Тоҷикистон дар соли 2020 бо 108 кишвари дунё табодули коло кардааст, ки аз он 10 давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва боқимонда кишварҳои хориҷи дур мебошанд.
Содирот аз Тоҷиикстон асосан ба Швейтсария – 49,0%, Туркия – 14,4%, Қазоқистон – 10,8%, Ӯзбекистон – 5,7%, Афғонистон – 5,0%, Русия – 2,9%, Чин – 2,4%, Белгия – 2,3%, Итолиё – 1,1%, Покистон – 1,0%, Гурҷистон – 0,9% ва дигар давлатҳо – 4,3% сурат гирифтааст.
Содироти нисбатан зиёд бар воридот дар додугирифт бо Швейтсария (682,0 млн. доллар), Туркия (83,4 млн. доллар), Афғонистон (69,0 млн. доллар), Белгия (28,5 млн. доллар), Гурҷистон (11,1 млн. доллар), Ҷазираҳои Вирҷин (6,7 млн. доллар) ва Латвия (6,3 млн. доллар) сабт шудааст.
Дар феҳрасти маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла хушкмева, сангҳои гаронбаҳою нимақима, шароб ва нӯшокиҳои бе алкогол, маҳсулоти нассоҷӣ ва ғайра зикр шудаанд.
Дар мавриди воридоти мол зикр шудааст, ки Тоҷикистон колоро асосан аз Русия – 29,6%, Қазоқистон – 24,0%, Чин – 13,9%, Ӯзбекистон – 7,9%, Туркия – 3,8% ва аз Олмон – 2,9% ворид кардааст.
Тибқи маълумоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, соли гузашта ҳаҷми умумии савдо 4,557 миллиард долларро ташкил додааст. Дар айни замон, содирот ба 1,4 миллиард доллар расид, дар ҳоле ки воридот аз 3,1 миллиард доллар убур кард.
Дар соли 2020, Тоҷикистон асосан металлҳои қиматбаҳоро ба хориҷ фиристод (49% аз ҳаҷми умумӣ). Сухан дар бораи содироти тилло ба Швейтсария меравад, ки ба дастгирии иқтисоди ҷумҳурӣ дар давраи пандемия кумак кард. Инчунин аз ҷумлаи молҳои бештар содиршуда алюминий, пахта ва маъдан буданд.
Даромади фурӯш ба алюминий, пахта, чормағз, семент, маъданҳо ва нерӯи барқ коҳиш ёфт, аммо афзоиши меваю сабзавот, тамоку ва чарм ба қайд гирифта мешавад.
Дар давраи пандемия, тағйирот ба воридоти Тоҷикистон низ таъсир расонданд. Соли гузашта ҷумҳурӣ бештар аз шарикони хориҷӣ гандум ва ғалла, маҳсулоти нафтӣ ва сӯзишворӣ, гази моеъ, таҷҳизоти нақлиётӣ ва техникӣ мехарид.
Дар Тоҷикистон феҳристҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ таҳия шуд
Дар соли 2020, Тоҷикистон хароҷоти хариди гандум, орд, равғани растанӣ, нуриҳои минералӣ, гази табиӣ ва ангиштро афзоиш дод. Ҳамзамон, хароҷот барои хариди гилхок, гази моеъ, сӯзишвории ҳавоӣ, маҳсулоти нафтӣ ва шакар кам карда шуд.
Як сол пеш Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи коронавирусро ба сабаби паҳншавиаш ба суръати кайҳонӣ пандемия эътироф кард.
То имрӯз коронавирус 110,9 миллион нафарро сироят кардааст. Қурбониёни ин беморӣ 2,4 миллион нафар мебошанд.
Аз ҳама бештар дар Амрико шумораи зиёди сироятёфтагон ба қайд гирифта шудааст, ки 28,5 миллион нафарро ташкил медиҳад. Дар ҷои дувум Ҳиндустон бо 10,9 миллион гирифтор ва Бразилия бо 10 миллион ҷои севумро мегирад.
Русия дар ин феҳраст дар ҷои дувум қарор дорад. Бино бар иттилои расмӣ, дар кишвар 4,1 миллион ҳолати гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ гашт.
Авали соли 2021 дар тамоми ҷаҳон 200 вакмсинаи коронавирус сохтанд. Аммо на ҳамаи онҳо ба истеҳсолот роҳ дода шудаанд, албатта ба истинои чанде аз онҳо аз ҷумла Спутник V"-и Русия ва ё "Moderna"-и Амрико.
Бояд қайд кард, ки ваксинаи коронавируси Русия "Спутник V" ("Гам-КОВИД-Вак") бори нахуст шуда дар ҷаҳон ба қайд гирифта шуд.
"Спутник V" метавонад кӯмак кунад: Аврупо ба норасоии шадиди ваксин рӯбарӯ шуд - навор
Ин ваксинро ду маротиба ба бадани инсон ворид мекунанд. Маротибаи дувуми гузаронидани ваксина баъди се ҳафтаи бори нахуст эмшудан аст.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Деҳқонони Шаҳринав роҳи наҷоти дарахтонро аз сардӣ ёфтанд.
Бо омадани ҳавои сард ва аз талаф нигоҳ доштани ҳосили дарахтони гулкунанда дар хоҷагиҳои боғпарварии "Зарнисори Шаҳринав", "ИИАС – Шаҳринав" ва хоҷагии "Ниҳолпарварӣ"-и ноҳияи Шаҳринав ғарамҳои пахол ва каҳро оташ зада, ба воситаи гармии он ҳосили боғҳоро эмин нигоҳ медоранд.
Кишоварзони ноҳия бо маслиҳати мутахассисони соҳа дар зери дарахтони олу, зардолу, шафтолу ва токзор корҳои дудмониро ба роҳ мондаад.
Бо супориши роҳбарияти ноҳия доир ба сардиҳои охири моҳ, ки истифодаи дудмонӣ барои дарахтони пешпазак ҳамчун воситаи пешгирии талафи ҳосил ва гулу муғчаҳо ба маврид аст, имрӯзҳо дар ҳамаи боғҳои ноҳия аз ин усул истифода намуда истодаанд.
Пештар дар Суғд низ бо ҳамин роҳ кӯшиш карда буданд, ки ҳосилро аз талафот нигоҳ доранд. Имсол охирҳои моҳи феврал дар Тоҷикистон ҳаво якбора гарм ва то 27 дараҷа шуд, ки дар натиҷа дарахтон гул карданд. Аммо чанде пеш обуҳавошиносон хабар доданд, ки ҳавои кишвар якбора сард мешавад.