Тоҷикистон чӣ гуна бар коронавирус пирӯз шуд

268
(Таҷдидшуда 14:47 02.02.2021)
Дар Тоҷикистон давоми 2 ҳафтаи ахир ягон мавриди гирифторшавӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Ҳукуматдорон аз пирӯзӣ бар коронавирус хабар медиҳанд
Тоҷикистон чигуна бар  COVID-19 пирӯз шуд
© Sputnik

Дар Тоҷикистон нахустин ҳодисаи гирифторшавӣ ба коронавирус рӯзи 30 апрел сабт шуд. То ин замон ин беморӣ аллакай ҷумҳуриҳои Қизоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистонро домангир карда буд.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ фақат Туркманистон исрор меварзид, ки ин беморӣ "қадамаш" - ро ба давлати онҳо нагузошт.

Зимнан, дар Тоҷикистон рӯзи 30 апрел аз нахустин ҳолати гирифторшавӣ хабар дода, рӯзи 2 май бо гузашти ҳамагӣ 2 рӯз аввалин ҳолати фавт ба қайд гирифта шуд.

Қуллаи авҷи маргу мир дар Тоҷикистон рӯзи 14 май сабт шуд. Дар умум бошад, аз ин беморӣ 90 нафар ҷон аз даст доданд.

Бояд таъкид кард, ки дар Тоҷикистон чораҳои пешгирикунанда аз ин беморӣ қабл аз зуҳури он пиёда карда шуданд.

Аммо пас аз расман эълон шудани мавҷудияти вирус дар ҷумҳурӣ, чораҳои беҳдоштӣ ва пешгирикунанда шадидтар шуданд.

Дар Тоҷикистон шумораи тӯю талоқ замони пандемия коҳиш ёфт

Аз ҷумла дари масҷидҳо баста шуда, хонандагони донишҷӯён ба таътили фаврӣ фиристода шуданд. Равобити заминӣ ва ҳавоӣ низ баста шуд.

Дар ҳамин ҳол, кишвардори Тоҷикистон зимни ироаи паёми соланаи худ гуфт, ки дар Тоҷикистон дигар коронавирус намонд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ низ сар аз рӯзи 1 - уми феврал ба намозгузорон иҷозат дод, то ибодаташонро дар масҷидҳо ба ҷо оранд.

268
Барчаспҳо:
маризӣ, Тоҷикистон

Тоҷикистон аз Чин чанд пул қарздор аст

605
(Таҷдидшуда 20:01 01.03.2021)
Раванди қарздиҳии Чин ба Тоҷикистон тайи наздик ба 20 соли охир идома дошта, феълан қарзи аз ҳама зиёди ҷумҳурӣ дар назди бонку муассисаҳои чинӣ мебошад
Тоҷикистон аз Чин чанд  қарздор аст
© Sputnik

Аз далелҳои рӯй овардани Тоҷикистон ба қарзҳои чинӣ имтиёзноку дастрасии осон арзёбӣ мешавад.

Муассисаҳои қарздиҳандаи асосӣ “Эксимбонк”, Бонки давлатии рушди Чин ва Бонки мардумии Чин мебошанд.

Маблағҳои чинӣ асосан барои лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаи нақлиёт, энергетика ва дигар бахшҳо сарф мешаванд.

Аз ҷумла сохтмони роҳи Душанбе – Чаноқ – Хуҷанд, ягона роҳи пулакии Тоҷикистон, нақби Шар-Шар, Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2” ва хатҳои интиқоли барқ аз ҷумлаи лоиҳаҳое мебоошанд, ки бо қарзҳои Чин амалӣ шудаанд.

Инчунин корхонаҳои зиёди муштарак таъсис дода шудаанд, ки дар бахшҳои гуногун, аз истихроҷи тилло то истеҳсоли сементу масолеҳи дигари сохтмонӣ фаъолият мекунанд.

Бархе аз ширкатҳои дигари чинӣ, аз ҷумла Xinjiang Production and Construction, “Синзян инхай” ва “Хай Ли” қитъаҳои замин дар Тоҷикистонро гирифта ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд.

605
Барчаспҳо:
қарз, Чин, Тоҷикистон

Содирот ва воридоти Тоҷикистон дар соли 2020

201
Дар соли 2020 сохтори содирот ва воридоти Тоҷикистон ба таври назаррас тағир ёфт
Содирот ва воридоти Тоҷикистон дар соли 2020
© Sputnik

Тибқи маълумоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, соли гузашта ҳаҷми умумии савдо 4,557 миллиард долларро ташкил додааст. Дар айни замон, содирот ба 1,4 миллиард доллар расид, дар ҳоле ки воридот аз 3,1 миллиард доллар убур кард.

Дар соли 2020, Тоҷикистон асосан металлҳои қиматбаҳоро ба хориҷ фиристод (49% аз ҳаҷми умумӣ). Сухан дар бораи содироти тилло ба Швейтсария меравад, ки ба дастгирии иқтисоди ҷумҳурӣ дар давраи пандемия кумак кард. Инчунин аз ҷумлаи молҳои бештар содиршуда алюминий, пахта ва маъдан буданд.

Даромади фурӯш ба алюминий, пахта, чормағз, семент, маъданҳо ва нерӯи барқ ​​коҳиш ёфт, аммо афзоиши меваю сабзавот, тамоку ва чарм ба қайд гирифта мешавад.

Дар давраи пандемия, тағйирот ба воридоти Тоҷикистон низ таъсир расонданд. Соли гузашта ҷумҳурӣ бештар аз шарикони хориҷӣ гандум ва ғалла, маҳсулоти нафтӣ ва сӯзишворӣ, гази моеъ, таҷҳизоти нақлиётӣ ва техникӣ мехарид.

Дар Тоҷикистон феҳристҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ таҳия шуд

Дар соли 2020, Тоҷикистон хароҷоти хариди гандум, орд, равғани растанӣ, нуриҳои минералӣ, гази табиӣ ва ангиштро афзоиш дод. Ҳамзамон, хароҷот барои хариди гилхок, гази моеъ, сӯзишвории ҳавоӣ, маҳсулоти нафтӣ ва шакар кам карда шуд.

201
Барчаспҳо:
воридот, содирот, Тоҷикистон
Таджикская певица Манижа, архивное фото

Тоҷикдухтар Манижа Сангин Русияро дар озмуни Евровидение-2021 намояндагӣ мекунад

85
(Таҷдидшуда 00:46 09.03.2021)
Сарояндаи тоҷики муқими Русия Манижа Сангин Русияро дар озмуни Евровидение-2021 намояндагӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Шабакаи якуми телевизиони Русия дар бораи роҳёбии Манижа Сангин ба Евровидение-2021 эълон кард.

Гуфта мешавад, Манижа Сангин Русияро бо таронаи Russian woman. намояндагӣ хоҳад кард.

Қаблан шабака иттилоъ дода буд, ки иштирокчии Евровидение аз кишвар рӯзи душанбе - бо овоздиҳии тамошобинон дар як намоиши махсуси идона муайян карда мешавад.
Довталабон Manizha, #2Маши или Therr Maitz буданд, ки тоҷикдухтар соҳиби роҳхат ба Евровидение-2021 гардид.
Евровидение-2021 рӯзҳои 18-22 май дар шаҳри Роттердами Нидерландия баргузор мешавад ва дар он сарояндагон аз 41 кишвар ширкат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, озмун ба таври муқаррарӣ баргузор мешавад, аммо ҳайатҳо ва шумораи рӯзноманигорон коҳиш дода мешаванд.

Клипи нави Манижа: бо қонунҳои Қуръон дохили калисо-видео

Ҳанӯз маълум нест, ки тамошобинон ба намоишҳо ҳозир мешаванд ё не.

Соли гузашта Евровидение бо сабаби пандемияи коронавирус лағв шуда буд. Мебоист Русияро гурӯҳи Little Big намояндагӣ мекард.

Манижа Сангин, сарояндаи тоҷики муқими Русия соли 1991 дар Душанбе ба дунё омадааст ва ба гуфти худаш замони нооромиҳо бо аҳли оилаашон ба Русия омадааст.

Манижа навозанда, муаллиф ва сарояндаи мустақил аст, ки бо тахаллуси Manizha маъруф аст. Ӯ пас аз нашри видеоиҳои муаллифиаш дар Instagram шӯҳрат пайдо кард.

Манижа Сангин то имрӯз ҳамаи сурудҳояшро ба забонҳои русӣ ва англисӣ сароидааст. Ӯ дар мусоҳибае гуфт қасд дорад аввал ба хотири ҷамъ кардани аудитория ба ин забонҳо бисарояд ва баъд ба забони модарияш хоҳад суруд. Ахиран ӯ намоҳанги худ "Не до славянка"-ро пешкаши мухлисон кард ва дар он бо забони тоҷикӣ "ё бача ту мара гуш кун" хитоб карда, бо забонҳои русию англисӣ сурудро дар мавзӯи муҳоҷирату миллату зиндагӣ давом дод, ки ин тарона мавриди истиқболи коргарон қарор гирифт. 

Манижа Сангин нахустин сафири СММ аз Русия оид ба гурезагон

Номбурда мегӯяд, аз 8-солагӣ ба эҷоди суруд машғул ҳаст ва ҳамаи намоҳангҳои худро худаш монтаж ва омода мекунад.

Ӯ ахиран соли гузашта нахустин сафири ҳусни нияти Русия оид ба гурезагон дар Созмони Миллали Муттаҳид интихоб шуд.

85