Муқоисаи ваксинҳои коронавирус

188
(Таҷдидшуда 13:32 20.02.2021)
Имрӯзҳо дар ҷаҳон шаш ваксинаи асосии коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Онҳо аз ҳам чи фарқ доранд, аз тасвирбаёни мо маълумот гиред
Муқоисаи ваксинҳои COVID-19
© Sputnik

Як сол пеш Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи коронавирусро ба сабаби паҳншавиаш ба суръати кайҳонӣ пандемия эътироф кард.

То имрӯз коронавирус 110,9 миллион нафарро сироят кардааст.  Қурбониёни ин беморӣ 2,4 миллион нафар мебошанд.

Аз ҳама бештар дар Амрико шумораи зиёди сироятёфтагон ба қайд гирифта шудааст, ки 28,5 миллион нафарро ташкил медиҳад. Дар ҷои дувум Ҳиндустон бо 10,9 миллион гирифтор ва Бразилия бо 10 миллион ҷои севумро мегирад.

Русия дар ин феҳраст дар ҷои дувум қарор дорад. Бино бар иттилои расмӣ, дар кишвар 4,1 миллион ҳолати гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ гашт.

Авали соли 2021 дар тамоми  ҷаҳон 200 вакмсинаи коронавирус сохтанд. Аммо на ҳамаи онҳо ба истеҳсолот роҳ дода шудаанд, албатта ба истинои чанде аз онҳо аз ҷумла Спутник V"-и Русия ва ё "Moderna"-и Амрико.

 

Бояд қайд кард, ки ваксинаи коронавируси Русия "Спутник V" ("Гам-КОВИД-Вак") бори нахуст шуда дар ҷаҳон ба қайд гирифта шуд.

"Спутник V" метавонад кӯмак кунад: Аврупо ба норасоии шадиди ваксин рӯбарӯ шуд - навор

Ин ваксинро ду маротиба ба бадани инсон ворид мекунанд. Маротибаи дувуми гузаронидани ваксина баъди се ҳафтаи бори нахуст эмшудан аст.

188
Барчаспҳо:
ваксина, вируси корона, Дар ҷаҳон

Тоҷикистон аз Чин чанд пул қарздор аст

522
(Таҷдидшуда 20:01 01.03.2021)
Раванди қарздиҳии Чин ба Тоҷикистон тайи наздик ба 20 соли охир идома дошта, феълан қарзи аз ҳама зиёди ҷумҳурӣ дар назди бонку муассисаҳои чинӣ мебошад
Тоҷикистон аз Чин чанд  қарздор аст
© Sputnik

Аз далелҳои рӯй овардани Тоҷикистон ба қарзҳои чинӣ имтиёзноку дастрасии осон арзёбӣ мешавад.

Муассисаҳои қарздиҳандаи асосӣ “Эксимбонк”, Бонки давлатии рушди Чин ва Бонки мардумии Чин мебошанд.

Маблағҳои чинӣ асосан барои лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаи нақлиёт, энергетика ва дигар бахшҳо сарф мешаванд.

Аз ҷумла сохтмони роҳи Душанбе – Чаноқ – Хуҷанд, ягона роҳи пулакии Тоҷикистон, нақби Шар-Шар, Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2” ва хатҳои интиқоли барқ аз ҷумлаи лоиҳаҳое мебоошанд, ки бо қарзҳои Чин амалӣ шудаанд.

Инчунин корхонаҳои зиёди муштарак таъсис дода шудаанд, ки дар бахшҳои гуногун, аз истихроҷи тилло то истеҳсоли сементу масолеҳи дигари сохтмонӣ фаъолият мекунанд.

Бархе аз ширкатҳои дигари чинӣ, аз ҷумла Xinjiang Production and Construction, “Синзян инхай” ва “Хай Ли” қитъаҳои замин дар Тоҷикистонро гирифта ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд.

522
Барчаспҳо:
қарз, Чин, Тоҷикистон

Содирот ва воридоти Тоҷикистон дар соли 2020

173
Дар соли 2020 сохтори содирот ва воридоти Тоҷикистон ба таври назаррас тағир ёфт
Содирот ва воридоти Тоҷикистон дар соли 2020
© Sputnik

Тибқи маълумоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, соли гузашта ҳаҷми умумии савдо 4,557 миллиард долларро ташкил додааст. Дар айни замон, содирот ба 1,4 миллиард доллар расид, дар ҳоле ки воридот аз 3,1 миллиард доллар убур кард.

Дар соли 2020, Тоҷикистон асосан металлҳои қиматбаҳоро ба хориҷ фиристод (49% аз ҳаҷми умумӣ). Сухан дар бораи содироти тилло ба Швейтсария меравад, ки ба дастгирии иқтисоди ҷумҳурӣ дар давраи пандемия кумак кард. Инчунин аз ҷумлаи молҳои бештар содиршуда алюминий, пахта ва маъдан буданд.

Даромади фурӯш ба алюминий, пахта, чормағз, семент, маъданҳо ва нерӯи барқ ​​коҳиш ёфт, аммо афзоиши меваю сабзавот, тамоку ва чарм ба қайд гирифта мешавад.

Дар давраи пандемия, тағйирот ба воридоти Тоҷикистон низ таъсир расонданд. Соли гузашта ҷумҳурӣ бештар аз шарикони хориҷӣ гандум ва ғалла, маҳсулоти нафтӣ ва сӯзишворӣ, гази моеъ, таҷҳизоти нақлиётӣ ва техникӣ мехарид.

Дар Тоҷикистон феҳристҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ таҳия шуд

Дар соли 2020, Тоҷикистон хароҷоти хариди гандум, орд, равғани растанӣ, нуриҳои минералӣ, гази табиӣ ва ангиштро афзоиш дод. Ҳамзамон, хароҷот барои хариди гилхок, гази моеъ, сӯзишвории ҳавоӣ, маҳсулоти нафтӣ ва шакар кам карда шуд.

173
Барчаспҳо:
воридот, содирот, Тоҷикистон
Футбольный клуб Худжанд

Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия мераванд: мақсад чист?

0
(Таҷдидшуда 20:34 05.03.2021)
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия сафар карда 10 рӯз он ҷо мемонанд. Пеша аз сафар раиси вилояти Суғд бо онҳо мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони клуби "Хуҷанд" дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста гуфтааст, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Дар ин росто бозингарони дастаи "Хуҷанд"  бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар карда мешаванд.

"Бозингарони "Хуҷанд" давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд", - омадааст дар хабарнома.

Таъкид гардида, ки минбаъд дастаҳои футболи "Эсхата" ва "Истаравшан" низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд.

Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас додааст.

0
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, Туркия, Хуҷанд, Футбол