Тақвими рӯзҳои Ид дар Тоҷикистон дар соли 2021

660
(Таҷдидшуда 14:17 15.11.2020)
Ҳамасола дар Тоҷикистон, ҷашнҳои зиёде аз қабили идҳои давлатӣ, мазҳабӣ ва байналмилалӣ таҷлил мешаванд
© Sputnik

Тақвими рӯзҳои Ид дар Тоҷикистон ҳамасола бо ҷашнҳои нав пурра мешавад.

Ба тақвими соли 2021 низ ҷашни нав ворид шуд. Ин Ид дар Қонуни кишвар дар бораи ҷашнҳо ворид карда мешавад.

Ба гуфти доктори илми таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Қосимшо Искандаров ҷашни нави борон - "Тиргон" бояд ояндаи наздик расман дар тақвими Рӯзҳои Иди Тоҷикистон дароварда шавад.

Тақвими рӯзҳои Ид дар Тоҷикистон дар соли 2020

"Эҳтимолан ин ҷашни аҷдодии мо тобистон, моҳи июл таҷлил мешавад. Вале санаи дақиқро комиссияи вижаи Академияи илмҳои Тоҷикистон муайян мекунад", - гуфт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон, Искандаров.

Дар баробари ин ҷашнҳои давлатӣ, байналмилалӣ ва касбӣ сол то сол бетағйир мемонанд.

Чун соли гузашта, дар тақвими соли 2021 низ 12 рӯзи истироҳат ҷой дода шудааст.

Аз ҷумла Соли нав, Рӯзи модарон, Рӯзи ғалаба, Рӯзи истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи конститутсия.

Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки расман се рӯз таҷлил мешавад, солҳои пеш дар Тоҷикистон як ҳафта истироҳатӣ буд. Дар соли 2021 дар ин бора то ҳол маълум нест.

Дар баробари ин ҷашнҳои мазҳабӣ низ дар Тоҷикистон истироҳат хоҳад буд. Ин Иди Рамазон, ки эҳтимолан рӯзи 11 май ва Иди Қурбон - 19 июл мебошад.

Бояд қайд кард, ки Рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон ҳамасола аз ҷониби Шӯрои уламои кишвар муайян карда мешавад.

Дар умум дар Тоҷикистон 22 ҷашни миллӣ ва 20 ҷашнҳои кабиро таҷлил мекунад.

Чанд рӯзи истироҳат ва ид тоҷикистониёнро дар соли 2021 интизор аст, аз тақвими Sputnik Тоҷикистон огаҳ шавед.

660
Барчаспҳо:
истироҳат, рӯз, ид, Тоҷикистон

Тағйирот дар ҳаёти харидрасонҳо дар Русия

137
(Таҷдидшуда 20:24 03.12.2020)
Муҳоҷирон хеле зиёд колою ғизоро то хонаҳо мерасонанд. Аммо хеле кам нафарон андеша мекунанд, ки дар ҳаёти харидрасонҳо дар пандемия чӣ тағйир ёфт
Ҳаёти пайк – курйерҳо дар пандемия чӣ гуна тағйир ёфт
© Sputnik

Пандемияи коронавирус ба ҳайёти харидрасонҳо низ таъсири калон расонд. Бархеяшон корро аз даст доданд, қисмеи дигар кори нав бо маоши баландтар ёфтанд. Чун дар замони хонашинии сартосарӣ талабот ба хадамоти харидрасонҳо афзоиш ёфт.

Тибқи омори hh.ru, пандемия воқеан вазъ дар бозори харидрасониро тағйир дод. Барои мисол қариб дар ҳамаи соҳаҳо талабот ба харидрасонҳо афзоиш ёфт, ба истиснои IT ва хадамот барои соҳибкорӣ.

Довталабони кори харидрасонӣ низ ҳам миёни мардҳо ва ҳам миёни занҳо афзоиш ёфт. Хоҳишмандони кор дар ин соҳа миёни муҳоҷирони меҳнатӣ низ зиёд шудааст.

Довталабони аз ҳама зиёди кори зархаридӣ шаҳрвандони Қирғизистон, сипас Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Украина мебошанд.

Ин дар ҳолест, ки на танҳо довталабони ҷои холии корӣ дар бахши харидрасонӣ зиёд мешавад, инчунин маоши миёнаашон низ афзоиш ёфтааст.

Агар охири соли 2019 харидрасон моҳе ҳудуди 40 ҳазор рубл маош мегирифт, моҳи октябри соли 2020 ин нишондод аллакай ба 50 ҳазор рубл баробар шуд.

137
Барчаспҳо:
хона, муҳоҷир, Русия

Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи ноябр

141
(Таҷдидшуда 19:29 01.12.2020)
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон гирифторони коронавирус рӯ ба афзоиш ниҳод. Дар ҳамин ҳол, шумораи ҳолатҳои ошкоргардида дар як рӯз назар ба моҳи гузашта кам шудааст
Коронавирус дар Тоҷикистон: омори ноябрӣ
© Sputnik

Бино бар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шумораи гирифтори корнавирус дар кишвар дар як рӯз дар моҳи ноябр рӯ ба коҳиш ниҳодааст.

Рӯзҳои ахири ҳафта дар ҷумҳурӣ на зиёд аз 45 нафар бемор дар як рӯз ошкор мегардид. Дар ҳамин ҳол шумораи сиҳатёфтагон азCOVID-19 дар ҳар як рӯзи аввали моҳи ноябр аз 50 то 60 нафар гуфта мешуд, охирҳои моҳ ин нишондод то 40 кас кам гардид.

Ҳамчунин, дар як моҳи ахир аз коронавирус дар Тоҷикистон 4 кас ҳалок шуданд.

Ҳамагӣ аз оғози ҳамагирӣ аз инфексияи намуди нав дар Тоҷикистон 12 194 тан сироят ёфта, 11599 кас шифо ёфтаанд ва аз ин маризӣ 86 тан ҳалок шудаанд.

Вазорат омори навро гуфт: шумораи мубталоёни коронавирус дар Тоҷикистон аз 12 ҳазор гузашт

Ҷумҳурӣ чун пештара аз рӯи шумораи гирифторони коронавирус дар Осиёи Марказӣ ҷои чорумро мегирад. Дар ҷои авал Қазоқистон(131 659), дувум Қирғизистон (72 807), севум - Ӯзбекистон (72 920).

Туркманистон то ҳол ягона кишварест дар Осиёи Макразӣ, ки расман ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Тоҷикистон маҳдудиятҳои ҷоришуда дар пайи пандемия идома доранд. Чанде пеш Сироди мубориза бо коронавирус қарор дод, ки таҷлили Соли нав дар кишвар лағв мешавад. 

Мурда зинда шуд: пирамарде пас аз "марг" аз коронавирус ба манзилаш баргашт

Дар ҳамин ҳол, моҳи ноябр дар зиндонҳои Тоҷикистон иҷозат шуд, ки маҳбусон бо наздиконашон дидор кунанд.

Аз 29 ноябр дар кишвар парвозҳои дохилӣ бақарор карда шуданд. Дар Русия бошад муҳоҷирон метавонад ба хатсайрҳои чартерӣ бидуни номнавис шудан аз нуқтаҳои билетфурӯшӣ озодона чипта харанд.

141
Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, акс аз бойгонӣ

Зариф гуфт, Эрон дубора дар бораи тавофуқоти ҳастаӣ музокирот намекунад

0
Вазири умури хориҷаи Эрон мегӯяд, ИМА бояд бидуни шартгузориҳои ҷадид ба тааҳудоташ дар тавофуқи ҳастаии Барҷом ҳамон тавре, ки дар қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид омадааст, амал кунад

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷии Эрон, зимни нишасти маҷозии гуфтугӯҳои Медитарона гуфт, барои он чизе, ки дар тавофуқи ҳастаӣ ба даст оварданд, дубора музокира нахоҳанд кард.

“Урупо ва Амрико бояд ба иҷрои тавофуқи ҳастаӣ тааҳуд дошта бошанд ва Амрико ҳам дар ҷойгоҳе нест, ки бихоҳад шарт бигзорад. Агар тарафҳои Барҷом ба тааҳудоташон амал накунанд, қонуни "иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат аз  ҳуқуқи миллати Эрон” иҷро хоҳад шуд",- гузориш дод радиои тоҷикии Садои Хуросон аз қавли вазири умури хориҷаи Эрон.

Манбаъ афзуд, бар асоси қонуни "иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат ё худ ҳифозат аз ҳуқуқи миллати Эрон", ки 9 модда дорад, давлати Эрон муваззаф аст дар сурати иҷро нашудани тааҳудоти кишварҳои тарафи тавофуқи ҳастаӣ, як моҳ пас аз тасвиби ин қонун иҷрои довталабонаи санади протоколи илҳоқиро мутаваққиф кунад.

Протоколҳои илҳоқӣ санадест, ки ба муҷиби он кишварҳои узви МАГАТЭ ба бозрасони агентӣ иҷозаи бозрасӣ аз ҳар маконе, ки зарурӣ бидонанд, медиҳанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар вокуниш ба сукути се кишвар - Олмон, Фаронса ва Англия дар қиболи террори доктор Муҳсин Фахризода донишманди ҳастаии Эрон гуфт: "Террори доктор Фахризода як таҷовузи байналмилалӣ аст ва мо ҳанӯз мунтазирем Англия, Фаронса ва Олмон онро маҳкум кунанд".

0
Барчаспҳо:
БАРҶОМ, созишнома, тавофуқи ҳастаӣ, Эрон