Дона Набиевро намешиносем: омбудсмени Тоҷикистон дар бораи зиндони пирамард

© Sputnik / Sputnik / Амир ИсаевПресс-конференция Уполномоченного по правам человека в Таджикистане
Пресс-конференция Уполномоченного по правам человека в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2021
Обуна шудан
Рӯзноманигорон аз ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон оид ба қазияи зиндони як пирамарди 81-сола пурсон шуданд, аммо ғайр аз он ки мо ӯро намешиносем, қариб ки дигар посухе нагирифтанд
ДУШАНБЕ, 4 фев – Sputnik. Омбудсмени тоҷик Умед Бобозода дар бораи саволҳои пай дар пайи рӯзноманигорон дар рафти нишасти матбуотӣ оид ба қазияи зиндони як пирамарди тоҷик Дона Набиеви 81-сола гуфт, "ӯро намешиносад".
Саволи намояндагони расонаҳо дар бораи он буд, ки то куҷо қазияи пирамард ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон рост меояд, аммо посухи ваколатдор ва муовинаш хело норӯшан садо медод.
Пас аз такрор шудани ин суол аз ҷониби чанд расона, онҳо саранҷом гуфтанд, ки "одатан пас аз муроҷиати нафаре ба таҳқиқи қазия шурӯъ мекунанд, Дона Набиев бошад ба онҳо муроҷиате накардааст".
"Набиеве, ки шумо мегӯед, ба мо муроҷиат накардааст. Ман ростӣ гап, ҳозир аз ҳамкоронам пурсидам, ки кист вай иттилое надорам ва чизе гуфта намедонам", - қайд кард Бобозода.
Дар ҳамин ҳол, омбудсмени  тоҷик гуфт, ки дар мавриди шиканҷа дар соли 2020 ба онҳо ҳафт муроҷиат шуда буд, ки аз он як ҳолати муносибатҳои ғайриқонунӣ тасдиқ шуд ва онҳо барои баррасии он ба мақомоти дахлдор муроҷиат карданд.
ციხე - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2021
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар аз Тоҷикистон хост Дона Набиевро озод кунад
Ёдрас мешавем, авалҳои моҳи январ хабар дода шуд, ки Дона Набиеви 81-соларо ба 7 соли зиндон маҳкум гардид.
Дар ҳамин ҳол Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздошту ҳабси Набиев Донаи 81-соларо шарҳ дод, ки бо фаъолияти экстремистӣ муттаҳам мешуд
Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Набиев Дона зодаи ноҳияи Файзобод, истиқоматкунандаи деҳаи Гулбуттаи ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин 27 августи соли 2020 аз ҷониби мақомоти ВКД боздошт гардид.
Манбаъ мегӯяд, баъди анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ, аз тарафи Суди ноҳияи Рудакӣ дар асоси моддаи 3073 қ. 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ба муддати 7 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Ин ниҳод гуфтааст, Набиев Дона дар куштори оммавии сокинони маҳаллии вилояти Хатлон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ даст дорад ва  дар сохтори собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ) ба ҳайси “қозӣ” фаъолият намуда, сокинони бегуноҳи ҷумҳуриро ба ҷазоҳои вазнинтарин, ҳатто то ҳукми қатл, маҳкум мекард.
Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 тамоми ҷиноятҳои содирнамудаи ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афв гардида буданд.
Додгоҳ Дона Набиеви 81-соларо 7 сол зиндон кард: ВКД шарҳ дод
Манбаъ мегӯяд, бо вуҷуди он, ки собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ 29-уми сентябри соли 2015 фаъолияташ расман манъ карда шуд, Набиев Дона маблағҳои пулии аз тарафи хадамоти махсуси давлатҳои муайян ҷудошударо, тариқи истифодаи масири интиқоли маблағҳо аз кишварҳои сеюм қабул намуда, онҳоро барои паҳнкунии ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард.
Ин ниҳод гуфтааст, зимни таҳқиқу тафтиши парванда далелҳои шайъӣ пурра тасдиқи худро ёфтанд ва мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳар як шаҳрванд, новобаста аз ҷинсият, синну сол (баъди расидан ба балоғат) дар назди қонун барои кирдорҳои ҷинояткоронааш тибқи ҷазои дар моддаҳои қисми махсуси ҳамин кодекс пешбинишуда ҷавоб мегӯяд.
Лентаи хабарҳо
0