Рынок в Душанбе Корвон

Як тиллофурӯши бозори "Корвон"-ро дар Рӯзи ошиқон ғорат карданд

1002
Савдогари бозори "Корвон" ба мақомоти милиса шикоят бурдааст, ки дар нуқтаи савдои тиллифурӯшиаш касе даст ба дуздӣ задааст

ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Як тиллофурӯши бозори "Корвон"-оро ғорат карданд, гузориш медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ба шӯъбаи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст.

Ба гуфтаи вай, ки 14-уми феврали соли 2021, тахминан соати 14:40-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз нуқтаи савдоаш, воқеъ дар бозори "Корвон", 1-адад ҷуфти ҷавоҳироти тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

"Зарари расонидашуда 7 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад", - тавзеҳ додааст савдогар.

Милисаҳо ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карданд.

Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардид.

Номбурда, 17-уми феврали соли 2021, тахминан соати 10:40-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 28-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз дохили ҷузвдон 1-адад гарданбанди тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

10 марду 1 зан: пулис аксу навори 11 ронандаи қонуншикан дар роҳи "Корвон" -ро нашр кард

Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

1002
Барчаспҳо:
қарз, куштор, ВКД, Тоҷикистон

Дар болояш "палто" пӯшиду рафт: тафсилоти куштори кӯдак аз ҷониби зани бемор дар Душанбе

8720
(Таҷдидшуда 14:04 07.03.2021)
Хабари куштори кӯдаки 7-сола дар Душанбе сокинонро ба таҳлука андохтааст. Ҳамсояҳои марҳум дарвозаҳоро баставу фарзандонашонро ба кӯча намегузоранд

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ҳодисаи куштори як писараки синфи 1-уми мактаби рақами 50- и пойтахт Аҳмадҷон Абдураҳмонов дар кӯчаи Олег Кошевойи Душанбе рух додааст. Гумонбаршавандаи асосӣ, хешованди писарак, ҳамсари амаки падари кӯдак Муборак Абдураҳмоноваи 53-сола гуфта мешавад.

Зан рӯзи ҳодиса, писаракро ба хонааш даъват кардаву баъди чанд дақиқа аз манзил берун мешавад ва нопадид мегардад. Ҷасади писаракро аз хонаи зан пайдо мекунанд.

Хабар дар бораи ин ҳодиса, ки шоми дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, феълан аз ҷониби мақомот тавзеҳ дода нашудааст.

Ба Sputnik Тоиҷикистон даст дод, ки бо шоҳиди ҳодиса, яке аз аъзои хонавода, ки нахост номаш ифшо шавад, сӯҳбат кунад. 

Ба гуфтаи вай, рӯзи панҷум писарак пас аз дарс бояд ба хона бармегашт, аммо наомад. Пайвандонаш ӯро тӯли се соат, аз соати 14 то 17 ҷустуҷӯ карданд, ки бенатиҷа буд.

Дар ҳамин ҳол, баъди чанде ҷисми беҷони кӯдакро амаки падараш аз манзилаш пайдо кардааст. Зани мард писаракро ба хона дароварда бурдааст.

Ба гуфтаи узви хонаводаи марҳум , камераҳои мушоҳидавӣ сабт кардаанд, ки чигуна гумонбаршаванда, ҳамсоя ва хешованди хонавода Муборак Абдураҳмонова писаракро ба манзилаш медарорад ва баъди даҳ дақиқа худ берун шудаву меравад.

Ӯ меафзояд, ҳодиса пас аз зӯҳри 5 март, вақте Аҳмадҷони 7-сола аз мактаб бармегашт, рух дод.

Зани гумонбаршаванда, ки гуфта мешавад, бемории рӯҳӣ дошт, дар ҳамсоягии писараки марҳум ба сар мебурдааст.

"Зани амакам дар назди хона, ки мағоза доранд, савдо мекард. Ҳамон рӯз Аҳмадҷон вақте аз мактаб бармегашт, даъват мекунад. Ӯ давида ба назди зан мераваду дар як лаҳза ӯ кӯдакро ба дарун кашола карда медарорад, ин ҳама дар камераи мушоҳидавӣ ҳаст", - мегӯяд зан.

Амакам, ки ин вақт дар бозор будааст ба хона меояд ва дари мағозаву хонаро баста дида ба таҳлука медарояд, меафзояд ӯ.

"Амакам авал мағозаро мебинад, сипас ҳуҷраҳоро як як аз назорат мегузаронад, ки касе нест. Билохира ба ҳуҷрае ки дар даорун аст медарояд ва кӯдаки моро оғӯштаи хун пайдо мекунад", - меафзояд вай.

Ба гуфтаи духтарак, вақте ҷасади Аҳмадҷони 7-соларо пайдо каданд, бо шикам дар рӯи фарш хобонида шуда буд ва дар болояш палто пӯшида буд.

Расонаҳои иҷтимоӣ
Кӯдаке, ки аз сӯи зани бемори рӯҳие қатл шуд

Ба қавли ӯ, дар навор дида мешавад, ки ҳамагӣ пас аз 7 -10 дақиқа гумонбаршаванда аз манзил берун мешавад, дари мағоза ва дари хонаашроо қуфл мезанад ва меравад.

"Амаким пас аз дидани ин ҳодиса аз тарс падарамро фарёд мекунад. Падарам фикр мекунад, ки ба занаш чизе рух додааст, аммо вақте меравад, мебинад, ки ҷиянам дар даруни хун хобидааст. Ба сараш бо чизе задаанд, ки хуни зиёд рафтааст", - бо алам идома медиҳад вай.

Зани гумонбаршаванд то ҳол нопадид асту онҳо ба милиса хабар додаанд.

"Ҳамаи ҳамсояҳомон дарашон маҳкам баставу кӯдаконашонро ба берун намемонанд", - меафзояд вай.

Аммо ба қавли хонаводаи Аҳмадҷон, зани гумонбаршаванда бемрии рӯҳие надошт ва саломат буд.

"Бемор набуд. Ӯ баъди куштор либосҳояшро дигар кардаву либоси хунолудашро бо худ гирифтааст, магар инсони бемори рӯҳидошта чунин мекунад", - мегӯяд вай ва меафзояд, ки танҳо мехоҳанд, ки ин зан ба дигарон зарар нарасонад ва ба зудӣ дастгир шавад.

8720
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Ошкор шудани қаллобии марди 29 - сола: 66 ҳазор сомониро гирифту "Киа" нахарид

334
(Таҷдидшуда 19:06 04.03.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран аз ошкор шудани қаллобии марди 29- сола хабар медиҳад, ки мардеро фиреб карда 66 ҳазор сомониашро аз худ кардааст

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин мард сокини ноҳияи Рудакиро фиреб дода 66 ҳазор сомониашро аз худ кардааст.

Бино ба гузориши манбаъ, дар ин бора ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроиҷат кардааст.

Ба гуфти ӯ, ҳодиса моҳи августи соли 2020, дар ноҳияи И.Сомонӣ рух додааст.

Ӯ гуфтааст, ки ҳангоми дар назди маркази савдои "Рӯдакӣ Плаза" қарор доштанаш марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 66 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Мард ваъда додааст, ки бар ивази пулаш ба ӯ як худрави тамғаи "Киа" оварда медиҳад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳукми зиндони марди қазоқ барои дуздии 9 мошини хориҷии соҳибкори тоҷик-видео

Манбаъ афзудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

334
Барчаспҳо:
ҷиноят, ошкоршавӣ, ошкор, ВКДҶТ, Тоҷикистон
Кохир Расулзода, архивное фото

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон 60 сола шуд: таҷлили зодрӯз дар рӯзи модар

59
(Таҷдидшуда 11:13 08.03.2021)
Имрӯз Қоҳир Расулзода, сарвазир ва яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар сиёсати Тоҷикистон зодрӯз дорад. Ӯ ба синни 61 солагӣ қадам гузошт

ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik. Имрӯз 8-уми март нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зодрӯз дорад.

Қоҳир Расулзода 8 марти соли соли 1961, дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.

Ӯ, соли 1982 Институти кишоварзии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) ро бо ихтисоси “муҳандис-гидротехник” хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиро ба сифати техник дар санҷишгоҳи сохтмонии иттиҳодияи “Тоҷикирсовхозстрой” дар соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намудааст.

Баъдан дар вазифаҳои муҳандиси шуъбаи истеҳсолӣ, сармуҳандис, сардори КСМ-4, сардори иттиҳодияи “Тоҷикирсовхозстрой” (шаҳри Хуҷанд) фаъолият доштааст. Аз январи соли 2000 то декабри соли 2006 Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз 27 феврали соли 2007 то 2013 – Раиси вилояти Суғд таъин карда шуд. Назиров Абдуқоҳир Абдурасулович аз аввалин мансабдороне шумурда мешавад, ки дар пайравӣ ба Президент Эмомали Раҳмон, соли 2007 ном ва насабшаро тоҷикӣ-миллӣ Қоҳир Расулзода кард.

Бо фармони президенти Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ дорои унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” буда, бо медали ҷашни “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон” сарфароз гардидааст.

Қоҳир Расулзода оиладор аст. Ҳамсари Расулзода Иқболой Нозирова мебошад.  Нахуствазири Тоҷикистон соҳиби ду духтар Меҳрангез ва Фарангиз ва як писар Абдурасул аст

Меҳрангез дар озодагиву пухтупаз ҳамто надорад, ба иборае хонаи ӯро бемуболиға ҷойи ҷарроҳӣ метавон истифода кард. Фарангис бошад, забоншиносу тароҳи муд аст.

59
Барчаспҳо:
таҷлил, сарвазир, Тоҷикистон, зодрӯз, Қоҳир Расулзода