Чемодан с деньгами, архивное фото

Тилло ва долларҳои қочоқӣ дар Тоҷикистон: кӣ аз куҷо ба куҷо мехост барад?

5197
(Таҷдидшуда 22:29 30.01.2021)
 Бино ба иттилои дарёфтӣ, мақомоти қудратии Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе як гуруҳи қочоқбари доллару тиллоро боздошт кардаанд

 ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Ин иттилоъ нахуст аз сӯи як манбаъ дар мақомоти қудратии Афғонистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошта шуд. Ин манбаъ гуфт, даҳҳо миллион доллар ва миқдоре тилло, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон қочоқ шуда буд, тавассути неруҳои амниятии Тоҷикистон забт шудааст.

“Ин пулу тило аз тариқи марзҳо ба Тоҷикистон қочоқ шуда, гуруҳи қочоқбар мехост, онро тариқи Душанбе ба шаҳри Дубайи Аморати муттаҳидаи араб интиқол диҳад. Аммо дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ин гуруҳ боздошт ва пулу тилои онҳо мусодира шудааст”, - гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, манобеъи наздик ба ҳукумат дар Тоҷикистон мегӯянд, як гуруҳи қочоқбар тақрибан як моҳи қабл дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз сӯи кормандони прокуратураи Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи марзбонони қирғиз барои қочоқи мандарин

“Онҳо воқеан мехостанд ба таври қочоқ миқдори қобили мулоҳазаи тилову пули нақдро тариқи фурудгоҳ ба Дубай интиҳол диҳанд. Парвандаи онҳо такмил шуда, ҳамин рӯзҳо ба суд хоҳад рафт”, - гуфтанд онҳо.

Талошҳо барои ба даст овардани тафсилоти боздошти қочоқбарон ва миқдори дақиқи тилову пули нақди онҳо аз Прокуратураи генералӣ то ба ҳол натиҷа надодаанд.

40 кило тилло ва ду халта доллар

Бино ба тахмини ҳамсуҳбатони мо, сухан аз ҳудуди 40 кило тиллову ду халта пули нақд меравад, ки миқдораш дақиқ нест. Аммо ин бори аввал нест, ки дар фурудгоҳи Душанбе чунин боздоштҳо иттифоқ меафтанд.

Моҳи ноябри соли гузашта кормандони КДАМ 90 кило тиллову 15 миллион доллари нақдро, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон мехостанд бо хатсайри Душанбе - Дубай ба берун интиқол диҳанд, ошкор ва мусодира карда буданд.

25 июни соли гузашта низ кормандони гумруки Тоҷикистон аз қочоқи 2,5 кило тилло ва 26 ҳазор доллари нақд ҷилавгирӣ карда буданд, ки як зан – шаҳрванди Тоҷикистон мехост тариқи хатсайри Душанбе-Истанбул ба хориҷа интиқол диҳад.

Дар ҳамин ҳол, як ҳафтаи қабл бархе расонаҳои Афғонистон аз пайдо шудани як тайёраи машкук дар фурудгоҳи Кобул хабар доданд, ки тиллову ҷавоҳирот ва асъори нақди хориҷиро ба Дубай интиқол додааст. Ба қавли онҳо, ин бойигарӣ ба раҳбарони Афғонистон тааллуқ доштааст.

5197
Преступник за решеткой

Исфандиёр барои ҷалби тоҷикистониён ба сафи ДИИШ 5,5 сол зиндон шуд

19
(Таҷдидшуда 15:08 02.03.2021)
Айбдоршуда ба 5 солу 6 моҳ маҳкум шуд ва барои адои ҷазо ба зиндони низомаш умумӣ интиқол ёфт

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Як шаҳрванди Осиёи Миёна дар шаҳри Санкт-Петербург барои кумак ба фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ба панҷу ним сол зиндон маҳкум ва барои адои ҷазо ба зиндони низомаш умумӣ равона шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Идораи минтақавии ФСБ-и Русия.

"Акрамов Исфандиёр дар тарғиби ду шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия барои сафар ба Сурия ба хотири иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар ҳайати созмони байналмилалии террористии “Давлати исломӣ” (мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) гунаҳгор дониста шуд", - омадааст дар иттилоия.

Айбдоршаванда ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Номбурда дар зиндони низомаш умумӣ адои ҷазо хоҳад кард.

Ҳукм аз ҷониби додгоҳи сайёри ҳавзаи низомии дувуми Ғарбии Русия содир карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш як шаҳрванди Тоҷикистон дар Олмон барои терроризм маҳкум шуда буд. Додгоҳи Олмон шаҳрванди Тоҷикистонро ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Зодаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Олмон як бахши гурӯҳи террористии ДИИШ-ро таъсис дод. Номбурда ба шариконаш кӯмакҳои молиявӣ мерасонд ва тасмим дошт дар Аврупо ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳад.

19
Барчаспҳо:
тоҷикистониён дар сафи ҷангҷӯён, ДИИШ, зиндон, террористӣ, Русия
Руки в наручниках, архивное фото

Фатоев боз боздошт шуд: пулро гирифту замин надод

354
(Таҷдидшуда 17:42 01.03.2021)
Вазортаи умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини ноҳияи Вахш хабар медиҳад, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 1 март - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, пулис дар асоси аризаи сокинони дигари ноҳияи Вахш Фатоев Пардахони 49 соларо боздошт кардааст.

Манбаъ мегӯяд, Фатоев Пардахон бо роҳи фиреб, ки гӯё ба ин нафарон замин барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ҷудо карда медиҳад, аз ӯ маблағ гирифтааст.

Гуфта мешавад, пеш низ 5 маротиба бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо истифода аз боварӣ ва эътимоди мардум дар якчанд ҳолат даст ба ҷиноятҳои қаллобӣ зада, маблағҳои пулии шаҳрвандонро азони худ кардааст, мегӯяд манбаъ.

“Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ ба маблағи 20 000 сомонӣ ба шаҳрвандон зарар расонидааст”,-афзудааст манбаъ.

Қаллобӣ бо кӯмаки собиқ раиси идораи замин: 13 ҳазор доллари корафтодаро азхуд карданд

ВУД мегӯяд, айни замон нисбати Фатоев Пардахон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Вахш бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.

354
Барчаспҳо:
қаллоб, боздошт, замин, Вахш, Тоҷикистон