Иқтисоди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ

331
(Таҷдидшуда 15:05 10.02.2021)
Ҳукумати Тоҷикистон чанд сол боз дар садади гузаштан аз иқтисоди аграрӣ - саноатӣ ба саноатӣ - аграрӣ қарор дорад. Тасвирбаёни мазкур сатҳи рушди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро нишон медиҳад
Иқтисоди собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ
© Sputnik

Тоҷикистон аз лиҳози рушд кишвари аграрӣ - саноатӣ ба ҳисоб меравад.

Интизор меравад, то соли 2030, Тоҷикистон куллан ба роҳи саноатӣ-аграрӣ гузарад. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф дар ҷумҳурӣ ҳатто стратегияи миллии махсус таҳия шудааст, ки афзоиши ҳиссаи саноатро дар сохтори ММД то 21% ва коҳиш додани кишоварзиро то 17% пешбинӣ мекунад.

Дар доираи стратегия, то соли 2025 афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ ба бахши воқеӣ ва инфрасохтор, ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, тайёр кардани кадрҳо, афзоиши сармояи дохилӣ, иваз кардани воридот ва ислоҳоти гидроэнергетика дар назар дошта шудааст.

То соли 2030 мақомоти Тоҷикистон ният доранд, ки маҷмааи сӯзишворию энергетикиро ба соҳаи даромаднок табдил диҳанд, ба  диверсификатсияи рушди иқтисодӣ тавассути вусъати истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ноил шаванд, ислоҳоти аграрӣ ва обӣ, таъминоти моддию техникӣ ва афзоиши истеҳсолот дар як қатор соҳаҳоро роҳандозӣ кунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2020 ММД Тоҷикистонро кишоварзӣ (22,6%), саноат (17,4%), сохтмон (16%), савдо (15,9%) ва ғайра ташкил додаанд.

Ҳақиқати нави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё: оё Ӯзбекистон Тоҷикистонро аз пасаш меорад?

Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон яке аз чанд ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад, ки пас аз ба даст овардани истиқлолият ба иқтисоди саноатӣ-аграрӣ гузашта натавонист.

Ҳамин тавр, имрӯз Қазоқистон, Ӯзбекистон, Белорус, Арманистон, Озарбойҷон, Литва ва Қирғизистон кишварҳои саноатӣ-аграрӣ ва Туркманистону Латвия кишварҳои саноатӣ мебошанд.

331
Барчаспҳо:
иқтисод, Иттиҳоди Шӯравӣ

Тоҷикистон аз Чин чанд пул қарздор аст

386
(Таҷдидшуда 20:01 01.03.2021)
Раванди қарздиҳии Чин ба Тоҷикистон тайи наздик ба 20 соли охир идома дошта, феълан қарзи аз ҳама зиёди ҷумҳурӣ дар назди бонку муассисаҳои чинӣ мебошад
Тоҷикистон аз Чин чанд  қарздор аст
© Sputnik

Аз далелҳои рӯй овардани Тоҷикистон ба қарзҳои чинӣ имтиёзноку дастрасии осон арзёбӣ мешавад.

Муассисаҳои қарздиҳандаи асосӣ “Эксимбонк”, Бонки давлатии рушди Чин ва Бонки мардумии Чин мебошанд.

Маблағҳои чинӣ асосан барои лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаи нақлиёт, энергетика ва дигар бахшҳо сарф мешаванд.

Аз ҷумла сохтмони роҳи Душанбе – Чаноқ – Хуҷанд, ягона роҳи пулакии Тоҷикистон, нақби Шар-Шар, Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2” ва хатҳои интиқоли барқ аз ҷумлаи лоиҳаҳое мебоошанд, ки бо қарзҳои Чин амалӣ шудаанд.

Инчунин корхонаҳои зиёди муштарак таъсис дода шудаанд, ки дар бахшҳои гуногун, аз истихроҷи тилло то истеҳсоли сементу масолеҳи дигари сохтмонӣ фаъолият мекунанд.

Бархе аз ширкатҳои дигари чинӣ, аз ҷумла Xinjiang Production and Construction, “Синзян инхай” ва “Хай Ли” қитъаҳои замин дар Тоҷикистонро гирифта ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд.

386
Барчаспҳо:
қарз, Чин, Тоҷикистон

Содирот ва воридоти Тоҷикистон дар соли 2020

152
Дар соли 2020 сохтори содирот ва воридоти Тоҷикистон ба таври назаррас тағир ёфт
Содирот ва воридоти Тоҷикистон дар соли 2020
© Sputnik

Тибқи маълумоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, соли гузашта ҳаҷми умумии савдо 4,557 миллиард долларро ташкил додааст. Дар айни замон, содирот ба 1,4 миллиард доллар расид, дар ҳоле ки воридот аз 3,1 миллиард доллар убур кард.

Дар соли 2020, Тоҷикистон асосан металлҳои қиматбаҳоро ба хориҷ фиристод (49% аз ҳаҷми умумӣ). Сухан дар бораи содироти тилло ба Швейтсария меравад, ки ба дастгирии иқтисоди ҷумҳурӣ дар давраи пандемия кумак кард. Инчунин аз ҷумлаи молҳои бештар содиршуда алюминий, пахта ва маъдан буданд.

Даромади фурӯш ба алюминий, пахта, чормағз, семент, маъданҳо ва нерӯи барқ ​​коҳиш ёфт, аммо афзоиши меваю сабзавот, тамоку ва чарм ба қайд гирифта мешавад.

Дар давраи пандемия, тағйирот ба воридоти Тоҷикистон низ таъсир расонданд. Соли гузашта ҷумҳурӣ бештар аз шарикони хориҷӣ гандум ва ғалла, маҳсулоти нафтӣ ва сӯзишворӣ, гази моеъ, таҷҳизоти нақлиётӣ ва техникӣ мехарид.

Дар Тоҷикистон феҳристҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ таҳия шуд

Дар соли 2020, Тоҷикистон хароҷоти хариди гандум, орд, равғани растанӣ, нуриҳои минералӣ, гази табиӣ ва ангиштро афзоиш дод. Ҳамзамон, хароҷот барои хариди гилхок, гази моеъ, сӯзишвории ҳавоӣ, маҳсулоти нафтӣ ва шакар кам карда шуд.

152
Барчаспҳо:
воридот, содирот, Тоҷикистон
Самолет, на фоне заката

Тоҷикистон парвозҳои мунтазамро бо ду кишвар аз сар гирифт

259
(Таҷдидшуда 14:49 02.03.2021)
Дар Тоҷикистон, ки ҳоло вазъи эпидемиологӣ дар робита ба маризии коронавирус беҳбуд ёфтааст, равобити ҳавоӣ бо ду кишвар барқарор шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тоҷикистон равобити ҳавоиро бо Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Афғонистон барқарор намуд.

Ба иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, ҳамакнун парвозҳо ҳафтае як маротиба дар масири Душанбе - Алмаато - Душанбе ва инчунин Душанбе - Афғонистон - Душанбе сурат мегиранд.

Манбаъ меафзояд, масъалаи барқарор шудани парвозҳои мунтазим дар ҷаласаи ахири мудири агентӣ Икром Субҳонзода бо намояндагони "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва ҳамчунин намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии "Белавиа"- и Беларус, "Эйр Астана"-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва "Кам Эйр"- и Афғонистон баррасӣ шуд.

Зикр мегардад, ки дар ҷаласаи мазкур Икром Субҳонзода ба беҳ шудани вазъи эпидемиологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора карда, изҳор доштааст, ки чунин вазъият ба барқарор кардани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ мусоид аст.

Илова бар ин, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза алайҳи коронавирус низ иҷозат додааст, ки парвозҳои мунтазам бо Афғонистону Қазоқистон барқарор шавад.

Вазир: Русия барои роҳандозии парвозҳо ягон шарт нагузоштааст

Гуфта мешавад, ҳоло масъалаи барқарор шудани равобити ҳаво бо Белорус низ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Агентӣ тавзеҳ додааст, ки дар рафти ҷаласа аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ дархост шудааст, ки нархи чиптаро хуқдсарона афзун накунанд, балки дар доираи арзиши аслӣ фурӯхта шавад.

259
Барчаспҳо:
Афғонистон, Қазоқистон, парвоз, Тоҷикистон