Ҷамъбасти соли короноӣ дар Тоҷикистон

261
(Таҷдидшуда 12:48 31.12.2020)
Барои тоҷикистониён низ соли 2020 чун дигар бошандагони сайёра ҳамчун соли коронавирусӣ дар хотираҳо хоҳад монд
Коронавирус: ҷамъбасти сол
© Sputnik

Вируси корона ба Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳои ИДМ, ба истиснои Туркманистон дертар расид. Ишқобод ҳоло низ аз ягон ҳолати гирифторӣ ба вируси корона расман хабар надодааст.

Расман аз аввалин ҳолатҳои гирифторӣ ба вируси корона охири моҳи апрел хабар дода шуд.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз охири апрел то ҳол дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  13 ҳазору 296 нафар расидааст.

Вазорат шоми 30 декабр иттилоъ дод, ки як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 31 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор гардида, 36 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуд. Дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12799 нафар баробар гардид.

Аз замони хуруҷи ин маризӣ дар кишвар то ҳол расман 90 нафар аз коронавирус ҷон додаанд.

261
Барчаспҳо:
таманнои шифои комил, бемор, Тоҷикистон

Танку тӯпу зиреҳпӯш: қудрати ҳарбии Тоҷикистон дар рақамҳо

1096
(Таҷдидшуда 18:25 22.01.2021)
Дар Тоҷикистон ҳамасола барои мусаллаҳшавӣ тақрибан 79 миллион доллар масраф мекунанд. Sputnik Тоҷикистон муайян кард, ки маҷмааи мудофиаи дохилӣ аз чӣ иборат аст
Қудрати ҳарбии Тоҷикистон - 2021
© Sputnik

Дар рейтинги навшудаи байналмилалии қудрати ҳарбӣ, Тоҷикистон аз қатори 138-и имконпазир мақоми 99-умро ишғол кардааст.

Тибқи маълумоти нашркардаи ширкати байналмилалии Global Firepower, мавқеи ҷумҳурӣ дар тӯли сол тағйир наёфтааст. Дар артиши Тоҷикистон нӯҳ ҳазор нафар ҳузур доранд. Ин 0,1% аз шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳад. Маълум аст, ки Тоҷикистон дар соли 2020 барои мудофиа ва силоҳ 79 миллион доллар ҷудо кардааст.

Аз миёни таҷҳизоти техникии ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз ҳама беш техникаи зиреҳпӯш - 400 адад, мавҷуд аст. Сипас дар ин феҳраст танкҳо қарор доранд, ки шумораи умумии онҳо 253 адад аст.

Гузашта аз ин, дар низоми захиравии кишвар 125 маҷмааи мушакӣ, 80 тӯп ва 20 чархбол қарор доранд.

Қонуни нави хизмати ҳарбӣ: маблағу тартибро Ҳукумат муайян мекунад

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ӯзбекистон қавитарин артишро дорад, ки бо 50 000 сарбозаш дар ҷои 51-ум қарор гирифта, ба ин соҳа 15 миллиард доллар масраф мекунад.

Қирғизистон каме болотар аз Тоҷикистон, дар хатти 93 қарор дорад, ки 11 000 сарбоз ва 20 миллион доллари амрикоӣ барои силоҳ солона харҷ мекунад.

Буҷаи мудофиавии Афғонистону Қазоқистон 4 миллиард доллар ва аз Туркманистон 800 миллион доллар мебошад.

1096
Барчаспҳо:
ҳарбӣ, қувва, Тоҷикистон

Хароҷоти буҷаи Тоҷикистон дар соли 2021

105
(Таҷдидшуда 13:50 18.01.2021)
Хароҷоти умумии буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2021 аз 27,6 миллиард сомонӣ зиёд хоҳад шуд. Маблағҳо ба куҷо масраф мешаванд: аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бинед
Хароҷоти буҷаи Тоҷикистон дар соли 2021
© Sputnik

Тибқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, дар соли 2021 қисми хароҷоти буҷаи давлатӣ нисбат ба соли 2020 6,1% зиёдтар аст.

Манбаъҳои ташаккули буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2021 андозҳо (18,8 миллиард сомонӣ), даромадҳои ғайриандозӣ (1,39 миллиард сомонӣ), грантҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ (0,3 миллиард сомонӣ), қарзҳо ба лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ (4,87 миллиард сомонӣ), маблағҳои махсуси муассисаҳои буҷетӣ (2,26 миллиар сомонӣ) ташкил медиҳанд.

Дар соли 2021 ба бахши иҷтимоии иқтисод 13,16 миллиард сомонӣ ва ба бахши воқеии иқтисод 8,38 миллиард сомонӣ равона мешавад.

Хароҷоти буҷет соли - 2020: кадом бахшҳо муҳиманд

Аз буҷаи давлат барои бахши қудрат ва идоракунии давлатӣ 1,43 миллиард ва барои мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ 2 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад. Ғайр аз ин, 2 миллиард сомонӣ барои пӯшонидани ӯҳдадориҳои қарзӣ равона хоҳад шуд.

Тибқи гузориши пешниҳодшуда, имсол ба нақша гирифта шудааст, ки қисми зиёди маблағҳо ба соҳаи маориф - 5,59 миллиард сомонӣ равона карда шаванд.

Аз даромад то каср: буҷети шаҳрвандӣ барои соли 2020

Барои суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи аҳолӣ 4,1 миллиард сомонӣ сарф карда мешавад. Қариб ҳамин миқдор маблағ дар Тоҷикистон барои рушди комплекси энергетикӣ ва сӯзишворӣ равона мегардад. Ҳамзамон, касри буҷа 0,5% ё 463 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

105
Барчаспҳо:
буҷа, Тоҷикистон

Поре Макгрегорро нокаут кард: видеои муҳориба

0
(Таҷдидшуда 11:19 24.01.2021)
Дастин Пореи амрикоӣ ба таври муассир размикори ирландӣ Коннор Макгрегорро нокаут кард

Мусобиқаи UFC 257 дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуд. Муҳорибаи асосӣ вохӯрии Коннор Магрегори ирландӣ ва Дастин Пореи амрикоӣ буд.

Дар даври аввал Поре Макгрегорро дар қафас ҷасф кар. Ҳарду ҷанговар дар ин мавқеъ чанд муддат истоданд ва пас ҷой иваз карданд - Коннор Дастинро дар чунин вазъ нигоҳ дошт.

Мубориза дар ибтидо суст буд - Макгрегор ва Поре бо мушт дар рӯй ва тани ҳамидигар заданд, аммо тағйироте набуд.

Даври дуюм хеле ҷолибтар шуд. Макгрегор аллакай ба истифодаи пойҳо ва дастонаш шурӯъ кардааст. Поре ҳатто якчанд зарбаи дақиқи ирландиро аз даст дода, бо ҳамлаҳои номуваффақ посух дод.

Бо вуҷуди ин, вақте даври дуюм қариб хотима меёфт, Поре ҳамлаҳои пай дар пай анҷом дод ва ба тааҷҷуби ҳама, Макгрегорро нокауд кард.

0