Тоҷикистонро дар ИИАО чӣ интизор аст?

Обуна шудан
Пайвастани Тоҷикистонро ба ИИАО метавон бо як қиморбозӣ муқоиса кард: паси бурди калон хатарҳои зиёде нуҳуфтааст

Тоҷикистон ҳоло ҳам масъалаи пайвастан ба ИИАО - ро баррасӣ дорад. Коршиносони Бонки рушди АвруОсиё таҳлил карданд, ки Тоҷикистон аз пайвастан чӣ бурд мекунаду чӣ бой медиҳад. 

Бозори ғизоӣ дар Челябинск. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бозори озуқавории Осиёи Марказӣ бояд ИИАО-ро танзим кунад

Бино ба арзёбии таҳлилгарон Тоҷикистон, то замони ҳамагирии коронавирус дар рушди ММД натиҷаҳои хуб нишон медод. Ба паст шудани сатҳи фақр нигоҳ накарда, шумораи ниёзмандон ҳамоно зиёд боқӣ мемонад.

Сабабҳои зиёде ҳаст, ки ба рушди иқтисоди Тоҷикистон халал мерасонад: аз мушкилии ҷуғрофӣ ва инзивои нақлиётӣ то бори гарони андоз ва захираҳои маҳдуди инсонӣ.

Агар Тоҷикистон ба ИИАО пайвандад, дар навбати аввал савдои хориҷии худро рушд медиҳад.

Низоми содиротии Иттиҳод метавонад воридоти Тоҷикистонро пурра карда то 41,5 дарсад расонад. Дар навбти худ, потенсиали содиркунии кишвар низ амалӣ мешавад. 

Аз иқтидори умумии 347,6 миллион доллари амрикоӣ, Тоҷикистон метавонад беш аз 70 миллионашро, асосан тавассути тиҷорат бо Русия ва Қазоқистон амалӣ кунад.

Дар сурати пайвастан ба ИИАО Тоҷикистон бештар дар соҳаи бозори ягонаи меҳнат бурд мекунад. Ҳам барои муҳоҷирон ва ҳам барои давлат ин судманд хоҳад буд.

Доиншкадаи давлатии санъати Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Таҳлилгар: Чин монеаи вуруди Тоҷикистон ба ИИАО мешавад

Муҳоҷирони тоҷик бартариятҳои дигаре пайдо хоҳанд кард: созишномаи ИИАО мавқеъи ҳуқуқии муҳоҷирон ва узви хонаводаашон, муносибатҳои корӣ, масъалаҳои суғуртаи иҷтимоиро муайян хоҳад кард.

Шомилшавӣ ба ИИАО инчунин имкониятҳои навро барои тиҷорат фароҳам меорад: заминаи меъёрӣ васеъ мегардад, ММД афзоиш меёбад, имкониятҳои нави сармоягузорӣ боз мешаванд ва фурӯши молҳо дар бозорҳои нав осонтар мегардад.

Эҳтимол аст, ки пайвастан ба ИИАО ба ҳалли масъалаи энергетикӣ, ҳавасмандгардонии рушди амнияти озуқаворӣ ва инчунин тағйир додани вазъи харитаи нақлиёти кишвар мусоидат мекунад.

Аммо, хавфҳо низ вуҷуд доранд: пеш аз ҳама, савдои хориҷӣ тағйир хоҳад ёфт. Тоҷикистон бо сабаби коҳиш ёфтани гардиши савдо бо Чин, Эрон ва Туркия як қисми даромади худро аз даст медиҳад. Ҷараёни сармоягузорӣ аз Чин низ коҳиш хоҳад ёфт, ки ин танҳо ба афзоиши қарз оварда мерасонад.

Дар омади гап, ширкатҳои қарздиҳӣ низ метавонанд миқдори сармоягузориро кам кунанд. Ғайр аз он, дар байни ӯҳдадориҳои СУС ва меъёрҳои ИИАО ифтилоф ба амал меояд.

Хатари дигаре, ки Тоҷикистон метавонад бо он рӯ ба рӯ шавад аз ҷойе меояд, ки кишвар интизораш набуд: ҳар қадаре ки шароити муҳоҷирон беҳтар шавад, ҳамон қадар шумораи бештари шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ меоянд ва ҳатто шаҳрвандии кишварҳои узви ИИАО - ро қабул мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0