкунии сарҳади давлатӣ ба кори худ оғоз кард, ки то 5 октябр давом ёфт.

День 26 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон форуми тиҷоратӣ баргузор гардид.

Соли 2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти савдо ва хизматрасонии маишӣ"-ро маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эмомалӣ Раҳмон  дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи "Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим" суханронӣ карда буданд.

Соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи 14-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба ифтихори 25 – солагии барқарорсозии муносиботи дипломатӣ байни ду давлат барномаи фарҳангии «Шоми дӯстии Тоҷикистону Корея» баргузор гардид.

Соли 2017 Барномаи рушди кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии баҳр.
  • Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бадҷаҳлӣ.
  • Дар Русия – Рӯзи кормандони саноати атомӣ.

Рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1898-1940) Ходими давлатӣ Сурен Шадунс.

Соли 1951 Риёзидон  Сайфулло Бобоев.

Соли 1954 доктори илмҳои таърих, профессор Музаффар Олимов.

Соли 1957 Ходими намоёни давлатӣ Муҳаммад Шарифов.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон