Русия ба Тоҷикистон чанд тести COVID - 19 равон кард

185
(Таҷдидшуда 17:13 08.09.2020)
Русия ба 39 кишвари дунё беш аз 1 миллион тест равон кардааст. 66% - и онҳо ба давлатҳои ИДМ, Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ рост меояд
Ёрии Русия ба давлатҳои ҳамҷавор дар мубориза бо COVID-19

Русия бо ҳамагирии коронавирус натанҳо дар қаламрави худ мубориза мебарад, балки ба дигар кишварҳо низ кумак мекунад. То 4 сентябр Русия ба 39 мамолик ёрӣ расонидааст.

Аз Роспотребнадзор ба оҷонсии Sputnik хабар доданд, ки дар умум муассисаҳои тандурустӣ дар сар то сари ҷаҳон 10 662 маҷмӯъа барои 1 066 200 озмоиш ва 1054,700 барои омодасозии намуна барои таҳқиқот дастрас кардааст.

Қисми бештари кумакҳо ба кишварҳои ҳамсояи ФР (ИДМ, Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ) - 6 997 маҷмӯъ барои  699 700 озмоиш ва 737 200 реагентҳо барои таҳқиқот равон карда шудааст.

Миёни кишварҳои Шарқи наздик бузургтарин кумакро барои озмоиши COVID-19, Қирғизистон - 1570 тест барои 157 000 озмоиш ва 157 000 реагентҳо барои омодасозии намуна ҷиҳати озмоиш, 10 дастгоҳи бидуни тамос барои санҷидани ҳарорати бадан гирифтааст.

Дар ҷои дуюм Ӯзбекистон - 1385 маҷмӯъ барои 138 500 озмоиш ва 138 500 реагентҳо барои омода намудани намуна ҷиҳати таҳқиқот. Дар мақоми сеюм Арманистон бо 1000 маҷмӯъ тест ва 7 дастгоҳи бидуни тамос барои санҷидани ҳарорати бадан, меистад.

Русия ба Тоҷикистон 70 000 тест равон кардааст - кишвар аз ҷиҳати қабул кардани кумак аз ФР, дар ҷои панҷум меистад.

185
Барчаспҳо:
вируси нав, тест, Русия, Тоҷикистон

Қоидаҳои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон

847
(Таҷдидшуда 18:19 22.09.2020)
Давлати Ӯзбекистон сар аз аввали октябр маҳдудиятҳои вуруд ва хурӯҷ ба ин кишварро дар бахшҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан ва заминӣ бо риояти муқаррароти қарантина ва беҳдоштӣ лағв мекунад
Қоидаи вуруд ба Ӯзбекистон ҳангоми пандемия

Бар асоси тасмими Комиссияи вижаи мубориза бо вируси корона дар Ӯзбекистон, маҳдудият барои тараддуди шаҳрвандон ва васоили нақлиёт аз тариқи гузаргоҳҳои марзӣ коҳиш меёбад.

Маҳдудиятҳо аз 1 октябри соли равон барои сайёҳон сабуктар мешавад.   

Афроде, ки аз тариқи гузаргоҳҳои заминӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон ба ин кишвар ворид шаванд пас аз тести вируси корона барои қарантинаи 14 рӯза ба меҳмонхонаҳо эъзом хоҳанд шуд.

Парвозҳо низ ба дараҷаҳои “сурх”, “зард” ва “сабз” тақсимбандӣ шудааст ва афроди ворид шуда бо парвоз аз тариқи кишварҳои “сабз” шомили Чин, Таиланд, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Венгрия, Финляндия, Латвия, Утриш ва Япония метавонанд бидуни маҳдудият вориди Ӯзбекистон шаванд.

Афрод муқими кишварҳои “зард” монанди Озарбойҷон, Беларус, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ғайр аз Англия ва Испания ва низ манотиқи қирмиз, ки соири кишварҳои ҷаҳонро дар бар мегирад фақат дар сурати надоштани бемории вируси корона метавонанд вориди Ӯзбекистон шаванд.

Маълумоти бештар дар тавирбаёни Sputnik Ӯзбекистон

847
Барчаспҳо:
қоидаҳои вориду хориҷ шудан, беҳдоштӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ, маҳдудият, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон дар соли 2020: кӣ, чӣ қадар имзо ҷамъ кард

503
(Таҷдидшуда 14:44 16.09.2020)
Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон коркарди ҳуҷҷатҳо ва имзои номзадҳоро ба мансаби раёсатҷумҳурии кишвар ҷамъбаст намуд
Номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон 2020 чанд имзо ҷамъ карданд
© Sputnik (sputniktj_photo)

Дар Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот кори санҷиши ҳуҷҷатҳо ва ҷамъварии имзои номзадҳо ба курсии президентиро натиҷагирӣ кард.

Ба интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 5 нафар аз номзадҳо, ки имзои кофӣ ҷамъ оварданд, роҳхат гирифтанд. Инҳо Рустам Латифзода (ҲАТ), Эмомалӣ Раҳмон (ҲХДТ), Мироҷ Абдуллоев (ҲКТ), Рустам Раҳматзода (ҲИИТ) ва Абдухалим Ғаффоров (ҲСТ) мебошанд.

Саидҷаъфар Усмонзода намоянда аз Ҳизби демократии Тоҷикистон, ҳарчанд тавонист имзоҳои кофиро ҷамъ орад, аммо аснои пешниҳод намудан ба КМИ, намояндагони ин комиссия дар гирдоварии имзоҳо ҷой доштани қонуншиканиро пайдо намуданд. Ҳамин тавр, Усмонзода аз имкони иштирок дар интихоботи президентӣ маҳрум шуд.

Тоҷикистон нозирони ИДМ-ро ба интихоботи президентӣ даъват кард

Гузашта аз ин, намояндаи ҷавон аз ВМКБ Фаромуз Иргашев, ки низ даъвои иштирок кардан дар интихоботи қарибулвуқӯро намуда буд, ба далели ҷамъ наовардани имзои кофӣ аз сабқат канор монд.

 Ҳамзамон Иброҳимҷон Юсуфбеков, ки қаблан хостори иштирок кардан дар интихоботи президентиро намуд, умуман ҳуҷҷатҳои лозимаро ба КМИ пешниҳод накард.

Ёдовар мешавем, интихоботи Президентии Тоҷикистон рӯзи 11 - уми октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Дар Тоҷикистон ҷамъан 68 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шудааст. Инчунин барои тоҷикони бурунмарзӣ низ барои иштирок намудан дар интихоботи мазкур, 39 ҳавзаи интихоботӣ омода карда мешавад.

503
Барчаспҳо:
имзо, КМИР, Тоҷикистон, Интихоботи президентӣ
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020
Детская игрушка возле дороги

Ҳодисаҳои мудҳиши нақлиётӣ: ноболиғ духтари амакрову бобо набераро пахш кард

0
(Таҷдидшуда 11:21 23.09.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи мудҳиши нақлиёти хабар медиҳад, ки дар пайи беэҳтиётии ноболиғ сар задааст

ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik. Ба иттилои манбаъ, ҳодиса санаи 21-уми сентябри соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 17:10-дақиқа сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ноболиғ Ш.И., соли таваллудаш 2007, сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилов, бе ҳуҷҷати ронандагӣ автомашинаи тамғаи “Тайота-Фледер”-ро, ки ба амакаш Шамсов Алишер Қурбоналиевич тааллуқ дорад, гирифта, ҳангоми ҳаракат кардан дар деҳаи мазкур аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, духтари амакаш, хурдсол Шамсова Оишамо Далеровна, соли таваллудаш 2018-ро пахш намудааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, хурдсол Шамсова Оишамо Далеровна ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

ВУД мегӯяд, ҳамзамон санаи  22-юми сентябр, тахминан соатҳои 22:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Старекс", Қушоқов Хушбахт Холмирзоевич, соли таваллудаш 1968, сокини ҷамоати деҳоти Ҷавкандаки шаҳри Истаравшан, аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, дар назди манзили истиқоматиаш набераи ноболиғаш, Қушоқов Амир Давлатназарович, соли таваллудаш 2015-ро пахш намудааст.

Ҳалокати як ноболиғ ва ду ҷавон дар ду садамаи маргбор

Гуфта мешавад дар натиҷа, ноболиғ Қушоқов А.Д. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

0
Барчаспҳо:
фавт, ноболиғ, садамаи маргбор, Тоҷикистон