Интихобот-2020: ҳавзаҳои интихоботӣ дар Русия

182
(Таҷдидшуда 18:00 05.10.2020)
11 октябри соли равон дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав интихоботи президентӣ баргузор мегардад
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар  кадом шаҳрҳои Федератсияи  Русия имкони овоздиҳиро доранд
© Sputnik

Сафорат эълон кардааст, ки ҳамчунин эълон кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, дар ҳавзаҳои интихоботие, ки дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа ташкил карда шудааст, имкон дорандт ба номзади дилхоҳи худ овоз диҳанд.

Гуфта шудааст, ки ҳар нафаре, ки дар Русия ба сар мебарад ва ба синни 18-солагӣ расидааст ба интихоботи раисҷумҳури Тоҷикистон даъват карда мешавад.

Ҳар нафаре, ки барои овоздиҳӣ меояд бояд бо худ шиносномаи Тоҷикистон дошта бошад, чун маҳз бо ҳамин ҳуҷҷат барои овоздиҳанда варақаи овоздиҳӣ дода мешавад. Инчунин сафорат аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки зимни овоздиҳӣ аз қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намоянд ва ба ҳавзаҳои интихоботӣ бо ниқобу дастпушак ҳозир шаванд.   

Эмомалӣ Раҳмон, номзади Ҳизби халқии демокротӣ, Рустам Латифзода, номзади Ҳизби кишоварзӣ, Абдулҳалим Ғаффоров, номзади Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев, номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябри ин кишвар рақобат хоҳанд кард.

182
Барчаспҳо:
Маскав, сафорат, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон

Рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон

192
(Таҷдидшуда 15:05 15.10.2020)
Ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон ва ҳаҷми маҳсулоти пешниҳодкардаи онҳо чӣ гуна тағир ёфтанд - ба инфографикаи Sputnik Тоҷикистон нигаред
Хоҷагиҳои деҳқонӣ
© Sputnik

Дар Тоҷикистон дар 20 соли охир ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ хеле афзудааст.

Бояд гуфт, ки 93 дарсад қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Дар айни замон, масоҳати умумии барои зист мувофиқ каме бештар аз 140 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад ва тақрибан 5,5 километри мураббаъ барои зироаткорӣ мувофиқ аст.

Дар аввали моҳи январи соли 2020 дар ҷумҳурӣ 171,9 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуд буданд. Нисбат ба соли 2014 шумораи онҳо 2,7 маротиба афзудааст.

Инчунин бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон тақрибан 60% қувваи кории кишоварзиро занон ташкил медиҳанд. 

Ҳамин тариқ, дар тӯли 6 сол шумораи занони роҳбар тақрибан се маротиба афзудааст, имрӯз беш аз 38 ҳазор зан роҳбар шуданд.

Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи озуқаворӣ ва кишоварзӣ (FAO) дар Тоҷикистон чунин мешуморанд, ки эътирофи нақши муҳими занон дар соҳаи кишоварзии кишвар ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар деҳот мусоидат хоҳад кард.

Трактор барои деҳқонон: Тоҷикистон ҳоло ҳам ба техникаи нави кишоварзӣ ниёз дорад

Аз рӯи миқдори маҳсулоти кишоварзии истеҳсолнамудаи хоҷагиҳо, ҷои аввалро вилояти Хатлон ишғол мекунад.

Дар соли 2019 вилоят ба маблағи 14,4 миллион сомонӣ маҳсулот фурӯхтааст. Аз ин 10 миллион сомонӣ ба зироаткорӣ ва беш аз 4 миллион ба чорводорӣ рост меояд.

Дар ҷои дуюм аз рӯи истеҳсолот вилояти Суғд - 8,1 млн.

Хатлон инчунин дар истеҳсоли пахтаи хом пешсаф аст. Соли гузашта дар он ҷо зиёда аз нисфи пахтаи ҷумҳурӣ - зиёда аз 266 ҳазор тонна ҷамъоварӣ карда шуд.

Инчунин бояд қайд кард, ки баъзе омилҳое, ки ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ халал мерасонанд.

Аз ҷумла гарон будани нархи техникаи кишоварзӣ, рушди сусти шабакаи миёнарав, низоми сусти қарздиҳӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин сатҳи пасти тайёрии соҳибкорон мебошад.

192
Барчаспҳо:
хоҷагиҳои деҳқонӣ, рушд, Тоҷикистон

Натиҷаи интихоботи президентии 2020 дар ҶТ

1628
(Таҷдидшуда 11:24 12.10.2020)
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистонро эълон кард

Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр баргузор шуд.

Аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Эмомали Рахмон в день выборов Таджикистана
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Ба ҷонибдории номзади Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзода 127, 72 овоз яъне 3,3 %, Ҳизби сотсиалист Абдуҳалим Ғаффорзода 62, ҳазору 835 овоз 1, 49%, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Рустам Раҳматзода 90 ҳазору 587 овоз,  2,19 % ва Ҳизби коммунистӣ Мироҷ Абдуллоев – ҳамагӣ 49 ҳазору 212 овоз яъне 1, 17 %-и интихобкунандагон овоз доданд.

Бино ба маълумоти КМИР, дар интихоботи президенти Тоҷикистон аз шумори умумии 4 млн. 221 ҳазору 76 - нафар интихобкунадагон 85,39%-и интихобкунандагон ширкат карданд.

Ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 122 нафар нозирони байнулмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ), ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф оварданд.

1628
Барчаспҳо:
президентӣ, интихобот, натиҷа, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков и премьер-министр Садыр Жапаров на внеочередном заседании Жогорку Кенеша в госрезиденции Ала-Арча. Архивное фото

Жээнбеков аз тарс истеъфо дод? ҷавоби Ҷопаров

0
(Таҷдидшуда 00:24 21.10.2020)
Содир Ҷопаров ба хабарнигори Al Jazerra дар бораи иттиҳомоте, ки гӯё ӯ ва тарафдоронаш бо роҳи тарсонидан сари қудрат расидаанд, тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷапаров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Ал Ҷазерра гуфт, ки ҳеҷ кас собиқ кишвардор - Сооронбай Жээнбековро барои истеъфо натарсонда буд.

 

Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод: вакилон қарсак заданд

Хабарнигор аз Ҷапаров дархост намуд, ки иттиҳомот алайҳи ӯ ва тарафдорона, ки гӯё бо роҳи тарсондан сари қудрат омаданд, тавзеҳ диҳад.

"Сару садоҳо дар мавриди он ки, гӯё ман бо роҳи таҳдиду зӯроварӣ сари қудрат омадам, нодуруст аст. Агар мо метарсондем ва таҳдид мекардем, президенти фирорӣ Жээнбеков барнамегашт. Мо ба ӯ пешниҳод кардем то биёяд ва мушкилиро аз роҳи қонунӣ ҳал кунем, нагузорем, ки корхонаҳо аз кор монанд ва иқтисодиёт сукут кунад.... Ҳамаи кор бо музокирот анҷоми. Касе дасту пойи ӯро тоб надода буд", - шарҳ дод Ҷопаров.

Сарвазир ҳамчунин таъкид намуд, ки баъзе одамон дидаву дониста маълумоти бардурӯғ паҳн мекарданд, ки гӯё ҷонибдорони ӯ аснои эътирозҳо сангу шиша ҳаво медоданд.

Ёдовар мешавем, дар Қирғизистон пас аз интихоботи парлумонӣ, ноамниҳо сар заданд ва дар фарҷом кишвардор Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод.

0
Барчаспҳо:
истеъфо, Сооронбой Жээнбеков