Тағйироти нархи патент барои муҳоҷирон дар Русия дар соли 2021

936
(Таҷдидшуда 00:06 05.01.2021)
Дар бисёре аз манотиқи Русия шохиси минтақавӣ бетағйир монд, ки дар натиҷа нархи патент хеле ночиз боло рафт
Тағйироти нархи патент барои муҳоҷирон дар Русия дар соли 2021
© Sputnik

Мақомоти Русия мегӯянд, қайди иқомати муҳоҷирон дар Русия қариб ду баробар коҳиш ёфта,  теъдоди иҷозатномаҳои кору патентҳо ба андозаи сеяк кам шуд.

Нархи патент барои соли оянда дар аксари минтақаҳои Русия хеле кам тағйир меёбад. Доштани патент– яке аз шартҳои ҳатмӣ барои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба кор дар ҳудуди Русия мебошад. 

Баландтарин нархҳои патент дар ҷумҳурии Саха, ҳавзаи Ямало-Ненетск, Кабардино-Балкар, вилояти Магадан, мнтақаи Приморе ва ҷумҳурии Хакасия ба қайд гирифта шуд.

Пасттарин нархи патент дар Чеченистон, Олтой, Осетияи Шимолӣ,  Калмикия ва вилояти Астрахан ба қайд гирифта шудааст.

Дар мавриди он ки чӣ гуна нархи патентро дар ҳар минтақаи Русия ҳисоб мекунанд, дар кадом минтақа чӣ қадар нарх дорад, дар куҷо соли оянда боло рафтаасту дар куҷо поён шумо метавонед, дар тасвирбаён пайдо кунед.

936
Барчаспҳо:
патент, нарх, Русия, Тоҷикистон

Ҷамъбасти соли короноӣ дар Тоҷикистон

204
(Таҷдидшуда 12:48 31.12.2020)
Барои тоҷикистониён низ соли 2020 чун дигар бошандагони сайёра ҳамчун соли коронавирусӣ дар хотираҳо хоҳад монд
Коронавирус: ҷамъбасти сол
© Sputnik

Вируси корона ба Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳои ИДМ, ба истиснои Туркманистон дертар расид. Ишқобод ҳоло низ аз ягон ҳолати гирифторӣ ба вируси корона расман хабар надодааст.

Расман аз аввалин ҳолатҳои гирифторӣ ба вируси корона охири моҳи апрел хабар дода шуд.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз охири апрел то ҳол дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  13 ҳазору 296 нафар расидааст.

Вазорат шоми 30 декабр иттилоъ дод, ки як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 31 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор гардида, 36 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуд. Дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12799 нафар баробар гардид.

Аз замони хуруҷи ин маризӣ дар кишвар то ҳол расман 90 нафар аз коронавирус ҷон додаанд.

204
Барчаспҳо:
таманнои шифои комил, бемор, Тоҷикистон

Ҳаводиси муҳими соли 2020 дар Тоҷикистон

265
(Таҷдидшуда 19:50 28.12.2020)
Ҳаводиси муҳими соли 2020 дар Тоҷикистонро дар тасвирбаёне ҷамъ овардем, ки аз интихобот то масҷидбандию тирпаррониҳо дар марзро фаро мегирад
Ҳаводиси муҳими соли 2020 дар Тоҷикистон
© Sputnik

Баҳори соли равон ҳайати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб шуд. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, раиси Маҷлиси миллӣ - палатаи болоии парлумон шуд.

Баъдан пандемияи коронавирус сар заду дар макотиб таътил эълон шуд. Масоҷидро бастанд. Дар замони пандемия ситоди зиддиэпидемикӣ ташкил шуда, телефони боварӣ дар масоили коронавирус фаъол гардид. Барои паҳнсозии огоҳонаи бемориҳои сироятӣ – ҳабс аз 5 то 10 сол роҳандозӣ шуд.

Инчунин тибқи тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон, истифодаи пасвандҳои славянӣ дар номгузории тоҷикӣ истисно шуд.

Сел дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ки ба 338 оила зиён расонду тирпарониҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки маҷруҳону кушта барҷой гузоштанд, аз ҳаводиси нохуши соли 2020 буданд.

Дар баробари ин соли равон мақомоти Тоҷикистон ҳушдор доданд, ки ба далели камобӣ эҳтимоли камбуди нерӯи барқ ҷой дорад.  Аммо ахиран “Барқи тоҷик” аз лағви маҳдудиятҳои таъминоти барқ эълон карда, мардумро ба сарфакорӣ даъват намуданд.

Имсол инчунин 5 500-солагии Саразм таҷлил шуд. Интихоботи шашуми президенти Тоҷикистон аз ҳаводиси муҳими дигари соли 2020 буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон дигарбора дар он пирӯз шуд.

>> Ҳаводиси 2019: аз задухӯрдҳои марзӣ то допинг, афв ва моҷарои пулфиристӣ

265
Барчаспҳо:
муҳим, ҳаводис, Тоҷикистон
В московском Музее Востока открылась выставка В тени вершин

Ифтитоҳи намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар Душанбе

0
(Таҷдидшуда 20:10 16.01.2021)
Намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳсулоти 27 ширкати афғонистонӣ ва корҳои дастии афғонҳои муқими Тоҷикистон дар 40 ғурфаи ин намоишгоҳ арза шудааст, иттилоъ додааст АМИТ  “Ховар”.

Бино бар иттилои манбаъ, ширкатҳои афғонистонӣ дар ин намоишгоҳ колоҳое монанди саноати дастӣ, фарши дастбоф, зарфҳои суфолӣ ва мисӣ, либосҳои суннатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар маърази диди умум қарор додаанд.

Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ки дар ояндаи наздик низ намоишгоҳи сангҳои қимматӣ ва нимақиматии кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вай таъкид кард, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Тоҷикистон хоҳад шуд.

Сафирон ва масъулони теъдоде аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, намояндагони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва фаъолони бахши хусусии ин кишвар аз намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон боздид карданд.

0
Барчаспҳо:
баргузор, саноат, Душанбе, намоишгоҳ, Афғонистон