Арест, архивное фото

Ҷавони тоҷикистонӣ, ки зани ҳомила ва хусурашро ваҳшиёна кушт, паси панҷара рафт

966
(Таҷдидшуда 19:00 05.02.2021)
Шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Перм зани ҳомила ва хусурашро кушт, бо қарори додгоҳи минтақа паси панҷара рафт

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дар Перм шаҳрванди Тоҷикистон ва Русия боздошт шудааст, ки дар куштори ҳамсар ва хусураш гунаҳкор мешавад, хабар медиҳад РИА Новости.

Ӯ дар куштори ду тан айбдор дониста мешавад ва ду моҳ дар боздоштгоҳ хоҳад буд.

Боздоштшуда 8 сол пеш аз Тоҷикистон ба Русия омадааст. Ӯ шаҳвранди ҳарду кишвар мебошад, вале дар додоҳ бо кумаки тарҷумон сухан гуфтааст.

Тибқи иттлои кумитаи тафтишотӣ, рӯзи 3 феврал дар кӯчаи Заостровкаи Перм ҷасади як мард ва дар яке аз ҳуҷраҳои бинои бисёрошёна ҷасади зани ҳомила дарёфт шудааст. Гумонбаршуда дарҳол аз ҷониби мақомот боздошт шуд.

"Пас аз муноқиша бо ҳамсараш, ӯ ду маротиба бо корд ба қафаси синаи ӯ задааст ва баъдтар ба падари ӯ бо истифодаи корд ҷароҳатҳои вазнин расонадааст ... Гунаҳкор будани Шосафаровро шоҳидон, аз ҷумла кормандони кофтукови ҷиноятӣ, ки дар наздикӣ зиндагӣ мекарданд, тасдиқ кардаанд", - гуфт дар мурофиа намояндаи прокуратура.

Куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳар бо 13 захми корд

Додситонӣ айбдоршавандаро аз тарси эҳтимоли фирор ва таҳдид ба ҳаёти шоҳидон, ки аз наздикони кушташуда буданд, ҳабс кард.

Худи айбдоршаванда, аз рӯи видеои нашршуда, гуфт, ки пеш аз куштор байни ӯ ва ҳамсараш муноқиша ба миён омад. Зан пешниҳод кардааст, ки "ба осонӣ" ӯро талоқ диҳад, то ба хонаи волидонаш баргардад ва исқоти ҳамл кунад. Сипас гумонбаршуда, ба қавли ӯ, кордро гирифта, ба қафаси синаи вай ду зарба зада, "сарашро гирифтааст".

Модарашро кушту 6 аъзои хонаводаашро заҳролуд кард: ҳукми Исломов эълон шуд

Пас аз ин, ӯ ба "хусураш" занг зада ба мулоқот даъват кардааст ва ҳангоми дидор ӯро низ куштааст.

966
Барчаспҳо:
куштор, ҳабс, ҷавони тоҷик, Перм

Дар болояш "палто" пӯшиду рафт: тафсилоти куштори кӯдак аз ҷониби зани бемор дар Душанбе

8584
(Таҷдидшуда 14:04 07.03.2021)
Хабари куштори кӯдаки 7-сола дар Душанбе сокинонро ба таҳлука андохтааст. Ҳамсояҳои марҳум дарвозаҳоро баставу фарзандонашонро ба кӯча намегузоранд

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ҳодисаи куштори як писараки синфи 1-уми мактаби рақами 50- и пойтахт Аҳмадҷон Абдураҳмонов дар кӯчаи Олег Кошевойи Душанбе рух додааст. Гумонбаршавандаи асосӣ, хешованди писарак, ҳамсари амаки падари кӯдак Муборак Абдураҳмоноваи 53-сола гуфта мешавад.

Зан рӯзи ҳодиса, писаракро ба хонааш даъват кардаву баъди чанд дақиқа аз манзил берун мешавад ва нопадид мегардад. Ҷасади писаракро аз хонаи зан пайдо мекунанд.

Хабар дар бораи ин ҳодиса, ки шоми дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, феълан аз ҷониби мақомот тавзеҳ дода нашудааст.

Ба Sputnik Тоиҷикистон даст дод, ки бо шоҳиди ҳодиса, яке аз аъзои хонавода, ки нахост номаш ифшо шавад, сӯҳбат кунад. 

Ба гуфтаи вай, рӯзи панҷум писарак пас аз дарс бояд ба хона бармегашт, аммо наомад. Пайвандонаш ӯро тӯли се соат, аз соати 14 то 17 ҷустуҷӯ карданд, ки бенатиҷа буд.

Дар ҳамин ҳол, баъди чанде ҷисми беҷони кӯдакро амаки падараш аз манзилаш пайдо кардааст. Зани мард писаракро ба хона дароварда бурдааст.

Ба гуфтаи узви хонаводаи марҳум , камераҳои мушоҳидавӣ сабт кардаанд, ки чигуна гумонбаршаванда, ҳамсоя ва хешованди хонавода Муборак Абдураҳмонова писаракро ба манзилаш медарорад ва баъди даҳ дақиқа худ берун шудаву меравад.

Ӯ меафзояд, ҳодиса пас аз зӯҳри 5 март, вақте Аҳмадҷони 7-сола аз мактаб бармегашт, рух дод.

Зани гумонбаршаванда, ки гуфта мешавад, бемории рӯҳӣ дошт, дар ҳамсоягии писараки марҳум ба сар мебурдааст.

"Зани амакам дар назди хона, ки мағоза доранд, савдо мекард. Ҳамон рӯз Аҳмадҷон вақте аз мактаб бармегашт, даъват мекунад. Ӯ давида ба назди зан мераваду дар як лаҳза ӯ кӯдакро ба дарун кашола карда медарорад, ин ҳама дар камераи мушоҳидавӣ ҳаст", - мегӯяд зан.

Амакам, ки ин вақт дар бозор будааст ба хона меояд ва дари мағозаву хонаро баста дида ба таҳлука медарояд, меафзояд ӯ.

"Амакам авал мағозаро мебинад, сипас ҳуҷраҳоро як як аз назорат мегузаронад, ки касе нест. Билохира ба ҳуҷрае ки дар даорун аст медарояд ва кӯдаки моро оғӯштаи хун пайдо мекунад", - меафзояд вай.

Ба гуфтаи духтарак, вақте ҷасади Аҳмадҷони 7-соларо пайдо каданд, бо шикам дар рӯи фарш хобонида шуда буд ва дар болояш палто пӯшида буд.

Расонаҳои иҷтимоӣ
Кӯдаке, ки аз сӯи зани бемори рӯҳие қатл шуд

Ба қавли ӯ, дар навор дида мешавад, ки ҳамагӣ пас аз 7 -10 дақиқа гумонбаршаванда аз манзил берун мешавад, дари мағоза ва дари хонаашроо қуфл мезанад ва меравад.

"Амаким пас аз дидани ин ҳодиса аз тарс падарамро фарёд мекунад. Падарам фикр мекунад, ки ба занаш чизе рух додааст, аммо вақте меравад, мебинад, ки ҷиянам дар даруни хун хобидааст. Ба сараш бо чизе задаанд, ки хуни зиёд рафтааст", - бо алам идома медиҳад вай.

Зани гумонбаршаванд то ҳол нопадид асту онҳо ба милиса хабар додаанд.

"Ҳамаи ҳамсояҳомон дарашон маҳкам баставу кӯдаконашонро ба берун намемонанд", - меафзояд вай.

Аммо ба қавли хонаводаи Аҳмадҷон, зани гумонбаршаванда бемрии рӯҳие надошт ва саломат буд.

"Бемор набуд. Ӯ баъди куштор либосҳояшро дигар кардаву либоси хунолудашро бо худ гирифтааст, магар инсони бемори рӯҳидошта чунин мекунад", - мегӯяд вай ва меафзояд, ки танҳо мехоҳанд, ки ин зан ба дигарон зарар нарасонад ва ба зудӣ дастгир шавад.

8584
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Ошкор шудани қаллобии марди 29 - сола: 66 ҳазор сомониро гирифту "Киа" нахарид

334
(Таҷдидшуда 19:06 04.03.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран аз ошкор шудани қаллобии марди 29- сола хабар медиҳад, ки мардеро фиреб карда 66 ҳазор сомониашро аз худ кардааст

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин мард сокини ноҳияи Рудакиро фиреб дода 66 ҳазор сомониашро аз худ кардааст.

Бино ба гузориши манбаъ, дар ин бора ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроиҷат кардааст.

Ба гуфти ӯ, ҳодиса моҳи августи соли 2020, дар ноҳияи И.Сомонӣ рух додааст.

Ӯ гуфтааст, ки ҳангоми дар назди маркази савдои "Рӯдакӣ Плаза" қарор доштанаш марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 66 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Мард ваъда додааст, ки бар ивази пулаш ба ӯ як худрави тамғаи "Киа" оварда медиҳад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳукми зиндони марди қазоқ барои дуздии 9 мошини хориҷии соҳибкори тоҷик-видео

Манбаъ афзудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

334
Барчаспҳо:
ҷиноят, ошкоршавӣ, ошкор, ВКДҶТ, Тоҷикистон
В учебной аудитории Кабульского политехнического института

Фаъолияти донишгоҳҳои Афғонистон аз сар гирифта шуд

0
(Таҷдидшуда 00:17 08.03.2021)
Пас аз се моҳ таътилӣ ба хотири маҳдудиятҳои ворид шуда ба хотири паҳншавии вируси корона донишгоҳҳои Афғонистон дубора дарҳои худро барои донишҷӯён боз карданд

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Дарсҳои ҳузурии донишгоҳҳои Афғонистон пас аз се моҳ таътилӣ ба далели маҳдӯдиятҳои коронаӣ, ахиран аз сар гирифта шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Парстудей”, вазорати омӯзиши олии Афғонистон ахиран эълом кард, ҳамаи донишгоҳҳои давлатӣ ва ғайридавлатии ин кишвар бояд дар муддати як моҳ, дарсҳои гузаштаи тирамоҳи имсолро ба поён бирасонанд.

Коронавирус дар Афғонистон: мақомот маҳдудиятҳоро дар Кобул тамдид кард

Бар асоси мусаввабаи вазорати омӯзиши олии Афғонистон, қарор аст, давраи баҳории донишгоҳҳои ин кишвар 10 майи 2021 оғоз шавад.

Дар замони таътилии донишгоҳҳо ба далели мушкилоти зерсохтӣ дар Афғонистон хабаре аз тадриси маҷозӣ набуд.

Даҳҳо корманди дастгоҳи раисҷумҳури Афғонистон гирифтори коронавирус шудаанд

Токунӯн ҳудӯди 56 ҳазор нафар дар Афғонистон ба вируси корона мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 450 нафар ҷон бохтанд.

0
Барчаспҳо:
таътил, донишҷӯён, донишгоҳ, вируси корона, вирус, Афғонистон