Коронавирус дар манотиқи Тоҷикистон - омори нав

Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳарчанд омори ҳаррӯзаи коронавирусро сар аз эълон шудани пайдоиши он дар кишвар пешниҳод мекунад, аммо то имрӯз шумораи он дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон маълум набуд

Имрӯз омори коронавирус дар манотиқи Тоҷикистон муайян шуд. Дар ин бора дар рафти нишасти матбуотӣ вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода эълон кард.

Ин омор бо он далел нав арзёбӣ мешавад, ки тайи 8 моҳи мавҷудияти корона дар кишвар иттилое дар бораи тақсимоти он дар манотиқҳо маълум набуд. 

Миристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Бовар накунанд омада бинанд: Абдуллозода гуфт, Тоҷикистон аз коронавирус орӣ аст

Ҳамин тавр, тибқи иттилои вазорат, беморӣ аз ҳама бештар дар Суғд ба қайд гирифта шудааст.

Аз шумори умумӣ, яъне 13 ҳазору 308 нафар - 4300 нафари гирифторон дар Суғд, Душанбе - 4100, ноҳияҳои тобеи марказ - 1500, вилояти Хатлон - 1998 ва ВМКБ - 1196 рост меояд.

Омори фавт дар кишвар 90 тан гуфта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, аз ин шумора 18 фавтида кормандони соҳаи тиб будаанд.

Феълан, ҳарчанд омори коронавирус дар Тоҷикистон ҳамарӯза эълон мешавад, сар аз 11 январ дар кишвар ягон ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Аз 1 то 10 январ танҳо нӯҳ ҳодисаи сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин кишварест, ки аз пирӯзии худ бар коронавирус эълон кард. Танҳо Туркманистон то ҳол исрор меварзад, ки ягон сокинаш мубталои коронавирус нашуданд.

Карантин накардему буридем: вазир панҷ сирри Тоҷикистонро дар пирӯзӣ ба коронавирус гуфт

Қазоқистон аз ҳисоби сироятёбӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сафи авал меистад. Бештар аз 200 ҳазор сокини кишвар мубталои коронавирус шудаанд.

Қирғизистон дар ҷои дувум аст ва омори сироятёбӣ бештар аз 85 ҳазорро ташкил медиҳад. Ӯзбекистон бошад аз ин кишвари ҳамсоя дар омори бо фарқи шаш ҳазор дар ҷои севум меистад ва бештар аз 79 ҳазор сокинаш мубталои коронавирус шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0