Дар куҷо ва чӣ қадар хориҷиён имкони кор дар Русия доранд

328
(Таҷдидшуда 19:39 18.11.2020)
Русия ҳиссаи талабот ба хориҷиён барои кор дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиро дақиқ кард. Тасвирбаён ба суоли дар куҷо ва чӣ миқдор хориҷиён метавонанд дар Русия кор кунанд, посухи дақиқ дорад
Дар куҷо ва чӣ теъдод хориҷиён метавонанд дар Русия кор кунанд
© Sputnik

Сарвазири Русия Михаил Мишустин ахиран муайян намуд, ки соли 2021 дар соҳаҳои гуногуни ин кишвар чӣ миқдор хориҷиён имкони фаъолият карданро доранд.

Ҳамин тариқ, фоизи хориҷиён аз шумораи умумии кормандоне, ки метавонанд дар як ширкати русӣ кор кунанд, муайян карда шуданд.

Муайян шудааст, ки аксари муҳоҷирон метавонанд дар сохтмон кор кунанд. Дар чунин ширкатҳо, ҳиссаи коргарони хориҷӣ метавонад то 80 дарсадро ташкил диҳад. Инчунин, шумораи зиёди коргарони хориҷӣ нисбат ба шаҳрвандони Федератсияи Русия метавонанд дар таъмири бинову тоза кардани ҳудудҳо  кор кунанд. Дар ин ҷо истифода бурдани 70% хориҷиён ҷоиз аст.

Бино бар пандемия 75 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав бекор монданд

Нисфи муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд дар соҳаҳои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва чӯбкорӣ кор кунанд.

Дар ҳамин ҳол, на бештар аз 24% ҳамаи кормандон метавонанд дар нақлиёти автомобилӣ ва 0% дар фурӯши доруҳо, инчунин дар муассисаҳои савдои ғайрисистемавӣ кор кунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки Федератсияи Русия ният дорад ба теъдоди муайяни муҳоҷирон имкони вуруд шуданро фароҳам орад.

Инчунин барои соли 2021 квотаҳо барои додани иҷозат барои иқомати муваққатӣ дар Русия коҳиш дода шуданд.

328
Барчаспҳо:
кор, муҳоҷирон, Русия

Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон: беҳбудӣ ё баръакс

121
(Таҷдидшуда 14:55 26.11.2020)
Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки пандемия ба иқтисодиёти Тоҷикистону аксар кишварҳои ҷаҳон латмаи сахт мезанад ва сатҳи камбизоатиро афзун мекунад
Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна тағйир ёфтааст
© Sputnik

Пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти кишварҳо таҳдид мекунад. Инро таҳлил карда, иқтисоддонҳо афзоиши сатҳи камбизоатиро дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ пешгӯӣ мекунанд.

Дар ин робита, Sputnik Тоҷикистон маълумотҳоро дар тӯли 30 соли ахир ҷамъ овард, то нишон диҳад, ки чи гуна омилҳои асосии иқтисодӣ ва сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ тағир ёфтааст.

Аз ҷумла, аз соли 1995 инҷониб Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиши ММД-ро ба ҳар сари аҳолӣ нишон додааст: то соли 2015 ин рақам ба 921 доллар афзоиш ёфт.

Ятимӣ, зангирӣ бо қарз, кулбаи бедар ва духонагии Президент: саргузашти Муҳаммад-видео

Инчунин, қабл аз пандемия, Тоҷикистон музди миёнаи меҳнатро афзоиш дод, аммо дар соли 2020 пардохтҳои миёнаи моҳона бинобар ихтисори кормандон ва аз ҳисоби коронавирус коҳиш ёфтанд.

Фоизи камбизоатон дар кишвар ҳар сол коҳиш меёбад: дар тӯли 10 сол шумораи онҳо 10% коҳиш ёфт.

Агар вазъро дар минтақаҳо ба назар гирем, пас вазъ дар Душанбе ва вилояти Суғд беҳтар аст. Бадтарин ҳолат дар вилояти Хатлон аст: ҳиссаи камбизоатон дар он ҷо 32,8% -ро ташкил медиҳад.

Дар рейтинги байналмилалии камбизоатӣ, Тоҷикистон дар байни 191 кишвар дар мақоми 157-ум қарор гирифтааст.

121
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, сатҳи камбизоатӣ

Тақвими мусалмонӣ барои соли 2021

1258
(Таҷдидшуда 14:13 18.11.2020)
Мусалмонон дар соли 2020 кадом рӯзҳо идҳои Рамазон ва Қурбонро ҷашн мегиранд? Ба тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон назар андозед
Тақвими мусалмонӣ барои соли 2021
© Sputnik

Солшумории мусулмонӣ аз замони ҳиҷрати Расули акрам (с) аз Макка ба Мадина оғоз шудааст.

Ин солшуморӣ дар замони хилофати ҳазрати Умар (с) бо машварати ӯ ва иҷмоъи саҳоба ҷорӣ мегардад. Аввали соли ҳиҷрии қамарӣ аз моҳи Муҳаррам шуруъ мешавад ва аз солшумории шамсӣ 11 рӯз фарқ дорад, зеро бар асоси ҳаракати Моҳ дар мадори худ ҳисоб мешавад.

Мутобиқи тақвими ҳиҷрии қамарӣ ҳоло моҳи Ҷумодал-ухро, яъне моҳи шашуми соли 1441-1442 аст. 

Ҷашнҳои муҳими мусалмононро метавонед дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед.

Масоҷид ва марказҳои мусалмонӣ дар вилояти Маскав дубора ба кор даромаданд

Рақамҳо дар кунҷи чап ба тақвими григорианӣ рабт доранд ва дар кунҷи рост ба тақвими – мусалмонӣ.

Ҷашнҳои мусалмонӣ бо ранги зард ишора шудааст.

Рӯзҳои ид ҳарсол иваз мешаванд. Рӯзҳои ҷашни онҳо аз ҷумла Идҳои Қурбон ва Рамазон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин муайян карда мешаванд. Дар Тоҷикистон ин корро Шӯрои Уламои кишвар анҷом медиҳад.

 Иди Қурбон (ид-ал-Адха) – Иди Қурбон яке аз ду иди асосии мусалмонон аст. Онро дар рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷаи тақвими қамарии исломӣ таҷлил карда, ид се рӯз идома меёбад.

1258
Барчаспҳо:
мусалмон, тақвим
Фрагмент мечети Юсуфа Хамадани (XVI в.) в древнем городе Мерве, Туркменистан

Дари масоҷид дар Туркманистон ҳамоно баста мемонад

0
(Таҷдидшуда 15:11 01.12.2020)
Ба хотири пешгирӣ аз густариши ҳамагирии коронавирус дар Туркманистон дари масоҷид то 1 январи соли 2021 баст боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар Туркманистон, ки то ҳол расман вируси корона ба қайд гирифта нушадааст, дари масҷидҳо ва зиёратгоҳҳо "то охири сол" бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ "баста хоҳад буд", - менависад торномаи "Туркменпортал" бо истинод ба муфтиёти кишвар.

"Маҳдудиятҳо барои масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои Туркманистон, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷорӣ карда шудаанд, то 1 январи соли 2021 тамдид карда мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамзамон дар масҷидҳо ҳар рӯз панҷ маротиба азон садо дода, мусалмононро барои адои намоз даъват мекунад.

Манбаъ таъкид мекунад, ки "ин чораҳо тибқи қарори Комиссияи Фавқулодаи Туркманистон оид ба мубориза бо бемориҳо аз 26 августи соли 2020 андешида шудаанд".

Масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои Туркманистон ҳанӯз рӯзи 13 июл баста шуданд.

Тибқи гузориши ҳукумат, дар Туркманистон ягон ҳолати COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон, дар кишвар пӯшидани ниқоб ҷорӣ шуда ва як қатор маҳдудиятҳо, аз ҷумла барои муассисаҳои динӣ ҷорӣ карда шудаанд.

0
Барчаспҳо:
вируси корона, маҳдудият, бастан, баста, масҷид, масҷид, Туркманистон