Наручники

Зани рус 11 шавҳарашро "зери хок" кард

718
(Таҷдидшуда 20:00 06.02.2021)
Дар Армавири Русия баррасии парванда оид ба аз худ кардани дороии мардони танҳо аз ҷониби занон ба анҷом расид

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Гурӯҳи занони ғоратгарро дар Кубани Русия боздошт карданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии вилояти Краснодар.

Тибқи тафтишот, зани 53-сола бо духтаронаш мардони муҷаррад (ва баъзан занҳо) -ро пайдо карда, ба эътимоди онҳо медаромадааст. Баъзан маълумотро дар бораи қурбониён шиносашон "бевазани сиёҳ", сокини 57-солаи Новокубанск, ки ба хариду фурӯши манзил машғул буд, пайдо мекард.

Нақшаи асосии қаллобашон чунин буд: гумонбаршуда бо ҷабрдидагон ақди никоҳ мебаст ва духтаронаш ҷабрдидагонро "коркард" намуда, онҳоро маҷбур карданд, ки хайрия, васиятнома ё ваколатнома барои фурӯхтани амволи худро супоранд.

Душанбе: ду ҷавон худро маъюб вонамуд карда, талбандагӣ мекарданд - акс

Гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша пулро дуздида, дар ниҳоят амволи ғайриманқулро дар шакли қитъаҳои замин, биноҳои истиқоматӣ ва манзилҳое, дар ҳудуди Армавир, Краснодар ва Сочиро ба даст оварданд. Ҳаҷми умумии "сарват" - и гурӯҳ аз 21,7 миллион рубл бештар аст.

Соҳибхоназанро бо амиаку розчин беҳуш карданд: боздошти се ғоратгар дар Ховалинг

Дар айни замон, 12 далели ҷиноятҳои аз ҷониби гурӯҳи ҷиноятӣ содиршуда муайян карда шудааст. 11 қурбонии "бевазани сиёҳ" дар солҳои 2013-2019 вафот карданд.

718
Барчаспҳо:
парвандаи ҷиноӣ, Русия, мард, зан
Преступник за решеткой

Исфандиёр барои ҷалби тоҷикистониён ба сафи ДИИШ 5,5 сол зиндон шуд

452
(Таҷдидшуда 15:08 02.03.2021)
Айбдоршуда ба 5 солу 6 моҳ маҳкум шуд ва барои адои ҷазо ба зиндони низомаш умумӣ интиқол ёфт

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Як шаҳрванди Осиёи Миёна дар шаҳри Санкт-Петербург барои кумак ба фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ба панҷу ним сол зиндон маҳкум ва барои адои ҷазо ба зиндони низомаш умумӣ равона шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Идораи минтақавии ФСБ-и Русия.

"Акрамов Исфандиёр дар тарғиби ду шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия барои сафар ба Сурия ба хотири иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар ҳайати созмони байналмилалии террористии “Давлати исломӣ” (мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) гунаҳгор дониста шуд", - омадааст дар иттилоия.

Айбдоршаванда ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Номбурда дар зиндони низомаш умумӣ адои ҷазо хоҳад кард.

Ҳукм аз ҷониби додгоҳи сайёри ҳавзаи низомии дувуми Ғарбии Русия содир карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш як шаҳрванди Тоҷикистон дар Олмон барои терроризм маҳкум шуда буд. Додгоҳи Олмон шаҳрванди Тоҷикистонро ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Зодаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Олмон як бахши гурӯҳи террористии ДИИШ-ро таъсис дод. Номбурда ба шариконаш кӯмакҳои молиявӣ мерасонд ва тасмим дошт дар Аврупо ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳад.

452
Барчаспҳо:
тоҷикистониён дар сафи ҷангҷӯён, ДИИШ, зиндон, террористӣ, Русия
Руки в наручниках, архивное фото

Фатоев боз боздошт шуд: пулро гирифту замин надод

363
(Таҷдидшуда 17:42 01.03.2021)
Вазортаи умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини ноҳияи Вахш хабар медиҳад, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 1 март - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, пулис дар асоси аризаи сокинони дигари ноҳияи Вахш Фатоев Пардахони 49 соларо боздошт кардааст.

Манбаъ мегӯяд, Фатоев Пардахон бо роҳи фиреб, ки гӯё ба ин нафарон замин барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ҷудо карда медиҳад, аз ӯ маблағ гирифтааст.

Гуфта мешавад, пеш низ 5 маротиба бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо истифода аз боварӣ ва эътимоди мардум дар якчанд ҳолат даст ба ҷиноятҳои қаллобӣ зада, маблағҳои пулии шаҳрвандонро азони худ кардааст, мегӯяд манбаъ.

“Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ ба маблағи 20 000 сомонӣ ба шаҳрвандон зарар расонидааст”,-афзудааст манбаъ.

Қаллобӣ бо кӯмаки собиқ раиси идораи замин: 13 ҳазор доллари корафтодаро азхуд карданд

ВУД мегӯяд, айни замон нисбати Фатоев Пардахон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Вахш бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.

363
Барчаспҳо:
қаллоб, боздошт, замин, Вахш, Тоҷикистон
Акция по выдаче питания лицам без определенного места жительства

Нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфт

0
(Таҷдидшуда 20:31 02.03.2021)
Коршиносони байналмилалӣ ахиран эълон доштанд, ки қиммати ҷаҳонии ғизо ба болотарин сатҳ дар 6 соли гузашта расидааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нархи ҷаҳонии ғизо таҳти таъсири афзоиши ҳазинаи маводи ғизоӣ ба болотарин сатҳ дар беш аз 6 соли гузашта расидааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей" дар истинод ба гузориши шабакаи хабарии "Bloomberg".

Ба гузориши "Bloomberg", ҳамзамон қиммати колоҳои аслӣ афзоиш ёфта ва қимати ҷаҳонии маводи ғизоиро ба болотарин сатҳ дар шаш соли гузашта дар январи 2021 расондааст.

Бо тавваҷуҳ ба таъсири ҳамагирии корона дар раванди рушди иқтисодӣ, нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфтааст.

“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021

Ин шабакаи хабарӣ бо ишора ба афзоиши 30 то 61 дарсадии қимати ғизо дар кишварҳои мухталиф навишт, ки бозорҳои навзуҳӯр, фишори ношӣ аз афзоиши баҳои маводи хомро эҳсос мекунанд, зеро афзоиши қимати колоҳое ҳамчун нафт, мис ва ғаллот болотар аз ҳадди интизор будааст.

0
Барчаспҳо:
боло, қиммат шудан, ғизо, байналмилалӣ, ҷаҳон