ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Сулаймон Султонзода роҳбари Ожонси зидди фасод, имрӯз дар нишасти матбуотӣ аз қонуншикании худи намояндагони сохторҳои давлатӣ гуфт.
Ҳабси 4 корманди “Амонатбонк” барои тасарруфи миллионҳо сомон пули шиносномаҳои хориҷӣ
Аз ҷумла, ӯ аз қаллобии як масъули Шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар дод.
Ба иттилои роҳбари Ожонси зидди фасод, номбурда Нарзуллоев буда, ба ҳайси Сардори шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ давоми солҳои 2017 - 19 фаъолият намудааст.
Зикр гардид, ки Нарзуллоев дар давраи роҳбари шӯъбаи мазкур будан, дар 42 ҳолат ба нақзи қонун даст задааст.
"Ӯ ба номи собиқ кормандон расидҳои пулгириро тартиб дода, тавассути бонкҳо 371 ҳазор сомонӣ маблағҳои нақдиро азхуд намудааст", - тавзеҳ дод Султонзода.
Роҳбари Ожонси зидди фасод мегӯяд, нисбати собиқ роҳбари Шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Сино тибқи моддаи 245 қисми 4 банди "б" парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардидааст.
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин мард сокини ноҳияи Рудакиро фиреб дода 66 ҳазор сомониашро аз худ кардааст.
Бино ба гузориши манбаъ, дар ин бора ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроиҷат кардааст.
Ба гуфти ӯ, ҳодиса моҳи августи соли 2020, дар ноҳияи И.Сомонӣ рух додааст.
Ӯ гуфтааст, ки ҳангоми дар назди маркази савдои "Рӯдакӣ Плаза" қарор доштанаш марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 66 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Мард ваъда додааст, ки бар ивази пулаш ба ӯ як худрави тамғаи "Киа" оварда медиҳад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳукми зиндони марди қазоқ барои дуздии 9 мошини хориҷии соҳибкори тоҷик-видео
Манбаъ афзудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
ДУШАНБЕ, 3 март - Sputnik. Мақомоти тафтишотии Санкт-Петербург як шаҳрванди Тоҷикистонро барои кумак ба фаъолияти як созмони террористӣ айбдор мекунад, хабар медиҳад 78.ru бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Маълум шуда, ки зодаи Тоҷикистон О.Соатов ҷонибдори ҳаракати радикалӣ будааст.
Муҳоҷири меҳнатӣ ба ҳамватани худ А.Тошев дар масъалаи интиқолаш ба Сурия кумак кардааст.
Маълум шуда, ки Тошев ба созмони террористие, ки дар ҷангҳои Сурия алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ иштирок мекунад, пайвастанӣ буд.
Ҳамин тариқ, Соатов дар ҷамъоварии маблағ барои як ҳамхидматаш кумак кард, ки бо он маблағ Тошев бояд билети ҳавопаймо мехарид.
Ғайр аз он, шахси боздоштшуда бо як корфармои як созмони террористӣ робитаи пинҳонӣ пешниҳод кардааст, то дар сурати боздошти Тошев осори иртиботи мустақим намонад.
Маълум мешавад, ки худи Тошев моҳи сентябри соли 2020 дар яке аз фурудгоҳҳои Маскав ҳангоми кӯшиши парвоз ба Туркия барои сафари минбаъда ба Сурия боздошт шудааст.
Нисбати ин мард барои ширкат дар фаъолияти як созмони террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ва танҳо баъдтар, мақомоти тафтишот шарики ӯро муайян карданд ва Соатовро низ дар Санкт-Петербург боздошт кардаанд. Ҳамин гуна парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ низ боз шудааст.
Тафсилоти нав дар қазияи муҳоҷире, ки зани ҳомила ва хусурашро кушт: қарздор буд
Ҳоло додгоҳи ноҳияи Невскийи Санкт-Петербург Соатовро ба мӯҳлати ду моҳ ҳабс кардааст.
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов қасд дорад ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад, гуфт вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Руслан Казакбоев дар як нишасти матбуотӣ.
Зимни суханронӣ дар брифинг роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи сафарҳои ояндаи байналмилалии сарвари давлат сухан гуфт.
"Президент ният дорад сафари навбатии худро ба Ӯзбекистон анҷом диҳад. Тахминан рӯзҳои 11-12 март", - гуфт сарвари вазорати корҳои хориҷӣ.
Ба гуфтаи Казакбоев, Ҷабборов инчунин қасд дорад ба кишварҳои ҳамсоя - Чин, Тоҷикистон ва Туркманистон сафар кунад.
Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод
Хотиррасон мекунем, ки қаблан Президент ба Русия ва Қазоқистон ташриф оварда буд.
Дар Маскав вай бо Владимиров Путин мулоқот кард. Ҷабборов ба ҳамтои руси худ тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро тақдим кард.