Скорая помощь в Душанбе

Дар мошини Ёрии таъҷилӣ ҷон дод: Зиёдаи 65-сола дар Душанбе зери чархи боркаш афтод

1581
(Таҷдидшуда 20:32 03.02.2021)
Зани 65-солае дар Душанбе дар пайи садамаи як худрави боркаш ба ҳалокат расидааст. Ҷабрдида дар мошини ёрии таъҷилӣ дар роҳ ба беморхона ҷон додааст

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон менависад, ҳодисаи мазкур субҳи дувуми феврал дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе рух додааст.

Дар натиҷаи садама, мутаассифона, зани 65-сола, сокини шаҳри Душанбк ҳалок шудааст.

Тавре манбаъ қайд мекунад, ронандае, ки 38 сол доштаву сокини ноҳияи Данғара будааст, аз ӯҳдаи идораи мошини боркаш набаромад.

Садама дар Анзоб: мошин чаппа шуду як нафар ҳалок гашт

"Самариддин Исуфалиев ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт ба самти кӯчаи Кари Манн, дар ҳудуди кӯчаи М. Маҳмадалиев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт, автомашинаи боркашии тамғаи "Шанхи" набаромада, пиёдагард Довудова Зиёдаи 65-соларо пахш кардааст", - менависад ВКД.

Таъкид мешавад, ки барои наҷоти ҷароҳатбардошта мошини Ёрии таъҷилӣ ҳозир шуда, вале мутаассифона зан дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст.

ВКД мегӯяд, тафтиши ҳодиса идома дорад.

1581
Барчаспҳо:
ҳалокат, зан, Душанбе, садама, Тоҷикистон
Девушка в наручниках, архивное фото

Дар Хуҷанд зани 51-сола маъшуқи ҷавонашро корд зад

635
Занро феълан дастгир кардаанд. Марди маҷрӯҳ дар беморхона бистарӣ шудааст ва тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Дар Хуҷанд як занро бо гумони кордкашӣ дасгир кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 51-солаи сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд", - омадааст дар гузориши манбаъ.

Тавре дафтари матбуотии ВКД менависад, ҳодиса ҳанӯз 12 феврал тақрибан соатҳои 10:30 субҳ рух додааст.

Гуфта мешавад, зани гумонбаршаванда дар хонаи муваққатан истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамзисташ марди 39-солаи сокини ҳамон ҷо, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол кардааст.

Сипас бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба қафаси синааш задаст.

"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - менависад ВКД Тоҷикистон.

Сарзаниши падар: донишҷӯ сабаби ба декан корд кашиданашро гуфтааст

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

635
Барчаспҳо:
корд, Хуҷанд
Молоток судьи в зале суда

Акбар Холиқзода, додраси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров куҷо фирор кард?

1938
(Таҷдидшуда 13:34 24.02.2021)
Нисбати ӯ, ҳоло кофтукови ҷиноӣ эълон шудааст. Акбар Холиқзода аллакай дувумин намояндаи мақомот аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, ки баъди дастгир шудан, фирор мекунад

 ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Акбар Холиқзода, судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба порагирӣ муттаҳам дониста мешавад барои бозпурсӣ ба суд ҳозир нашуда, фирор кардааст. Нисбати ӯ, ҳоло кофтукови ҷиноӣ эълон шудааст.

"Ҳолати порагирии Акбар Холиқзода, судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошкор шудааст", - гуфт Аваззода Шараф Тавар, сардори Ожонси мубориза бо коррупсия дар Суғд, зимни нишасти матбуотӣ.

Ба қавли вай, бар асоси ёфт шудани далелҳои шайъӣ нисбати Холиқзода парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 319 (гирифтани пора) оғоз ва нисбаташ айб эълон шуд, аммо дар баррасии додгоҳӣ ӯ ҳозир нашудааст.

“Аз ҷониби кормандони Раёсат соли ҷорӣ Акбар Холиқзода, ҳангоми гирифтани пора дастгир гардида, далелҳои шайъӣ аз ҷойи ҳодиса гирифта шуд. Ӯ ба суд ҳозир нашуда, фирор кардааст. Айни ҳол нисбати Холиқзода кофтуков эълон шудааст”, - зикр кард сардори Идораи мубориза бо фасод.

Акбар Холиқзода, сокини 40 солаи шаҳри Бӯстон гуфта мешавад, ки дар пайи ошкор шудани порахурӣ моҳи ноябри соли 2020 бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барканор шуд.

Дар Тоҷикистон таъйин ва барканории судяҳо тибқи фармони Президент сурат мегирад.

Акбар Холиқзода баъд аз Абдусамад Маннонзода, раиси собиқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дуюмин нафари мансабдор дар ин ноҳияи ба ҳисоб меравад, ки баъди нисбаташон оғоз шудани парвандаи порагирӣ ба суд ҳозир нашуда, балки фирор кардаанд.

Абдусамад Маннонзода давоми солҳои 2013-2015, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.

Соли 2016 аз сӯи Раёсати Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд, бар асоси моддаи 319 қисми 4 банди “г” и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани пора ба миқдори калон парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда гуфта буд, ки Маннонзода дар вақти раиси ноҳия буданаш барои ҷудо намудани замин ба хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ дар маҷмӯъ 140 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтааст.

Аз фирори Маннонзода то ҳабси Иноятзода: парвандаи собиқ раисони ноҳияҳои Суғду Хатлон 

Баъди эълони айб нисбаташ, ин собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба суд ҳозир нашуда фирор кард ва то ин ҷониб дар куҷо ғайб задани ӯ маълум нест.

Мақомот се соли пеш дар бораи дар кофтуков қарор доштани ӯ, эълон карда буданд.

1938
Барчаспҳо:
парванда, фирор, суд
Горы в  Таджикистане, архивное фото

Қарорҳои Ҳукумат барои тағйири номҳо: аз номи нави фурудгоҳи Хоруғ то қуллаи Боми Ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 22:03 28.02.2021)
Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як қатор қарорҳо пешниҳоди вакилони маҳаллиро барои тағйири номи муассисаҳо ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар ВМКБ ҷонибдорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи номгузориҳои ҷадид зимни Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ қироат карда шуданд.

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи собиқ сардори фурудгоҳи мазкур, корманди шоистаи авиатсия ва нақлиёти ҷумҳурӣ, Махсутшоев Дилдорбек гузошта шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошимро дар бораи тағйир додани номи қуллаи Комсомоли Украина ҷонибдорӣ намудааст. Номи нави ин қулла Боми Ҷаҳон мебошад.

Инчунин Ҳукумат қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузорӣ намудани мактаби №39-и деҳаи Пастироҳи ноҳияи Дарвоз ба номи Сафаров Сафар ва мактаби № 23 –и деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз ба номи Исломов Садриддинро тасдиқ кардааст.

Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар бораи номгузориҳои ҷадид қарорҳои дахлдорро қабул намудааст.

0
Барчаспҳо:
Хоруғ, фурудгоҳ, Тоҷикистон