Тағйирот дар ҳаёти харидрасонҳо дар Русия

238
(Таҷдидшуда 20:24 03.12.2020)
Муҳоҷирон хеле зиёд колою ғизоро то хонаҳо мерасонанд. Аммо хеле кам нафарон андеша мекунанд, ки дар ҳаёти харидрасонҳо дар пандемия чӣ тағйир ёфт
Ҳаёти пайк – курйерҳо дар пандемия чӣ гуна тағйир ёфт
© Sputnik

Пандемияи коронавирус ба ҳайёти харидрасонҳо низ таъсири калон расонд. Бархеяшон корро аз даст доданд, қисмеи дигар кори нав бо маоши баландтар ёфтанд. Чун дар замони хонашинии сартосарӣ талабот ба хадамоти харидрасонҳо афзоиш ёфт.

Тибқи омори hh.ru, пандемия воқеан вазъ дар бозори харидрасониро тағйир дод. Барои мисол қариб дар ҳамаи соҳаҳо талабот ба харидрасонҳо афзоиш ёфт, ба истиснои IT ва хадамот барои соҳибкорӣ.

Довталабони кори харидрасонӣ низ ҳам миёни мардҳо ва ҳам миёни занҳо афзоиш ёфт. Хоҳишмандони кор дар ин соҳа миёни муҳоҷирони меҳнатӣ низ зиёд шудааст.

Довталабони аз ҳама зиёди кори зархаридӣ шаҳрвандони Қирғизистон, сипас Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Украина мебошанд.

Ин дар ҳолест, ки на танҳо довталабони ҷои холии корӣ дар бахши харидрасонӣ зиёд мешавад, инчунин маоши миёнаашон низ афзоиш ёфтааст.

Агар охири соли 2019 харидрасон моҳе ҳудуди 40 ҳазор рубл маош мегирифт, моҳи октябри соли 2020 ин нишондод аллакай ба 50 ҳазор рубл баробар шуд.

238
Барчаспҳо:
хона, муҳоҷир, Русия

Тағйироти нархи патент барои муҳоҷирон дар Русия дар соли 2021

927
(Таҷдидшуда 00:06 05.01.2021)
Дар бисёре аз манотиқи Русия шохиси минтақавӣ бетағйир монд, ки дар натиҷа нархи патент хеле ночиз боло рафт
Тағйироти нархи патент барои муҳоҷирон дар Русия дар соли 2021
© Sputnik

Мақомоти Русия мегӯянд, қайди иқомати муҳоҷирон дар Русия қариб ду баробар коҳиш ёфта,  теъдоди иҷозатномаҳои кору патентҳо ба андозаи сеяк кам шуд.

Нархи патент барои соли оянда дар аксари минтақаҳои Русия хеле кам тағйир меёбад. Доштани патент– яке аз шартҳои ҳатмӣ барои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба кор дар ҳудуди Русия мебошад. 

Баландтарин нархҳои патент дар ҷумҳурии Саха, ҳавзаи Ямало-Ненетск, Кабардино-Балкар, вилояти Магадан, мнтақаи Приморе ва ҷумҳурии Хакасия ба қайд гирифта шуд.

Пасттарин нархи патент дар Чеченистон, Олтой, Осетияи Шимолӣ,  Калмикия ва вилояти Астрахан ба қайд гирифта шудааст.

Дар мавриди он ки чӣ гуна нархи патентро дар ҳар минтақаи Русия ҳисоб мекунанд, дар кадом минтақа чӣ қадар нарх дорад, дар куҷо соли оянда боло рафтаасту дар куҷо поён шумо метавонед, дар тасвирбаён пайдо кунед.

927
Барчаспҳо:
патент, нарх, Русия, Тоҷикистон

Ҷамъбасти соли короноӣ дар Тоҷикистон

198
(Таҷдидшуда 12:48 31.12.2020)
Барои тоҷикистониён низ соли 2020 чун дигар бошандагони сайёра ҳамчун соли коронавирусӣ дар хотираҳо хоҳад монд
Коронавирус: ҷамъбасти сол
© Sputnik

Вируси корона ба Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳои ИДМ, ба истиснои Туркманистон дертар расид. Ишқобод ҳоло низ аз ягон ҳолати гирифторӣ ба вируси корона расман хабар надодааст.

Расман аз аввалин ҳолатҳои гирифторӣ ба вируси корона охири моҳи апрел хабар дода шуд.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз охири апрел то ҳол дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  13 ҳазору 296 нафар расидааст.

Вазорат шоми 30 декабр иттилоъ дод, ки як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 31 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор гардида, 36 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуд. Дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12799 нафар баробар гардид.

Аз замони хуруҷи ин маризӣ дар кишвар то ҳол расман 90 нафар аз коронавирус ҷон додаанд.

198
Барчаспҳо:
таманнои шифои комил, бемор, Тоҷикистон

Эмгузаронии оммавӣ алайҳи COVID-19 дар Русия оғоз мешавад-навор

0
Дар Русия аз ҳафтаи оянда, эмгузаронии оммавӣ алайҳи коронависрус оғоз мешавад. Президенти Русия, Владимир Путин дар ин бора ҳукумати кишварашро муваззаф кардааст

Раисиҷумҳури Русия зимни дастури эмгузаронии оммавии аҳолӣ таъкид карда буд, ки ваксинаи русӣ алайҳи коронавирус шароити хоси интиқолро талаб намекунад ва зарур хонд, ки инфрасохтори зарурӣ ҳарчӣ зудтар фароҳам шавад.

Ваксинаи “Sputnik V” аллакай дар бисёр кишварҳои ҳамсоя истифода мешавад. Аз ҷумла дар як пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон, ҳайати шахсӣ бо ин ваксина эмгузаронӣ шуданд.

Таъкид мешавад, ки дар ваксинагузаронӣ ҳама чиз ихтиёрӣ, бо розигии хаттии ҳайати низомӣ ва ҳам дигар гуруҳи шаҳрвандон сурат мегирад.

Дар Беларус "Sputnik V"-ро аввалин шуда, табибон гирифтанд.  Баъдтар, дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 5,5 миллион нафар эм карда мешаванд.

Дар Қазоқистон ваксинагузаронӣ ҳанӯз оғоз нашудааст, аммо дар Караганда истеҳсоли доруи Русия аллакай дар авҷ аст. 

Дар Украина низ ба "Sputnik V" таваҷҷуҳ доранд. Онҳо аллакай ба ҷамъоварии имзоҳо барои сабти ном ва истеҳсоли ваксинаи Русия шурӯъ кардаанд.

Bloomberg самаранокии ваксинаи русии "Спутник V" -ро тасдиқ кард

Барои онҳое, ки имкони эмгузаронӣ ҳанӯз ба даст наомадааст, хабари хуш низ ҳаст: Озмоишҳои иловагии пӯсти тӯс барои пешгирии коронавирус ба анҷом расиданд. Даво аз ҷониби олимони ёқутистонӣ сохта шудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки он хавфи бемориҳоро кам мекунад ва инчунин раванди барқарорсозиро осон месозад.

0
Барчаспҳо:
вируси корона, беморӣ, навор, Русия, Русия